ДАР ҲОШИЯИ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО  АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФ
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки ҳамоно ба ҳукми анъана даромада истодааст, саршор аз далелу санадҳои илмӣ буда, ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши густурдаи таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол, баррасии дастовардҳои замони истиқлол ва дурнамои рушди он сарчашмаи арзишманд маҳсуб меёбад.
Пешвои муаззами миллат зимни мулоқот бо аҳли илми мамлакат  натиҷаҳои мулоқоти қаблиро, ки ҳанӯз чор сол пеш сурат гирифта буд, инчунин «ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар» баррасӣ намуда, андешаҳои хешро дар мавриди ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ будани илмро иброз доштанд.
Президенти мамлакат дар мулоқоти навбатӣ низ ба тамоми соҳаҳои илм ва маорифи кишвар дахл карда, дастовардҳо ва камбудию дурнамои рушди онҳоро муайян намуданд, ки минбаъд ногузир мавриди таваҷҷуҳ ва таҳқиқоти алоҳидаи донишмандони соҳа қарор хоҳанд гирифт. Вале мо тасмим гирифтем, ки дар ин мақола масоили омода намудани кадрҳои ҷавони унвондорро, ки Сарвари давлат дар суханронии хеш таъкид намуданд, баррасӣ намоем.
Пешвои миллат зимни суханронии хеш зикр намуданд, ки «ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд». Дар қиёс ба даврони шуравӣ «шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст». Вале ба андешаи Сарвари давлат «ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд».
Президенти кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавонро аз рӯи баъзе ихтисосҳо ғайри қаноатбахш ҳисобида, «ба рушди бомароми соҳаи маориф ва дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ» доданро таъкид намуданд. Дар баробари ин, Сарвари давлат иброз доштанд, ки «дар ин самт якчанд омили нигаронкунанда вуҷуд дорад. Масалан, имрӯз дар баъзе соҳаҳои илм, бахусус, дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ кормандони калонсол аксариятро ташкил медиҳанд, ки аслан ин падидаи манфӣ нест», вале «мо шоҳиди дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ ҳастем». Сарвари давлат идома додани мактаби устоду шогирдро, ки дар таърихи халқи мо собиқаи тӯлонӣ дорад ва бо ин васила пайванди наслҳо ҳифз карда мешавад, зарур мешуморанд.
Пешвои муаззами миллат зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки «мо Комиссияи олии аттестатсионии миллии худро таъсис додем, то ки мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмиро бартараф намоем ва имконият фароҳам оварем, ки муҳаққиқони мо имкони ҳимояи диссертатсияҳои худро дар кишварамон дошта бошанд».
Дар воқеъ, чанд сол муқаддам Президенти кишвар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳадафи расидан ба истиқлоли илмиро пайгирӣ менамояд, таъсис доданд. Вале, мутаассифона, чанд сол боз ниҳоде, ки бояд истиқлоли илмии кишварро таъмин намояд, бештар бо мӯҷиби мушкилоти зиёди низомномавӣ ва бо сабаби камтарин камбудиҳои техникӣ диссертатсияҳоро бозпас мегардонд, ки ин ҳолат боиси норасоии кадрҳои унвондор дар ҷумҳурӣ мегардад. Дар ҳақиқат, дар ҷумҳурие, ки аҳолии он аз 5,5 млн нафари соли 1991 ба 10,3 млн нафар ва шумораи макотиби олӣ аз 13 ба 47 адад расидааст, теъдоди кадрҳои унвондор басанда нест. Ба андешаи мо, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он ҳамкориро бо Шуроҳои диссертатсионӣ қавӣ намуда, қавоиди зиёди низомномавиро, ки барои унвонҷӯ мушкилоти зиёд эҷод менамояд, камтар мекард ва бештар ба мазмуну муҳтавои диссертатсияҳо таваҷҷуҳ менамуд, боиси рушди илми тоҷик ва расидан ба истиқлоли комили илмӣ мегардид.
 
Сарходимони илмии Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Р. Абулҳаев, Ф. Абдурашитов.
Ходими калони илмии Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Ҷ. Мирзоев