Ҳамза Камол
доктори улуми таърих, профессор
 
ПАРЧАМ – РАМЗИ ҲУВИЯТ ВА ИТТИҲОД
 
Ҳар давлат чи дар аҳди бостон ва дар садаҳои миёнаву пасин ва чи дар аҳди навину замони муосир дорои рамзҳои расмии хеш мебошад, ки онҳо баргирифта аз фарҳанг, боварҳо, андешаҳо, одобу русуми ниёкон, ҳувият ва руҳияи миллии сокинони он аст. Ба ин маънӣ сарчашмаи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ таърихи пурғановати халқи тоҷик маҳсуб мешавад.
Аз аҳди бостон нишонаҳои давлатдории миллатҳои соҳибтамаддун дирафшҳо - парчамҳо будаанд, ки онҳо баёнгари иттиҳоди сокинони он давлат дар як қаламрави воҳид ба шумор мерафтанд. Замоне ки шаҳрҳо-давлатҳо арзи ҳастӣ намуданд ва ин давра дар илми таърих чун зинаи ташаккули давлатдорӣ шинохта шудааст, парчамҳои давлатӣ, парчамҳои фармонравоён ва ҳокимон, ки аз лиҳози амалкард шабеҳи парчами давлатӣ буданд, зуҳур карданд.
Дар фароянди рушди ҷомеаи инсонӣ рамзҳои парчамҳо ва унсурҳои он такмил меёбанд. Дар ибтидо парчамҳо аз пӯст ва филиз сохта мешуданд ва баъд аз ба вуҷуд омадани матоъ парчамҳоро аз матоъ дуруст карданд, ки парчамҳо сифоти парафшониро ба худ касб карданд. Аввалин парчамҳо аз матоъ дар Хитой ба вуҷуд омадаанд. Чун Хитой аз аҳди бостон яке аз кишварҳои истеҳсолкунанда ва содиркунандаи матоъ, бавижа абрешим ба ҳисоб мерафт, тоҷирони хитоӣ аз Роҳи Бузурги Абрешим ба ақсои олам абрешим ва дигар матоъҳои мухталифро содир мекарданд. Аз матоъҳои қиматбаҳо дӯхтани парчам раванди ниҳоӣ шудани ташаккули аносири парчамро фароҳам кард. Ин раванд имконеро ба вуҷуд овард, ки бо суҳулат матоъҳоро ранг мекарданд ва рӯи онҳо рамзҳо мекашиданд.
Аз аҳди бостон ба баъд парчамҳо рамз ва нишонаҳои аҷдоди хонадонҳои ҳукуматгар низ буданд. Баъдан бо таҳаввули усули давлатдорӣ онҳо ба рамзи давлатӣ табдил ёфтанд. Ин буд, ки теъдоди зиёде аз парчамҳои давлатҳо, ки имрӯз намоёнгари рамзи онҳост, бар мабнои нишони силсилаҳои ҳоким бо истифода аз рангҳои баргузидаи аҷдодии онҳо интихоб шудааст.
Муҳтавои ранг ва тасвирҳои парчамҳои давлатии аҳди бостон ва асрҳои миёна рангҳо ва нақшҳое буданд, ки сокинони шаҳр-давлатҳо ё давлатҳо онро муқаддас меҳисобиданд ва эҳтиром мекарданд. Интихоби рангҳо ба онҳо ва зуҳури рамзҳо рӯи ин парчамҳо тасодуфӣ набуд, зеро ҳар ранг ва ҳар рамз ба таърих ва фарҳанги ҳар миллат робитаи ногусастанӣ доштанд. Тавзеҳи рангҳо ва тасвирҳои парчамҳо ағлаб баёнгари таърихи арзи вуҷуди онҳост, ки гоҳе дар саҳафоти кутуби таърих ва вақоеънигорӣ ҳифз шудаанд. Ҳар ранг намоди мафҳуми хосе буд. Геральдика (илми нишоншиносӣ), ки аз риштаҳои ёрирасони илми таърих аст, дар асри XVI дар Аврупо падид омадааст ва он барои тафсири рангҳо дар осори нишоншиносони ҳар давр тафсирҳое додааст. Барои мисол ранги сурх баёнгари ишқ, мардонагӣ, шуҷоат, саховат, ҷасорат ва бебокӣ; ранги обӣ садоқат, покдоманӣ, вафодорӣ; ранги бунафш: тасаллут, саховат, тақво, эътидол, иззат, неру, қудрат; ранги сабз: умед, фаровонӣ, озодӣ ва хуррамӣ; ранги сиёҳ: хирад, эҳтиёт, субот, шикастанафсӣ ва донишмандӣ будааст. Дар ин асос муносибат ба рангҳои парчам ба унвони як шайъи муқаддас шакл гирифт.
Рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби иҷлосия шонздаҳуми Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардид, қидмати сифоти онҳо он бархоста аз андешаву афкори мардуми ориёист. Рангҳои сурх, сафед ва сабз рамзҳои се табақаи ҷомеаи аҳди бостони ориёиён: низомиён-ранги сурх, руҳониён – ранги сафед ва кишоварзону чорводорон – ранги сабз ё кабуд (нилӣ) маҳсуб мешуд, ки ҳар кадоме ҷойгоҳи вижае дар иҷтимоъ доштанд.
