Котиботи номинатсияи фаромиллии Роҳи абрешим: долони Фарғона-Сирдарё аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дидан намуданд

Сани 21.07.2024 гурӯҳи коршиносони котиботи номинаи фаромиллии “Роҳи Абрешим: долони Фарғона-Сирдарё” аз Осорхонаи миллии бостонии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ дидан намуда, доир ба бозёфтҳои ёдгориҳои вилояти Суғд, ки дар  номинаи фаромиллии “Роҳи Абрешим: долони Фарғона-Сирдарё” ворид шудаанд, шиносоӣ пайдо намуданд. Коршиносонро роҳбарияти Осорхона дар мувофиқа бо Раёсати робитаҳои байналмилалии АМИТ пешвоз гирифта, онҳо тариқи нигораҳои сершемори Осорхона аз таъриху фарҳанги куҳани гузаштагони халқи тоҷик ошноӣ пайдо намуданд.

photo_1_2024-07-23_13-03-24.jpg photo_2_2024-07-23_13-03-24.jpg