Паёми табрикотии директори Иниститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор, УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА бахшида ба муносибати Соли нави мелодӣ – 2022
Устодони гиромӣ, ҳамкорон ва шогирдони азиз!
Фарорасии Соли нави мелодии 2022-ро бо мамнунияту шодмонӣ ба Шумо ва кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистон аз номи олимону кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию саодати рӯзгор, баракати умр, фараҳмандию сарбаландӣ ва дар фаъолияти ҳамарӯзаатон барору пешравиҳои бузургро таманно дорам.
Бояд хотирнишон созам, ки соли сипаришаванда, яъне соли 2021 дар таърихи кишвар, хотирмон аст, зеро мо, тоҷикон дар ин сол ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас дар ҳамбастагӣ ва ваҳдату якдилӣ ҷашн гирифтем. Њайати олимону профессорони институт низ дар радифи дигар мардуми сарбаланду накӯиқболи Тоҷикистон ба ифтихори ин ҷашни муҳташам ва таърихӣ корҳои зиёду мондагор ва арзишмандро ба сомон расониданд.
Тавре, ки ҳамаи Шумо огоҳии комил доред, чанд рӯз пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Тавре, ки дар он таъкид шудааст: «Ҳамватанони азизи мо хуб мушоҳида мекунанд, ки бо гузашти солҳо вазъи ҷаҳон мураккабу печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз ҳам ошкору шадид гардида истодаанд.
Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем.
Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем».
Бо фараҳмандӣ ва мамнунияти комил бори дигар ҳама – Шумо олимону профессорон ва кормандони арҷмандро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният мегӯям. Бигзор соли 2022 барои ҳамаи мо соли муваффақиятҳо, дастовардҳо ва фаровонии рисқу рӯзӣ гардад. Дар хонадони ҳар яки мо шодмонӣ ва садои ханда танинандоз бошад.
Соли наватон фархунда бод!