ТАШАККУЛ ВА ПЕШРАФТИ САНЪАТШИНОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
28-уми майи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии таъсисёбии Шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва 100-солагии олим, санъатшинос, театршинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Ташаккул ва пешрафти санъатшиносӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Конференсияро директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ профессор Насрулло Убайдулло ифтитоҳ намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронии муқаддимавӣ ва табрикотӣ саҳми кормандони шуъбаи таърихи санъат дар давоми 70 соли фаъолияти шуъба, бахусус нақши профессор Низом Нурҷоновро дар таҳқиқи анъана ва оиинҳои мардуми тоҷик, драматургия ва театри касбиву суннатӣ, мусиқӣ, рақс ва дигар соҳаҳои санъатшиносӣ назаррас арзёбӣ карда, таҷлили ин санаҳои таърихиро рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари волои миллӣ унвон кард.
Сипас мудири Шуъбаи таърихи санъати ИТБМ, профессор Аскаралӣ Раҷабов, олимони шинохта Баҳринисо Қобилова, Равшан Раҳмонӣ, Лариса Додхудоева, Муҳаммадулло Табаров, санъатшиносон аз кишвари ба мо дӯст Ӯзбекистон Баҳора Хуррамова ва Бахтишод Ғайбуллооев, инчунин ходимони ҷамъиятиву давлатӣ ва ҳунармандони шинохта Тамара Абдушукурова, Ҷӯрабек Муродов, Гулҷаҳон Бобосодиқова ва Кароматулло Олимов оид ба ташаккул ва рушди санъатшиносӣ ва саҳми бевоситаи профессор Низом Нурҷонов дар ин самт суханронӣ карданд.
Дар анҷоми конфронс ҳунармандони гурӯҳи “Шамс” чанд порча аз мусиқӣ ва сурудҳои мардумиро пешкаши ҳозирин намуданд.
Бояд зирк кард, ки нахустин роҳбари шуъбаи таърихи санъат Низом Нурҷонов буданд ва дар шуъба гурӯҳи хурди санъатшиносон дар ҳайати Н.Ҳ.Нурҷонов, В.А.Мешкерис, О.Л.Данскер ва баъдан Н.А.Белинская аввалин навиштаҳои илмиро ба нашр расониданд. Солҳои 1955-1956 дар Маскав рисолаҳои Н.Нурҷонов «Муҳаммадҷон Қосимов», «Театрии халқии тоҷик» ба нашр расид, дар Душанбе бошад аввалин маҷмӯаи санъатшиносӣ чоп шуд. Ин навиштаҳо аз аввалин корҳои таҳқиқии он солҳо дар рушди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ накши муассир гузошт.
Барои кор ва таҳқиқ шӯъба ба кормандони касбӣ ниёз дошт. Дар ҷумҳурӣ ягон мактаби олӣ ихтисосмандони соҳаи санъатшиносӣ омода наменамуд. Шӯъба ягона марказе буд, ки аз ашхоси дорои маълумоти забон ва адабиёт, рассом, санъатшинос, театршинос, киношинос тайёр менамуд ва онҳоро барои бозомӯзии асосҳои назарии ҳунарҳои бадеӣ ба марказҳои таҳқиқии ҳунаршиносии Маскаву Ленинград мефиристод.
Дар як муддати кӯтоҳ шӯъба дорои ихтисосмандони касбӣ ва ба яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқии масоили таърих ва назарияи ҳунарҳои бадеӣ – меъморӣ,санъати тасвирӣ,театр, кино, мусиқӣ ва амсоли ин (аз аҳди бостон то имрӯз) дар ҷумҳурӣ табдил ёфт ва эътибори шоиста касб кард.
Ихтисосмандони касбӣ дар шуъба ба камол расиданд ва дар заминаҳои гуногуни ҳунарҳои бадеӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифо намуданд. Аз ҷумла санъатшиносон В.А.Мешкерис, Н.А.Белинская, М.О. Рӯзиев, Н.З.Юнусова, тетршиносон М.Шарофов, М. Эркабоев, Б.Хураммова, киношиносон Аҳроров, Ҳ.Муҳаммадқулов, мусиқишиносон З.М.Тоҷикова, Э.Р.Гейзер, Б.Т.Қобилова,таърихи меъморӣ М.Мамадназаров, Р.Додобоев, таърихи фарҳанг ва ҳунар А.Раҷабов ва дигарон доир ба масоили таърих ва назарияи санъат таҳқиқоти арзишманд нигоштанд. Зумраи дигари пажӯҳишгарони шӯъба Л.Н.Винокурова, Л.Ш.Қиёмова, М.Хоркашев, С.Ҳақдодов, Л.Айнӣ, Ш.Анорқулова, Т.Мирова, М.Мирсаидов ва дигарон низ доир ба масоили муҳимми театр, санъати тасвирӣ, эҷодиёти мардумӣ низ корҳои таҳқиқӣ бурданд.
Шӯъба аз ибтидои фаъолияти таҳқиқиаш ба гирдоварию баррасии жанр ва шаклҳои осори ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла мусиқӣ, театрӣ, рақси мардумӣ, саноеи амалию ҳунармандӣ муназзам кор бурд. Аз ин рӯ, таҳти роҳбарии Н.Нурҷонов ҳар сол пажӯҳишҳои саҳроии комплексии санъатшиносӣ дар манотиқи Зарафшону Суғд (Ленинобод), Кӯлобу Хатлон, вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ,инчунин маҳалҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон гузаронида шуда ва намунаҳои нодири шаклу анвои осори ҳунарҳои бадеӣ гирдоварӣ мешуданд. Тавассути ин пажӯҳишоти саҳроӣ намунаҳои зиёди осори шеърию мусиқии мардумӣ гирдоварӣ ва ба навори магнитӣ сабт шуданд, ки ин осор хазинаи тиллоии Институт маҳсуб шуда ва аз лиҳози бадеӣ қаринаи худро надоранд.
Аз соли 1999 сарварии шӯъбаро доктори илмҳои таърих, профессор А. Раҷабов ба зимма дорад. Дар ин солҳо шӯъба барои амалӣ шудани барномаҳои илмӣ дар таҳияи асарҳои дастаҷамӣ доир ба таърихи фарҳанг ва санъати тоҷик нерӯҳои таҳқиқиро аз нав сафарбар намуд. Фаъолияти таҳқиқии шӯъба дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурвусъату рангин ҷараён гирифта, дар нашри асари чорҷилдаи академии «Очеркҳои таърих ва назарияи фарҳанги тоҷик» (2001, 2006, 2009, 2010), ки масоил, паҳлӯҳои норавшану проблемавии таърих ва назарияи фарҳанг, санъатҳои амалию ҳунармандӣ, тасвирӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мусиқӣ, театру кинои тоҷик ва амсоли ин бар пояи маводи навтарин бо диди нави таҳлилӣ ба риштаи таҳқиқ омадаанд.
Олимони шӯъба иштирокдори чандин конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик, мамолики муштаракулманофеъ ва Аврупо буда, бо маърӯзаву мақолаҳо арзишҳои муҳимми масоили дирӯзу имрӯзи фарҳангу ҳунари тоҷикро муаррифӣ намудаанд.
Шӯъбаи таърихи санъат имрӯз чун маркази ягонаи бонуфузи илмию таҳқиқии академӣ осор, таъриху назарияи фарҳангу ҳунари тоҷик дар ҷумҳурӣ ва бурун аз он эътибори шоиста касб кардааст.