15 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш мизи мудаввар дар мавзуи “Душанбе – таърих ва тамаддун” бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор гардид, ки дар он олимону кормандони Институт ширкат варзиданд. Сараввал мудири шуъбаи таърихи навтарири Институт доктори илмҳои таърих Абдурашитов Ф.М. дар мавзуи “Душанбе – таърих ва тамаддун” маърузаи худро ироа намуд. Зимнан қайд гардид, номи ин шаҳр аз номи рӯзи ҳафта гирифта шудааст, яъне дар ин ҷой рӯзҳои Душанбе бозор баргузор мегардид. Соли 1826 бошад номи пойтахти кунунии Тоҷикистон Душанбе – Қурғон буд. Ҳоло бошад Душанбе ҳамчун маркази илмӣ фарҳангии ҷумҳурӣ рӯз аз рӯз рушд ёфтаистодааст.
Маърузаи дигар аз ҷониби ходими калони шуъбаи таърихи навтарини Институт Неъматов И. шунида шуд. Дар маърӯза зикр гардид, ки дар нимаи якуми солҳои 30-ум аз рӯи лоиҳаи меъмор П.И. Ваулин дар Душанбе нахустин биноҳои дуошёна-Кумитаи Шӯрои халқ (рӯ ба рӯи бинои Ҳукумати шаҳр) ва Комиссариати халқии кишоварзӣ (ҳозира бинои Вазорати адлия) сохта шуд. Соли 1934 дар хиёбони ба номи академикон С. ва З. Раҷабовҳо (собиқ кӯчаи ба номи Кӯбышев) аввалин мактаби тоҷикии дуошёна сохта шуд, ки ҳоло дар ин бино Осорхонаи бостоншиносони Тоҷикистон ҷой гирифтааст.
Ҳамаи гуфтаҳои боло гувоҳи онанд, ки имрӯз Душанбе пойтахти комил, каъбаи дилҳо, ватани тоҷикони ҷаҳон ва шаҳри умеду ормонҳои мардуми тоҷик мебошад.