доктори илмои таърих,
профессор Абулҳаев Рақиб

САҲМИ АКАДЕМИК Б.ҒАФУРОВ ДАР БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТҲОИ ЗИЛЗИЛА ДАР НОҲИЯИ
ОФАДЗАДАИ ҲОИТ

 

  Дар тӯли солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон базаи моддӣ-техникии хоҷагии кишоварзӣ ниҳоят коста гардида, майдони заминҳои киштбоб ва вобаста ба он қувваи корӣ низ кам гашт. Махсусан, дар ин давраи мураккаби таърихӣ нисбати истеҳсоли зироати ба хоҷагии халқ ниҳоят лозимӣ пахтакорӣ зарари калон расонда шуд. Аз ин рӯ баҳри ҳарчи зудтар барқарор ва минбаъд икишоф додани ин соҳаи муҳими кишоварзӣ ба ғайр аз мустаҳкам кардани базаи моддӣ- техникӣ, ичунин сари вақт аз ҳисоби деҳқонони ноҳияҳои кӯҳӣ, ки аз камбудани замин азият мекашиданд бо қувваи корӣ таъмин кардан лозим буд.
  Дар солҳои минбада ба Тоҷикистон бадарға кардани халқҳои дигар ва муҳоҷирон аз мавзеъҳои берун аз ҷумҳурӣ низ мувофиқи мақсад набуд, ки дар ин хусус муншии аввали ҳизби коммунистии Тоҷикистон Б. Ғафуров ба органҳои болоии салоҳиятдори Иттиҳоди Шуравӣ бо далелу бурҳонҳои боварибахш собит кард.
  Дар он солҳо, дар қисми марказии мамалакат ва Тоҷикистон ашхосе пайдо шуда буданд, ки майлу хоҳиши аз манотиқи марказии Шуравӣ ба Тоҷикистон муҳоҷир кардани ин аҳолиро доштанд. Масалан, мунши дуюми КМ ҲК Тоҷикистон П.С. Обносов дар ёддоштҳояш менависад, ки “барои ободии водии Вахш аз Украина интиқоли теъдоди муайяни одамон пешниҳод шуда буд.” Вале аз бобати таркиби иҷтимоии гурӯҳи мазкур на ҳама кас воқиф буд. Танҳо ба Б.Ғафуров ва амсоли ӯ фидоиёну сарсупурдагони миллати тоҷик маълум буд, ки чунин “ғамхорӣ”ба ҳамватанонаш чӣ оқибатҳое ба бор хоҳад овард.
  Ба Б. Ғафуров гаштаю баргашта бо далелҳои боварибахш исбот намудан зарур буд, ки дар худи ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои меҳнатии ниҳоят арзону камхарҷ фаровон аст ва аз ин рӯ аз Украина кӯчонда овардани қувваи когарӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз диди этникӣ зараровар хоҳад буд.
  Дар солҳои пас аз ҷангӣ чун солҳои пешина мавзеи асосии муҳоҷирати деҳқонони ҷамҳурӣ водии Вахш ва водии Ҳисор ба ҳисоб мерафт, ки он баҳри пешрафти минбаъдаи соҳаҳои кишоварзӣ ва қабл аз ҳама пахта мусоидат мекард. Ва вобаста ба ин қисми асосии буҷети давлатӣ ба чорабиниҳои муҳоҷиргардонӣ ҷудо карда, ба харҷи ҳамаҷонибаи ин водиҳо сарф карда мешуд.Чунин амал аз он иборат буд, ки мувофиқи нақшаи ҳаллӣ масоили солҳои пас аз ҷангӣ навбати азхудкунии махсусан водии Вахш яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи рӯз ҳисоб мешуд. Аввали соли 1948 аз ноҳияҳои Данғараву Ёвон ва Норак ба колхозҳои пахтакори ноҳияи Куйбишев зиёда аз 700 хоҷагиҳои деҳқонон барои кору зиндагии доимӣ муҳоҷир гардонида шуданд.[1]