Ранги сафед дар таърихи қиёмҳои мардумӣ сарзамини аҷдодии мо бар муқобили мутаҷовизин гоҳе рамзи муборизаро низ ба худ гирифтааст. Шӯрише, ки дар солҳои 70-уми асри VIII дар Хуросони Бузург бо сарварии Муқаннаъ ба кинхоҳӣ ва хунбаҳои Абумуслими Хуросонӣ алайҳи аъроб рух дод, пайравони Муқаннаъ бо пӯшидани ҷомаҳои сафед, алорағми ҷомаҳои сиёҳи Аббосиён душмании хешро бо ин хонадон баён мекарданд. Ба ин далел хуруҷи онон дар таърих бо номи Сапедҷомагон маъруф гардид.
Бостонитарин парчаме, ки дар устураҳо, бахусус дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ васфи он шудааст, ин Дирафши Ковиён-дирафши устураӣ ва таърихии аҷдоди мо тоҷикон аз аҳди қадим то поёнии шоҳаншоҳии Сосониён маҳсуб мешавад. Бештари дониши мо дар мавриди Дирафши Ковиёнӣ ба манобеи таърихии аҳди исломӣ бармегардад. Муҳаммад Ҷарири Табарӣ дар китоби худ «Таъриху-р-русули ва-л-мулук» менависад, ки Дирафши Ковиён аз «пӯсти шер буд ва шоҳони Эрон тиллову дебо бар он пӯшонидаанд ва онро муборак медонистанд» [7, 138] ва ин муаллиф идома медиҳад, ки Дирафши Ковиёнӣ чун дирафши бузурги шоҳони Аҷам интихоб гардид, он дар дасти шоҳзодагон буд ва фақат дар ҳаводиси бузург афрошта мешуд [7, 138].
Масъудӣ дар китоби худ «Муруҷу-з-заҳаб ва маъодин ал-ҷавоҳир» ин дирафшро аз пӯсти паланг медонад ва дарозиашро дувоздаҳ ва паҳнояшро ҳашт арш зикр кардааст. Агар ҳар аршро, ки фосилаи байни нӯки ангуштони даст то бандгоҳи оринҷ аст, 60 сантиметр ба ҳисоб оварем, пас Дирафши Ковиёнӣ ҳудуди панҷ метр паҳно ва ҳафт метр дарозӣ доштааст.
Ибни Халдун гузориш мекунад, ки Дирафши Ковиёнӣ дорои ситорае буд ва чунин эътиқоде вуҷуд дошт, ки то замоне ки ҳар касе ин дирафшро бо худ мебурд, шикастнопазир буд. Дар зимн Саолибӣ мегӯяд: «Ин дирафш дар рӯзгори Фаридун ва шоҳони пас аз ӯ мояи пирӯзӣ бар душманон буд, бавижа, ки дар лашкаркашӣ бад-он фоли нек мезаданд ва онро хуҷаста ва ҳумоюн меангоштанд. Ва дар оростани он ба гавҳарҳо бар якдигар пешӣ мегирифтанд ва бар зебоии он меафзуданд, то ин ки дар дарозои рӯзгор гавҳаре якдона ва сармояи гаронбаҳои зиндагонӣ ва гавҳари нопасуда ва беҳамоли чарху нуктаи рӯзгорон шуд» [2, 58].
Дар фарҳангҳои тафсирии муътабаре чун «Бурҳони қотеъ» ва «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» пиромуни Дирафши Ковиёнӣ омадааст, ки ин дирафш чарме аз пӯсти паланг ва ё бабр буда, ки оҳангарон ҳангоми кор бар миён мебастанд ва Коваи оҳангар онро бар сари найза кард ва ба набард бо Заҳҳок пардохт.
tasviri_dirafshi_koviyoni_ki_dar_asosi_ustura_kashida_shudaast.jpg
Тасвири Дирафши Ковиёнӣ, ки дар асоси устура кашида шудааст
Аз тавсифи Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» мушаххас мешавад, ки Дирафши Ковиёнӣ пораи чарми чаҳоргӯша буда, дар болои як найза овехта шуда, нӯки найза аз пушти он ба сӯи боло намудор буда аст, ки дар рӯи ин чарми ороста ба парниёву абрешим бо рангҳои сурху зарду бунафш ва гавҳарҳои ноб ситорае медурахшидааст. Дар маркази ин дирафши чаҳоргӯша доираи хурде бо тасвири як ситораи бузург ё чаҳорпарра ба чашм мехӯрад. Дар болои он ситораи дигаре намоён аст, ки шабеҳи чанбараи хурде ҳаст. Бад-ин гуна Дирафши Ковиёнӣ ду ситора, яке дар миёна ва дигаре дар қисмати болоияш доштааст. Гуфта мешавад, ки нақше, ки ба рӯи Дирафши Ковиёнӣ кашида шуда буд, ҳамон чилипо ё салиби ориёист, ки дар фарҳанги эронӣ ва ойини меҳр намоди хуршедро дошт.
 
