“ТАХТИ САНГИН - НАМОДИ ОМЕЗИШИ ТАМАДДУНИ ШАРҚУ ҒАРБ”
 
Рӯзҳои 4-6 октябри соли 2023 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ ба ЮНЕСКО бахшида ба 2500 –солагии ёдгории таърихии “Тахти Сангин” Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Тахти Сангин - намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб” баргузор мегардад. Дар он баррасии масоили ҳафриёт ва  стратиграфияи маъбади Вахш, даврабандии таърихи Тахти Сангин,  Хазинаи Амударё ва арзиши илмии он, равандҳои байнифарҳангӣ дар давраҳои ҳахоманишӣ, эллинӣ ва кушонӣ дар Бохтар ва Суғд, хусусиятҳои меъморӣ ва услуби сохтмони монументалӣ дар замони ҳахоманишӣ, эллинӣ ва кушонӣ, нумизматика ва эпиграфикаи Бохтари Қадим, санъат ва ҳунармандӣ дар Бохтар ва Суғди қадим ва ҷуғрофияи таърихии минтақа дар назар аст.  Зимни баргузории симпозиум сафар ба Тахти Сангин пешбинӣ шудааст.
Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои арзишманди таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик буда, дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш дар ноҳияи Қубодиёни имрӯзаи вилояти Хатлон воқеъ аст. Ин шаҳристони қадима аз асри IV пеш аз мелод то асри III мелодӣ вуҷуд дошта, яке аз марказҳои асосии мадании Осиёи Марказӣ ва муҳимтарин нуқтаи омезиши тамаддуни Шарқ Ғарб маҳсуб меёбад. 

Дар симпозиуми мазкур иштироки теъдоди зиёди мутахассисони ватанию хориҷӣ, ба вижа пажӯҳандагони таърих ва фарҳанги аҳди қадим, бостоншносони касбӣ дар назар аст.

 

photo_2023-05-10_13-49-18.jpgdsc_0036.jpg

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

АКС аз бойгонӣ