  Чунин ҷараён дар ҷумҳурӣ бо субот давом дошт. Масалан, танҳо дар зарфи соли 1948 аз 16 ноҳияҳои кӯҳиву баландкӯҳ қариб 5 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонон ба водиҳо муҳоҷир гардида, онҳо сари вақт бо заминҳои назди хона, ки зиёда аз 1,2 ҳазор гектарро ташкил мекард, таъмин гардиданд[2]. Масъалаи бо ибтикори муншии аввали Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Б.Ғафуров дар солҳои пас аз ҷангӣ ташкил кардани муҳоҷирати дохили ҷумҳурӣ, барои барқарор намудани хоҷагии халқ ва аз ҷумла хоҷагии кишоварзӣ ба ғайри азхуднамудани заминҳои бекорхобида мавқеи ҳалкунанда дошт. Дар ин ҷо хонанда саволе ба миён монданаш аз эҳтимол дур нест, ки гуяд, - муҳоҷирати дохилӣ ба воқеаи зилзилаи ноҳияи Ҳоит чӣ муносибате дорад? Зеро муҳоҷирате, ки мо баъзе мисолашро овардем дар таърихи Тоҷикистон муҳоҷирати ихтиёрӣ баҳри азхудкуни заминҳои асрҳои аср азхуднакарда ва бо мақсади инкишофи хоҷагии кишоварзӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии деҳқонони камзамину безамин ташкил карда шуда аст. Дар таърихи давраи шуравии ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин муҳоҷирати маҷбурӣ дида мешавад, ки характери объективӣ дорад, аз ҷумлаи заминларза, фаромадани кӯҳпора, тармафароӣ, селбиёӣ ва ғайра ки берун аз иродаи инсон баамал меоянд.
  Ба ин воқеа заминҷумбии ноҳияи кӯҳсори Ҳоит мисол шуда метавонад. Тобистони соли 1949 ба сари меҳнаткашони кӯҳистони тоҷик, ки асрҳои аср ҷафо мекашид, мусбати бисёр ҳам сангине бор шуд. Бар асари зилзилаи ниҳоят сахти якчандрӯза (моҳи июли соли 1949) ноҳияи Ҳоити водии Қаротегин ба харобазор табдил ёфт, дар натиҷа дар муддати чанд рӯзи ташвишовар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам талафоти моддӣ ва ҳам талафоти ҷонӣ дод. Дар ин рӯзҳои ниҳоят сангину ғамангез барои меҳнаткашони водии Қаротегин ва умуман Тоҷикистони нав аз шикасту рехти ҷанги хонумонсӯзи зиддӣ гитлерӣ баромада, ба ободии мулк шуруъ кардаистода, боз ба ин воқеаи ногаҳонии табиӣ дучор гардид.
  Ба души меҳнаткашони ҷумҳурӣ ба зами масъалаҳои ниҳоят зиёди баъди ҷангии барқарор намудани хоҷагии халқи харобу фалаҷ гашта, боз як масъалаи ниҳоят фоҷиавори дигар,ки ҳалли он бисёр душвор ва ниҳоят фаврӣ ва ғайри чашмдошт ба назар мерасид, ҳамаро ба ташвиш ва ба бесару сомонӣ водор намуд. Барои аз ин душвории пешомадаи ногаҳонӣ баромадан роҳу воситаҳои реалиро ҷусту ҷуй мебоист кард. Ин вазифаи масъулиятнок ба души роҳбарияти ҷумҳурӣ ва қабл аз ҳама ба муншии аввали кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон шахси оқилу дурандеши ҳамон замон Б. Ғафуров меафтад. Барои ҳалли таъҷилии одамонро аз ин фалокати табиии ногаҳон руй дода, халос карда, барои онҳо ҷову макони муваққатӣ ҷудо карда, бо хуроку пӯшок таъмин кардан, пленуми ғайри навбатии таъҷилӣ даъват карда мешавад. Дар ин ҷамъомад бо ташабус ва роҳбарии бевоситаи Б. Ғафуров комиссияи давлатии рафъи оқибатҳои харобиовари зилзила, аз байни шахсони салоҳиятдор ташкил карда шуда, ба назди ҳар як аъзои ин комиссия вазифаҳои мушаххас, аз ҷумла сабабҳои ин воқиаи табиро муайян кардан ва бо таври таъҷилӣ барҳам додани оқибатҳои вазнини он гузошта шуд.