tasviri_dirafshi_koviyoni_ki_bo_parniyovu_abreshim_orosta_shudaast.jpg
Тасвири Дирафши Ковиёнӣ, ки бо парниёву абрешим ороста шудааст
 
Дар бахши поёнии Дирафши Ковиёнӣ риштаҳое, ки бо рангҳои сурху зарду бунафш овехта шуда буд, ки дар нуки онҳо гавҳарҳои ноб баста мегардид.
Дирафши Ковиёнӣ, ки дар тӯли мавҷудияти хеш намоди фарру шукӯҳ, озодӣ, сарбаландӣ ва бузургии аҷдоди мо буд, ба ҳангоми ҳуҷуми аъроб ба Эрон бар замин афтод ва муддати беш аз чаҳордаҳ сада дигар барафрошта нашуд.
Аз охирин фармондеҳи кулли Эрон, ки алайҳи таҷовузи араб ба сарзамини Эрон ба набарди онон бо Дирафши Ковиёнӣ рафт, Рустами Фаррухзод, марзбони Хуросон буд, ки ба қавли Фирдавсӣ:
Ки Рустам будаш ному бедор буд,
Хирадманду гурду ҷаҳондор буд [8, 417].
Шоҳи Эрон Яздигурди сеюм Рустами Фаррухзодро ба ҷанги Саъди Ваққос бо ҳудуди 120 ҳазор лашкар ва 30 фили ҷангӣ ҳамроҳ бо Дирафши Ковиёнӣ ба Қодисия маъмур сохт [5, 247]. «Парчами бузурге доштанд, ки Дирафши Кобиён номида мешуд»,- менависад Балозурӣ [5, 247].
Дар номаи Рустами Фаррухзод ба Саъди Ваққос, ки Фирдавсӣ бо малоҳати сухан онро баён мекунад, маълум мешавад, ки ҳанӯз ҳам сипаҳсолори Сосониён бовар надошт, ки аъроб ҷуръати набард бо сипоҳи ӯро дошта, дар андеши тасхири сарзамини Эрон бошанд ва ин воқеиятро нодида гирифтан буд, ки ба иштибоҳ лашкари аъробро ҳақиру бечора мешумурд:
Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор.
Ки тахти Каёнро кунад орзу,
Тфу бод, бар чархи гардун тфу! [8, 428]
Набарди Қодисия «рӯзи охири соли 16 (охири январи 638) рух дод» [5, 248]. Баъзе муҳаққиқон ба ин назаранд, ки ин набард 27 шавволи соли 15 ҳ.қ мусодиф ба 2 декабри соли 636 рух додаст [6, 170]. Дар ин набард бо аъроб фармондеҳи кулли сипоҳи Эрон Рустами Фаррухзод қаҳрамонона ҷангид ва кушта шуд. Чун аъроб ҷасади ӯро биёфтанд, пур аз осори зарбу шамшеру найза буд [5, 249]. Бо марги ин сипаҳсолори қаҳрамон замони азамати давлатдории Сосониён низ ба поён расид.
Сарчашмаҳо ривоят мекунад, ки гурӯҳе аз размандагони сипоҳи Рустами Фаррухзод, ки ин фармондеҳ ҳифозати Дирафши Ковиёниро ба онон эътимод карда буд, то дами марг аз меҳани худ дифо карданд ва Фирдавсӣ аз номи Рустами Фаррухзод мегӯяд:
Ки ин Қодисӣ гӯргоҳи ман аст,
Кафан ҷавшану хун кулоҳи ман аст [8, 426].
Бино ба ахбори сарчашмаҳои таърихӣ Рустами Фаррухзод ва сипоҳиёнаш то охирин лаҳзаи зиндагӣ аз рамзи давлатдории шоҳаншоҳӣ – Дирафши Ковиён дифоъ карданд: «Гӯянд ҷамоате аз Аҷам парчами хешро дар ҳуфрае (сӯрохе) кӯбиданд ва гуфтанд: мо мавзеи худро то дами марг тарк нахоҳем гуфт. Пас Салмон ибни Рабеаи Боҳалӣ бар онон тохт ва ҳамагиро бикушт ва парчамашонро бигирифт» [5, 251]. Ин ҷангии араб сӣ ҳазор динор барои Дирафши Ковиёнӣ дарёфт кард, ҳарчанд гуфта мешавад арзиши ростини Дирафши Ковиёнӣ миллионҳо динор буд. «Ин Дирафш, менависад Саолибӣ,- то ҳангоми вожгунии подшоҳии Яздигурд – пасин шаҳриёри Сосониён дар ҷанги Қодисия бар ҷо буд, дар он ҷанг ба дасти марди нахаъӣ афтод, ки онро ба Саъди Ваққос дод. Саъд Дирафши Ковиёниро бо дигар баҳраҳои ҷангӣ, ки Худо бар мардум арзонӣ дошта буд, бо ганҷинаҳои Яздигурд чун гавҳарҳову тоҷҳо ва камарбандҳои гавҳарнишон, ҳамаро ба амирулмуъминин Умари Хаттоб супурд. Умар фармон дод, ки Дирафши Ковиёниро пора-пора буриданд ва бар мусалмонон бахш карданд» [2, 58].
 
