АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ А. ДОНИШ
мувофиқи “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар АМИТ барои соли 2023”, ки бо қарори расёсати АМИТ 09.01.2023 с, № 05, тасдиқ шудааст,
рӯзҳои 4 – 6 октябри соли 2023 таҳти унвони “Тахти Сангин - намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб” Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мекунад.
Дар Симпозиум масоили зерин баррасӣ мешаванд:
- Ҳафриёт ва стратиграфияи маъбади Вахш;
- Даврабандии Тахти Сангин ва масъалаи мансубияти Хазинаи Амударё ба маъбади Вахш;
- Равандҳои байнифарҳангӣ дар давраҳои ҳахоманишӣ, эллинӣ ва кушонӣ дар Бохтар ва Суғд;
- Парастишҳо, амалияи динӣ ва вижагиҳои маросимҳоии динӣ дар Бохтар ва Суғд;
- Хусусиятҳои меъморӣ ва услуби сохтмони монументалӣ дар Бохтар ва Суғди замони ҳахоманишӣ, эллинӣ ва кушонӣ;
- Нумизматика ва эпиграфикаи Бохтари Қадим;
- Санъат ва ҳунармандӣ дар Бохтар ва Суғди замони ҳахоманишӣ, эллинистӣ ва кушонӣ;
- Ҷуғрофияи таърихии Бохтар ва Суғд.
Дар аснои баргузории Симпозиум сафар ба Тахти Сангин дар назар аст.
Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки дар кори Симпозиуми байналмилалии илмӣ иштирок намоед.
Шаклҳои иштирок: мустақим ва ғайримустақим.
Забонҳои кории Симпозиум: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Нашри маводи Симпозиум ба нақша гирифта шудааст.
Муҳлати пешниҳод кардани мақолаҳо - то 1 июли соли 2023.
Талабот нисбати пешниҳоди мақола: фосилаи байни сатрҳо – 1,5; ҳуруф - Times New Roman; андозаи 14.
Дар болои саҳифаи аввал, аз марказ – Ному насаби муаллиф (ҳаммуаллифон) бо ҳуруфи нимғафс, дар дохили қавсҳо – номи шаҳр. Поёнтар номи мақола бо ҳарфҳои калони нимғафс. Сипас поёнтар бо партофтани як сатр матни асосӣ оғоз мешавад, ғафсии ҳарфҳо муқаррарӣ. Фосилаи саршавии абзатс аз ҷониби чап стандартӣ – 1,25. Матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ғалат орӣ (тоза) бошад.
Ҳаҷми мақола бояд аз 12 саҳифа зиёд набошад.
Фишурда ба забони англисӣ, аз 100 то 300 вожа.
Калидвожаҳо – то 10 калима.
Абстракт на англ. яз. – 150-300 слов
Тартибдиҳии истинодҳо: дар матн ба таври автоматӣ, рақамгузорӣ аз рӯи тартиби овардани матн ва дар охири мақола ҳамчун эзоҳ ҷойгир карда мешаванд.
Маълумот дар бораи муаллиф: ба маводи пешниҳодшаванда маълумот дар бораи муаллиф (ҳаммуаллифон) бояд замима гардонида шавад: Ному насаб (пурра); дараҷа ва унвони илмӣ; муассиса (мактаби олӣ, институти илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилот), вазифа, мавзӯи маърӯза, суроғаи хизматӣ (аз ҷумла индекс), телефони корӣ, суроғаи хона, телефони шахсӣ, е-mail. Шакли иштирок қайд карда мешавад: мустақим ё ғайримустақим.
Хароҷоти рафтуомад - аз ҳисоби иштирокчиёни Симпозиум. Истиқомат ва таоми иштирокчиён аз дигар шаҳрҳо – аз ҳисоби ҷониби даъваткунанда.
Пешниҳоди маводро дар намуди электронӣ ба е-mail –и тадорукот: takhtisangin@gmail.com
Гирифтани маълумот бо телефонҳои (+992): (37) 221 37 42; 227 25 54; (+992) 918 64 91 85 (Наргис Хоҷаева).
НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМ. А. ДОНИША
в соответствии с “Графиком проведения фестивалей, выставок, праздников, конкурсов традиций и народных ремесел, памятных дат и юбилеев в НАНТ на 2023 г.”, утвержденного президиумом НАНТ 09.01.2023 г, № 05,
организует Международный научный симпозиум «Тахти-Сангин как пример синтеза цивилизации Востока и Запада» 4-6 октября 2023 года
Место проведения: Национальная академия наук Таджикистана,
г. Душанбе, 734025, Проспект Рудаки, 33. Конференц зал
На Симпозиуме планируется обсудить следующие вопросы:
- Раскопки и стратиграфия Храма Окса;
- Датировка Тахти-Сангина и проблема принадлежности сокровищ Окса храму Окса;
- Межкультурные процессы в ахеменидский, эллинистический и кушанский периоды в Бактрии и Согде;
- Культы, религиозная практика и особенности религиозных ритуалов в Бактрии и Согде;
- Архитектурные особенности и стиль монументального строительства в Бактрии и Согде в ахеменидский, эллинистический и кушанский периоды;
- Нумизматика и эпиграфика древней Бактрии;
- Искусство и ремесла Бактрии и Согда в ахеменидский, эллинистический и кушанский периоды;
- Историческая география Бактрии и Согда в древности.
Во время проведения Симпозиума планируется поездка на Тахти-Сангин.
Приглашаем Вас принять участие в Международном научном симпозиуме.
Форма участия: очная или заочная.
Рабочие языки Симпозиум: таджикский, русский, английский.
Планируется издание материалов конференции.
Срок подачи статей – до 01 июля 2023 года.
Требования по оформлению статьи: интервал одинарный, шрифт – Times New Roman, 14-ый кегель.
Сверху первой страницы, по центру – Фамилия И.О. автора (соавторов) полужирным шрифтом, в скобках – город. Ниже название доклада (заглавные буквы) – полужирный. Далее, ниже, через интервал начинается основной текст, жирность нормальная. Отступ абзаца слева, стандартный – 1,25; текст – должен быть тщательно выверен.
Объем статьи не должен превышать 12 стр.
Абстракт на англ. яз. – 150-300 слов
Ключевые слова – не более 10 слов
Оформление сносок: сноски в тексте автоматические, нумеруются по ходу следования ссылочных мест в тексте и размещаются в конце статьи в примечаниях.
Справка об авторе: к представленным материалам должна быть приложена справка об авторе:
фамилия, имя, отчество (полностью); учёная степень, звание, вуз, НИИ, организация, учреждение;
должность, тема доклада, служебный адрес (включая индекс), телефон, домашний адрес и телефон, е-mail. Указывается форма участия: очная или заочная.
Проезд за счет участников Симпозиума. Проживание и питание иногородних участников – за счет приглашающей стороны.
Материалы предоставляются в электронном виде на е-mail Оргкомитета: takhtisangin@gmail.com
Справки по телефону (+992): (37) 221 37 42; 227 25 54; (+992) 918 64 91 85 (Наргис Ходжаева).