  Ба ҳайати ин комиссия ба ғайр аз олимону мутахасисони соҳаи зилзиласанҷӣ, инчунин М. Шогадоев ҳамчун раиси Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ зодаи ин ноҳияи ҷабрдида буда, чун ҳазорон ҳамдиёриёнаш аз хешу ақрабои наздикаш маҳрум гардид, дохил карда шуд. Бо супоришу нишондоди Б. Ғафуров ӯ аз рӯзҳои аввали рух додани зилзила бо якҷоягии аъзоёни комиссияи таъсисёфта, пеш аз ҳама чораҳои аз офати табиӣ эмин нигоҳ доштани мардуми зинда монда ва маҷрӯҳу зарардидаи ноҳияи харобгаштаи Ҳоит ва ноҳияҳои ба он ҳамсоя бударо андешанд.
  Бо супориши ва дастури Б. Ғафуров ба ин комиссияи ниҳоят масъулиятнок, инчунин мутахасисони соҳаи зилзиласанҷӣ бо сарварии директори стансияи зилзиласанҷии филиали Тоҷикистонии собиқ Академияи фанҳои Иттиҳоди Шуравӣ П.Г. Семёнов дохил карда шуданд. Вақто ки П.Г. Семёнов ба ҷои фоҷиа омада ҳамчун муттухасиси воқеаҳои замнҷумбӣ бо чашмони хеш он ҳодисаи ниҳоят даҳшатнок, ҳама ҷо вайрону валангоро дида, ҳуш аз сараш канд. Пас аз чанд рӯзи ором шудани ларзиши қишри замин П. Г. Семёнов, ба ташкилотҳои болии Ҷумҳурӣ ва филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди шуравӣ справка навишта дар он ба таври боварибахш сабабҳои фоҷиавии табиат ва оқибатҳои вазнини онро ба риштаи қалам кашид. Ин ҳуҷҷатро Б. Ғафуров бодиққат омӯхта, баъд бо мутахасиси зилзиласанҷ П. Г. Семёнов шахсан вохӯрда, боз аз сӯҳбат бо ӯ баъзе хулосаҳо бароварда, дар паӣ аз вайрониҳо халос кардани мардуми дар зери фалокат монда ва онҳоро ба ҷову макони нав таъмин кардан шуда, ташкилотҳои салоҳиятдор ва вазоратҳои марбутро вазифадор кард, ки бо ҳар роҳу восита ва фавран ин масъалаҳои дар он ҳолат аввалиндараҷаро бо тамоми шарту шароиташ иҷро бояд кард.
  Директори стансияи зилзиласанҷии шаҳри Душанбе (дар он вақт Сталинабод) П. Г. Семёнов дар справкаи навиштааш чунин маълумотҳои аниқи рӯзу соат ва дақиқаи сарзадани ин воқеаи мудҳиши дар ноҳияи Ҳоит рӯй додаро овардааст. “ Стансияи сейсмологии “Сталинобод” рӯзи 8 июли соли 1949 соати 7 51 дақиқа ва 12 сония заминҷумбие, ки қувваташ 1V балл буд ба қайд гирифт ва пас аз он соати 8 ва 02 дақиқаю 48 сония дуюм бор такрор шуда, қуваташ 111 баллро ташкил медод. Маркази заминҷумбӣ 195 км дуртар аз Сталинобод ва 15-20 км дар шимолу ғарбии Ҳоит муайян карда шуд. Ин маълумотҳо фавран ба Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон ва ба институти Геофизикии АФ СССР хабар дода шуд.[3] Дар шаҳри Станинобод якчанд маротиба заминҷумбӣ мушоҳида карда шуд.[4]
  Соати 9 ва 54 дақиқа бо вақти маҳаллӣ маротибаи сеюм заминҷумбие рух дод, ки он фавқулода ва ғайри оддӣ ба назар мерасид. Як зарбаи сахти вертикалие (амадӣ, шоқулӣ) ба амал омад, ки шахсони рост истода ба замин афтода ва нишастагиҳо чаппа мешуданд. Иморатҳо ба замин яксон шуданд.
  Ҳамаи ин ғурришу гулдуроси тупу танки пуриқтидорро ба хотир меовард. Одамони бо пояшон рост истода, кӯшиш мекарданд, ки гурехта худро аз бало халос намоянд, аммо замин аз ҷояш беҷо мешуд, яъне мекафид ва ҳар чизе, ки вомехурд ба коми худ мекашид.
  Бисёриҳо ин воқеаро аз болои матраси пружинӣ рафтан муқоиса мекарданд. Одамони афтида кӯшиш мекарданд, ки аз ҷояшон хезанд, аммо наметавонистанд, зеро замин ба ҳар тараф майл мекард, ҳар кас кӯшиш мекард, ки ба ягон чизе часпида гирад, ҳамаи чунин воқеа дар муддати як чанд дақиқа рух дода буд. Ҳамаро ҳисси тарсу ваҳм ва даҳшат фаро гирифт.
