Шоиста Исматзода - ходими илмии
Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи А. Дониши
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ЗАН - МОДАР ОЛИҲАИ ҲУСНИ ИНСОН АСТ
Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бо нангу номус аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Модар ягона мавҷудотест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад. Аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад. Дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некию накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.
Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббатеро беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин рӯ, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд аст, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «Атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риқкат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».
Модар аввалин мурраббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кудак ба таври табиӣ интиқол медиҳад. Рафтору ахлоқи модар дар сифати сирату сурати фарзанд таъсири бевосита мегузорад. Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас масъулиятшиносу меҳнатқарин бошад, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад. Бузургони гузаштаи адабу фарҳанги мо бо дарназардошти ин нуқтаи ниҳоят муҳим гуфтаанд, ки «Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад». Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст.
Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо баробари ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.
Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ханӯз аз оғози истиқлол ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз чандин санади меъёриву ҳуқуқии заруриро ба тавсиб расонидааст. Санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳукуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалгардонии онҳо, вусъат додани имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва дигар аз муҳимтарин санадҳое мебошанд, ки барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии занҳодар ҷомеаи кишвар нақши бориз мебозанд. Ин санадҳо нишондиҳандаи дастгириҳои давлат дар самти ҳавасмандгардонии занҳо ва ҷалби васеи онҳо ба корҳои идоракунӣ мебошад, ки баъди қабули он имтиёзҳои муайян баҳри васеъшавии фаъолнокии сиёсии занон амалӣ гашт.
Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки “мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8- уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бовар дорам, ки модарону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”.
Занону модарони мо метавонанд дар ин раванд низ яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа бошанд. Онҳо инчунин метавонанд дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва фарҳангӣ ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузург бозанд. Занону модарони тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт буданд. Бузургони илму адаб занро шоҳкории табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург Зан –Модар мебошад. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон –Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои хамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ мебахшанд.
Аз ин рӯ, суханҳои раҳнамунсозу ҳикматомӯзи Сарвари давлат бояд дастури рӯйимизии ҳар як хонадон ва ташкилоту муассиса бошад. Шарт ва зарур аст, ки қабл аз ҳама мо, модарон, чунин нуқтаҳои инсонпарваронаро гаштаю баргашта мутолиа намоем, омӯзем ва дар ҳаёти ҳаррӯзаамон татбиқ намоем: «Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад”.
Пас, занону модарон бояд тавре кору зиндагӣ кунанд, ки рисолати модариро сарбаландона ба ҷо оварда, бо рафтору гуфтор ва хизматҳои софдилонаи худ ба боварию эътимоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошанд.