МАЪЛУМОТНОМА

    Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш (ИТБМ) яке аз муассисаҳои илмии бисёрсоҳаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, ба омӯзиши  масоили  мубрами таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ машғул мебошад. Институт аз соли 1951 то имрӯз дар омӯзиши таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷикон нақши бориз гузошта, асарҳои бунёдии олимони он аз тарафи мактабҳои сатҳи ҷаҳонии илми таърихшиносӣ пазируфта шудаанд. Мактаби таърихшиносии тоҷик дар минтақа дар ҳама марҳалаҳои таърихӣ пешсаф буд ва бо воқеънигорӣ ва таҳлилу тасвири ҳаводиси таърихӣ дар заминаи асосу далелҳои қавӣ аз дигар мактабҳо тафовути ҷиддиро соҳиб аст. Махсусан, таҳқиқотҳои олимони шинохта  устод С. Айнӣ, академикҳо Б. Ғафуров,  А. А. Семенов, З.Ш. Раҷабов, М.С. Андреев, Б. И. Искандаров, Б. А. Литвинский, А. М. Мухторов, Н. Н. Неъматов, В.А. Ранов, Р. М. Масов, Ю. Яқубов, Ҳ. Пирумшоев, Н. Ҳ. Нурҷонов, Р. Абулҳаев, Н.Б. Ҳотамов ва дигарон на танҳо дар кишвар, балки берун аз он таваҷҷуҳи аҳли илмро ба худ ҷалб кардаанд.

    Натиҷаи муҳими дастоварди илмӣ дар солҳои фаъолияти Институт нашри сеҷилдаи (дар панҷ китоб, солҳои 1962-1965) ва шашҷилдаи (1998-2013) «История таджикского народа» ва як қатор асарҳои бунёдӣ аз рӯйи   самтҳои гуногуни илми таърих мебошад.

Сохтори Институт аз 6 шуъба, 2 осорхона ва як китобхона иборат мебошад:

  • Шуъбаи таърихи навтарин
  • Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав
  • Шуъбаи этнология ва антропологияи таърихӣ
  • Шуъбаи бостоншиносӣ
  • Шуъбаи таърихи санъат
  • Шуъбаи таърихи илм
  • Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон
  • Осорхонаи мардумшиносии ба номи М. С. Андреев
  • Китобхонаи академик А. А. Семёнов.

    Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институт дар толорҳои худ бозёфтҳои нодири бостоншиносии дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар ним асри охир ёфтшударо гирдоварӣ кардааст. Ҳоло дар толорҳои Осорхона ашёҳои нодири аз объектҳои дар ҷаҳон машҳури Саразм, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, димнаи Панҷакент, Шаҳристон ва ғ. кашф шуда, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар соли 1981 дар назди Институт Осорхонаи мардумшиносӣ таъсис дода шуд, ки дар он арзишҳои таърихии давраҳои мухталиф ҷамъоварӣ шудаанд.

    Захираи китобхонаи А. Семёнов 8611 нусха китоб нигоҳ дошта мешавад, ки аз он 396 нусха китобҳои форсӣ ва арабӣ, аз ҷумла 112 дастнавис ва 284 чопи сангӣ (литография), 417 нусха китоб бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ мебошанд. Зиёда аз 3570 нусха китобҳои нодир ба асрҳои XVIII – XIX тааллуқ доранд, ки худи академик А.А. Семёнов онҳоро ҷамъоварӣ намудааст. Инчунин дар захираи китобхона маълумотномаҳо: энсиклопедияҳои унверсалию соҳавӣ, луғатҳо, солномаҳо, ҳисоботҳо ва ғайра маҳфуз мебошанд. Ба ғайр аз захираи китобҳо, дар китобхонаи мазкур фотокопияҳо, диафилмҳо, ҳуҷҷатҳои шахсии академик ва ҷиҳози дафтари кории ӯ (мизи корӣ, диван, кресло, курсӣ, трюмо, мошинкаи чопкунӣ, маводҳои хатнависии рӯимизӣ) нигоҳ дошта мешаванд.

    Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш бо Донишгоҳи давлатии Олтойи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, Институти экология, растаниҳо ва ҳайвоноти Шуъбаи Уралии АИР, Эрмитажи давлатии ФР, Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Институти археологии Шуъбаи Сибирии АИ ФР, Институти таъриху фарҳанги моддии АИР, Институти шарқшиносии АИР, Эрмитажи давлатии ФР ҳамкорӣ дорад.

    Ҳамзамон, Институт бо муассисаҳои кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла Институти К.М.Лерича Римаи Италия,  Ҷамъияти таҳқиқотии Осиё ва Аврупои Шветсария, Институти илмҳо дар бораи Замини Донишгоҳи Орхуси Шоҳигарии Дания, Донишгоҳи илмҳои хоҷагии қишлоқ ва сарватҳои табиии Гургони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Намояндагии бостоншиносии Ҷопон, Миссияи бостоншиносии Фаронса дар  ҷануби Тоҷикистон, Миссияи Фаронса оид ба таҳқиқи бостоншиносии Осиёи Марказӣ ва факултети география ва уқёнусшиносии  Донишгоҳи Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин  оид ба масоили таърихӣ, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамкории пайваста дорад.     

Муфассал>>