   Болои ин чунин ҳодисаҳои нохуш, яке ғурришу гулдуроси воҳиманоки санг ба санг задани ғайри оддӣ ба гуш меарасад. Ин ғурриш аз ҷониби шарқии дараи Оби Дараи Ҳавз сар зада, бо худ як хамираи сиёҳи 100-150 метраро, ки бо суръати ниҳоят тез ба ҳар тараф паҳн шуда, дар роҳи худ ҳама чизро несту нобуд мекард овард. Ҳамаи ин воқеаи ниҳоят даҳшатовар як чанд дақиқа давом кард. Шахсони аз ин бало халос хурда, бо он чизе, ки дар тан доштанд ба қисми ҷануб ба сӯи дарёи Сурхоб гурехтанд. Ҳамин тавр, маркази ноҳия Ҳоит бо хоки нарму мулоим пӯшида шуд, ки баландии он аз 20 то 70 м. ташкил мекард. Ҳоит ҳамчун нуқтаи ҷуғрофӣ барҳам хурд.[5]
  Дар водии дарёи Ясман бисёр деҳаҳо монанди Ҳоит, бо тармаи лойфишон олуда шуданд ва қисми дигарашон тамоман вайрону валангор гашта буданд. Одамони дар тарсу ҳарос монда дар як ҷой ғун шуда, мунтазири ёрӣ мешуданд, дар байни онҳо одамони маҷрӯҳшуда низ буданд.
   Чунин вайроншавии сахт инчунин дар водии дарёи Оби Кабуту Ярхич низ дида мешуд. Маркази ноҳияи Қалъаи Лабиоб, аз заминларзаи сахти 10 июл (10 балл)пурра вайрону валангор гашт.
  Таъсири ҳамин заминҷумбӣ ба шаҳри Сталинобод ҳам расид ва қуввати он ба 6,5 балл баробар буд. Аммо, ягон харобӣ ба шаҳр нарасидааст.[6]Маркази заминҷубии шиддатноке, ки 10 июл сар зад 2-3 км аз қисми шарқии Ҳоит қарор дошт.[7]
  Ҳаминро бояд зик кард, ки дар бораи миқдори зарари моддӣ ва ҳам маънавии фоҷиаи Ҳоит то имрӯз ба ҳеҷ фард то охир аниқу равшан нест, зеро дар он солҳои вуҷудияти Ҳокимияти Шуравӣ чунин ҳодисаҳои ғамангези табииро рӯи кор намебароварданд. Танҳо аз рӯи ёддоштҳои баъзе шахсоне, ки ба ин ҳодиса бевосита ва ё бавосита огоҳанӣ доштанд баъзе маълумотҳои баҳсталабро гирифтан имкон дорад. Соли 1998 Муҳаммадҷон Мирзошоев “Фарзонамард” ном китобро ба муносибати ҷашни 100 –солагии зодрӯзи Мунаввар Шогадоев аз чоп баровард, ки дар он баъзе маълумотҳо оиди фоҷиаи Ҳоит ҷой дорад. Масалан, дар ин хусус аз ҷумла гуфта шудааст:”Соли 1949. 10 –ми июл, он рӯз ҳаво хеле гарм буд.Чангу ғубори ҳайратовар ва асрорагез тамоми атрофро фаро гирифт. Соати 9-10-и рӯз дар қаторкӯҳҳои Қаротегин даҳшатноктарин зилзилае ба амал омад, ки қувваи он 9-10 баллро ташкил медод. Дар натиҷа қисми болоии кӯҳи Чуқурак канда шуда шаҳри Ҳоитро аз саҳифаи таърих нобуд сохт. Ба асари ин зилзилаи даҳшатовар ҳамчунин 150 маҳалаи аҳолинишин хароб гардид. Ва аз ҳама сангитарин дардҳо он буд, ки ҳазорон одамон қурбони ин фалокати даҳшадбори табиат гардиданд. Комиссияи давлатӣ ҳамон шабу рӯз шумораи қурбоншудагонро 18 ҳазор зикр кардааст... Аз рӯи нақли шоҳидон дарёи Оби кабуд ҷасади садҳо одамонро ба рӯди Вахш партофта, аз ду соҳили поёни дарё одамон онҳоро гирифта, гӯрондаанд. Ин то дуриҳои дур идома ёфтааст.”[8]
