22 апрели соли 2025 ба ифтихори 1190-умин соли гиромидошти асосгузори мактаби классикии шеъру мусиқии замони Сомониён (819- 1005), устоди Рудакӣ, донишманд, суханвар Абулаббоси Бахтиёр (834-920) Симпозиуми байналмилалии илмии “Абулаббоси Бахтиёр ва анъанаҳои классикии фарҳанги замони Сомониён” аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ масоили зеринбаррасӣ гардиданд: Мероси фарҳанги классикии замони Сомониён ва нақши он дар ташаккули тафаккури миллӣ; Усул, равиши байнисоҳавӣ дар таҳқиқи мероси бадеии замони Сомониён; Диди нави таҳкиқӣ ба ҳерменевтикии мероси фарҳангии садаҳои 1Х-Х; Назари антропологӣ ба фарҳанги асрҳои 1Х-Х; Арзишҳои тамаддуни бостон ва бозтоби он дар замони Сосониён, Сомониён; Саҳми Сомониён дар эҳёи фарҳанги бостон; Арзишҳои ҷомиасозии митроизм, зурвонизм, зардуштия ҳамчун падидаҳои фарҳанги бостон; Нигоҳи нави таҳқиқӣ ба сохтори идории бонизоми ҳукумати марказонидашуда дар замони Сомониён; Сохтори ҳукумати созанда дар замони Исмоили Сомонӣ; Феномени таърихии Исмоили Сомонӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд.
Дар ибтидои Симпозиум Президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Дар рафти Симпозиум олимони шинохта Ю.Яқубов, К.Олимов, Ҳ.Камол, Ҳ.Султон, М.Саломиён, А.Раҷабов ва дигарон бо маърузаҳо и пурмуҳтаво баромад намуданд.
Инчунин сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва олимон аз хориҷи кишвар (ИМА, Фаронса, Канада, Ҳиндустон) тариқи маҷозӣ маърузаҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми Симпозиум ҳунармандон Исмоил Назриев ва Хуршед Иброҳимов бо сурудҳои ҷаззоби классикӣ табъи ҳозиринро болида гардонданд.