10 апрели соли ҷорӣ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ бо иштироки намояндагони КОА ҷаласа доир гардид. 
   Дар он директори Институт н.и.т., дотсент Муродзода А.А. баромад намуда, қайд кард, ки бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон дар назди Институт Шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуд.
   Сипас, намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навбат ба сухан баромада, қайд намуданд, ки дар назди Институт Шурои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз руйи ихтисосҳои 6D020300 - Таърих (6D020301 - Таърихи ватанӣ, 6D020303 - Таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ) ва 6D020800 - Бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ (6D020802 - Мардумшиносӣ, этнология ва антропология), ҳамзамон барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих ва доктори илмҳои таърих аз рўйи ихтисоси 07.00.00 - Илмхои таърихӣ ва бостоншиносӣ (07.00.02 - Таърихи ватанӣ, 07.00.07 - Мардумшиносӣ, этнология ва антропология, 07.00. 09 - Таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ) дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академиям миллим илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
   Сипас, дар хусуси талабот ва қабули диссертатсияҳо, рафти ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузории онҳо сухан рафт.