   Дар ин хусус инчунин арбоби намоёни давлатӣ, собиқ раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаршо Додхудоев чунин нақл кардааст:”Зилзилаи Ҳоит Мунаввар Шогадоевро сахт ба истироб овард. Одатан ӯ, худ одами хеле ҳассос ва дилсӯз буд. Аммо қавиирода. Рӯзҳои аввал худаш чанд бор ба самолёт савор шуда, ба он ҷо рафт. Чангу ғубор ҳанӯз паст нашуда , чизеро дида намешуд. Шогадоев дар самолёт дар болои Ҳоит чарх зада, ба поён хурока ва либосу палос партофт. Дар хотир дорам, ки рӯзи аввал ӯ аз Душанбе (Сталинобод) чанд бор ба Ҳоит парвоз карда, баргашт. Озуқа ва либосро дар ҳар куҷо аз боло мепартофтанд, то ки одамони боқимонда, андаке ҳам бошад тасаллӣ пайдо намоянд. Ҳамчунин доруворӣ, пахта, дока ва дигар чизҳои табобатӣ ба замин партофта мешуд. Охир Ҳоит дар водии Қаротегин як шаҳраки хеле ободу зебо буд.[9]
  Дар бораи Ҳоити қабл аз фоҷиа академики академияи миллии Тоҷикистон шодравон Аҳрор Мухторов, ки се соли ҳаёти ҷавониаш (1935-1938) дар он ҷо гузашта аст дар хотираҳояш аз ҷумла гуфтааст:” Вақте, ки номи Ҳоитро мешунавам ё ҳоитиёнро мебинам, пеши назарам оби лойолуди дарёи Сурхоб, оби нилгуни дарёи Оби Кабуд, дарёчаи шӯхи Оби Ясман ва дар соҳили ин се дарё манзараи нотакрори Ҳоит пеши чашм ҷилвагар мегардад. Боғҳои серсабзи он , дарахтони азимҷуссаи чормағзу нок, себу шафтолу ва ҳама навъи дигар дарахтони босамару бесамар, ки аз соҳили дарёи Оби Кабуд доман кашида, ба тарафи дара баланд шуда мерафтанд. Аз даруни ҳамин дара пораи кӯҳ канда шуда Ҳоитро абадан зери сангу хок гӯронида аст.”[10]
Ба гуфтаи академик А. Мухторов пас аз зилзилаи Ҳоит мардуми Қаротегин хайру худоии зиёд карда, ба арвоҳи таги хокмондагон ва шукри зиндамондагон бахшиданд. Мардум ба тақдираш тан дода , аз паи зиндагии худ ва молу ҳол шуда, муҳоҷират карданд.[11]
Ҷои шакку шубҳа набуд, ки дар шароити онвақта, ки Тоҷикистон дар паси барқарор кардани харобиҳои ҷанг қарор дошт, имконияти бо тезӣ барқарор кардани Ҳоити вайрону валангор гашта вуҷуд надошт. Барои азобу шиканҷа накашидани мардуми аз фалокати табиӣ зинда монда бо тавсияи Б. Ғафуров дар як муддати кӯтоҳ аз тамоми имкониятҳои дохилӣ истифода бурда, аҳолии боқимондаи ноҳияи харобгаштаи Ҳоит ба ноҳияҳои вилояти Сталинобод ва қабл аз ҳама ба ноҳияҳои водии Вахш кӯчонида шуданд. Дар ҷараёни кӯчонидани мардуми зарардида, дар он солҳо душвориҳои зиёде ба пеш меомаданд, ки қабл аз ҳама масъалаи сари вақт таъмин накардан ва нарасидани нақлиёт маҳсуб буд. Аз ин рӯ Б. Ғафуров роҳбарони хоҷагиҳои ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии ҷумҳуриро сафабар намуданд, ки нақлиётҳои боркаш фавран барои ба ҷои таиншуда бурда расонидани хоҷагиҳои аз заминларза ҷабр дида бе шикасту рехт бурда расонида шавад. Баробари ин КМ ҲК Тоҷикистон бо роҳбарии Б.Ғафуров сардорони ноҳияҳои вилояти Сталинобод ва водии Вахшро вазифадор карда шуд, ки ҳоитиёнро бо тезӣ бо ҷову манзил, хурду хурок таъмин намоянд.
Муҳоҷирати мардуми Ҳоит аз рӯи зарурат сурат гирифта, ба муҳоҷитари пешакӣ ба нақша гирифтаи ҷумҳурӣ ҳамроҳ шуда, соли 1949 қариб ба 5,5 ҳазор хоҷагӣ расид, ки аз он зиёда аз 4,3 ҳазораш ба 14 ноҳияҳои вилояти Сталинобод тақсим шуданд.[12]
