ШИНОСОӢ ВА БАРРАСИИ ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО
 
5 апрели соли 2024 мулоқоти директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Убайдулло Насрулло Каримзода бо сафири навтаъини Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо директори Институт Убайдулло Н. К. ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронсаро дар самти таҳқиқоти илмии муштарак, махсусан дар равияи омӯзиши таърих ва бостоншиносӣ баррасӣ намуда, аз ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.
Хонум Элза Пинёл изҳор доштанд, ки Сафорати Фаронса бо муассисаҳои назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамеша ҳамкориҳои хуб дошт ва аз ҷониби худ омода аст, ки ин ҳамкориҳо вусъат дода шаванд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки бо инобати таҷрибаи хуби намоиши нигораҳои бостоншиносии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимей (соли 2021), мувофиқи матлаб мебуд, ки дар Фаронса намоиши нигораҳои мардумшиносии Тоҷикистон доир карда шавад.