RU
Артиши миллӣ зодаи даврони Истиқлол
17-уми феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии илмӣ бахшида ба 33-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Артиши миллӣ зодаи даврони Истиқлол» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ директори Институт доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А., ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ Мирзоев Ш.Ҷ., мудирони шуъбаҳо ва кормандони шуъбаҳову осорхонаҳои Институт иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Институт, доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. оғоз гардид. Сипас, мудири шуъбаи таърихи навтарин, доктори илмҳои таърих Абдурашитов Ф.М. дар мавзуи «Ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», номзади илмҳои таърих Неъматов И. дар мавзуи «Артиши миллӣ зодаи даврони Истиқлол», номзади илмҳои таърих Ғафуров А.М. дар мавзуи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва номзади илмҳои таърих Акрамов М. дар мавзуи «Становление силовых структур Таджикистана в годы независимости (на примере Агентства по борьбе с незаконным оборотом наркотиков)» суханронӣ намуданд.
Баъдан, иштирокдорони семинар ба музокира баромада, маърӯзаҳои илмиро хеле таъсирбахш арзёбӣ намуданд.
Дар охири семинар директори Институт аз аҳаммияти Артиши миллӣ ва давраи ташаккули он дар аввали солҳои соҳибистиқлолии кишвар, инчунин нақши вижаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Артиши миллии тоҷикон суханронӣ намуд.