dirafshi_koviyonii_akhdi_sosoni.jpg
 
Дирафши Ковиёнии аҳди Сосонӣ
Аммо ба ривояти Балъамӣ, Масъудӣ ва Ибни Мисквейҳ ба дастури Умар ибни Хаттоб гавҳарҳои гаронқимати Дирафши Ковиёниро барканданд ва дирафшро сӯзониданд [1, 82-82; 3, 148; 4, 311].
Дар гузаштаи на чандон дур нишони Дирафши Ковиёниро, ки баёнгари давлатдории чанд ҳазорсолаи мост, гоҳу гузоре ба ҳукми зарурат дар бойгонии таърих пайдо кардаем. Ба ин далел онро намешиносем ва мутаассифона ин рамзи давлати худ дар гузаштаҳои дурро ба дасти фаромӯшӣ супоридем. Ба шарофати истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар суннату анъанаҳои миллӣ, ба яке рамзҳои давлатдории тоҷикон - Дирафши Ковиёнӣ умри дубора дода шуд.
30 июни соли 2006 Қонун «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва 28 июли 2006 зери шумораи 192 ин Қонун ба амали худ оғоз кард. Дар ин Қонун дар бораи Ливо ё Штандарти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи расмии ҳукумати президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, шарҳу эзоҳ дода шудааст.
 
livo_shtandart-i_prezidenti_chumkhurii_tochikiston.jpg
Ливо (Штандарт)-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Дар маркази Ливо (Штандарт)-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дирафши Ковиёнӣ тасвир шудааст, ки он намоди ифтихор аз таърих ва фарҳанги боазамати ниёкон, рамзи абадият ва муттасилии давлатдории миллӣ, ирода ва нирӯи қудрат барои ҳифзи Ватани аҷдодӣ, рушду боландагии кишвар, якпорчагӣ ва иттиҳоди мардуми он, эҷоди фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар дар баробари чолишҳои ҷаҳони имрӯз, ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо миллатҳо ва кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
 
Адабиёт:
  1. Абулҳасан Алӣ Масъудӣ. Китаб ат-танбеҳ ва-л-ишроф. Тарҷумаи А. Поянда. Теҳрон, 1349.
  2. Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммади Саолибии Нишопурӣ. Таърихи ғуруру-с-сияр маъруф ба «Шоҳнома»-и Саолибӣ. Тарҷума аз арабӣ ба форсӣ С. Рӯҳонӣ. Баргардон ба расмулхати тоҷикӣ Н.Зоҳидов. Душанбе: Бухоро, 2014.
  3. Абуалӣ Муҳаммади Балъамӣ. Таърихи Балъамӣ. Тасҳеҳи М.Баҳор. Чопи дуюм, Теҳрон, 1353.
  4. Аҳмад ибни Муҳаммади Мисквейҳ. Таҷорибу-л-умам. Тарҷумаи А.Имомӣ. Теҳрон, 1369.
  5. Аҳмад ибни Яҳё Балозурӣ. Футуҳу-л-булдон. Тарҷумаи Муҳаммади Таваккул. Теҳрон, 1337. Таҳия ва нашри электроник Алиризо Каёнӣ. Мунташиршуда дар торнамои WWW. TARIKHFA. COM.
  6. Большаков. О.Г. История халифата. Т.2. Эпоха великих завоеваний. М.1993.
  7. Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. Китоби 1. Баргардонкунандаи матн аз форсӣ ба кириллӣ И.Раҳматуллоҳ. Душанбе, 2014.
  8. Фирдавсӣ А. Шоҳнома. Ҷ.IX. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз К.Айнӣ ва З.Аҳрорӣ, Б.Сирус, А.Девонақулов. Душанбе: Адиб, 1991.