ОҒОЗИ КОРҲОИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ЗОЛИ ЗАР
Аз 24 апрели соли 2024 экспедитсия дуҷонибаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Миссияи бостоншиносии Маркази миллии илмҳои таҳқиқоти Фаронса дар ёдгориҳои Пушинг, Оксу, Паркамчи, Маликова, Мазори Мавлона Тоҷиддин ва Золи-Зари н. Данғара оғоз шуд. Дар ин экспедитсияи аз ҷониби Институт кормандони илмии шӯъбаи бостоншиносӣ А.Қараев (роҳбари гурӯҳ), Т.Г.Филимонова, И. Ашурмадов ва М.Филимонов (ронанда) ва аз ҷониби Миссияи бостоншиносии Маркази миллии илмҳои таҳқиқоти Фаронса Матилд Желэн ва Валери Бомбо иштирок доранд. Корҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои зикршуда то 30-юми майи соли ҷорӣ идома меёбад.
Қайд кардан зарур аст, ки корҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Золи Зари ноҳияи Данғара аз соли 2021 идома дорад. Аз натиҷаи ҳафриётҳо маълум шуд, ки ёдгории Золи Зар ба давраи Юнону Бохтар тааллуқ дорад. Дигар ёдгориҳои таърихии мансуб ба ин давра дар мавзеъҳои Пушинг, Ғиҷовак, Паркамчӣ, Ёхсу, Маликова, Мазори Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин ёфт шуда, таҳқиқт идома дорад.
Қараев Аслиддин