Ҷараёни муҳоҷирати меҳнаткашони Ҳоити аз зилзилаи ниҳоят бошиддати чандинбора эмин монда, ба ноҳияҳои вилояти Сталинобод ва пеш аз ҳама ба ноҳияҳои водии Вахш, ки ғайри чашмдошт ба вуқуъ омада буд, барои Тоҷикистон дар солҳои серташвиши барқарории пас аз ҷангии хоҷагии халқ ва ба таври таъҷилӣ ва муташаккилона сомон додани он кори ниҳоят душвору заҳматталаб буд. Ба ҳамаи душвориҳо моддиву маънавӣ ва ҳатто равонӣ нигоҳ накарда, бо сарварии ташкилоту аъзои болоӣ ва маҳаллии ҳизбӣ, давлатӣ, хоҷагӣ, бо дастгирии ҳамаҷонибаи меҳнаткашонӣ ҷумҳурӣ, ва роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Б. Ғафуров дар муддати нисбатан кӯтоҳ тамоми воситаҳои нақлиёти онвақтаро истифода бурда, ҳоитиёни офатзада ба ноҳияҳои номбурда ҷо ба ҷо карда шуданд. Ҳамин тавр , соли 1949 муҳоҷирати аҳолии боқимондаи ноҳияи Ҳоит ба ҷараёни муҳоҷирати ба нақша гирифта ҳамоҳанг гардида, шумораи онро афзун сохт.
Аммо бояд зикр кард, ки дар ҷараёни гузаронидани ин чорабинӣ чун солҳои пешина аз ҷониби Раёсати муҳоҷигардонии назди Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии маҳалҳои баромад ва макони нави фотеҳони заминҳои навкорам ба хатогиҳо, каҷравиҳо ва ҳатто баъзан ба амалиётҳои зуриву маъмурӣ роҳ дода шуданд, ки чунин амал бештар ба хоитиҳои нав муҳоҷиршуда,зарари зиёд мерасонд. Инро ба эътибор гирифта, бо ибтикори Б. Ғафуров дар бюроҳо ва пленумҳои КМ ПК Тоҷикистон мунтазам масъалаи беҳтар намудани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии муҳоҷирон мавриди муҳокима қарор мегирифт.
Ҳамин тавр, бо мурури гузашти вақт ва кору кирдори самаранок ҳаёти маишиву мадании меҳнакашон сол аз сол беҳтар гардида, барои эҳёи Ватани бобогиашон - ноҳияи Ҳоит доимо дар кӯшишу талошанд ва дар муддати зиёда аз 74 соли пас аз зилзила он аз нав эҳё гардид. Махсусан дар зарфи 32 соли истиқлолияти Ҷумҳурӣ, ки бо ибтикори Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи рӯшти ҳамаҷонибаи деҳот ба миён гузошта шудааст, имрӯз мо мебинем, ки деҳоти тоҷик аз ҷумла собиқ Хоити дар зери кӯҳ монда, ба яке аз ноҳияҳои ободу зедо мубаддал гаштааст.
 
 

 

 

[1] Рӯзномаи “Коммунист Таджикистана” С.1948, 10 апрел.

[2] Бойгонии таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд БТНҶТ),Ф.3, р.100, д. 92, в.227.

[3] ЦНА АН Республики Таджикистан, ф. 1, on. 1, д. 269, л. 28.

[4] Рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх”. 15 июли соли 1949.

[5]ЦНА АН Республики Таджикистан, ф. 1, on. 1, д. 269, л. 31.

[6]Рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх”. 15 июли соли 1949.

[7]ЦНА АН Республики Таджикистан, ф. 1, on. 1, д. 269, л. 36.

[8]М. Мирзошоев. Фарзонамард.Ба муносибати ҷашни 100-солагии зодрӯзи Мунаввар Шогадоев. Душанбе, “Ирфон”, 1998, С.. 169.

[9] Дар ҳамон ҷо. С. 170.

[10] А. Мухторов.Ҳоит ва ҳоитиён. Дар кит: Мунаввар Шогадоев-арбоби барҷастаи давлати тоҷикон. Душанбе, нашриёти “Шарқи озод”, 1998,С.61.

[11] Дар ҳамон ҷо. С. 71.

[12] БМД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ф р-1566, р.1, д.124, в. 24.