RU
ТАХТИ САНГИН – ГАНҶИНАИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ: РӮНАМОИ АЛБОМИ «ГАНҶИНАИ ТАХТИ САНГИН»
Имрӯз, 4 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии албоми «Ганҷинаи Тахти Сангин», ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва омодагӣ ба таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ” нашр шудааст, баргузор гардид.
Президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дар заминаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, бахусус таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат солҳои охир ба масъалаи ҳифз, омӯзиш, муаррифии шоиста ва тарғиби мероси гаронбаҳои аҷдодӣ, бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи таърихиву адабӣ, ёдгориҳои нодири таърихӣ ва таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, корҳои назаррасеро дар самти таҳкими худогоҳӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба сомон мерасонад.
Таъкид гардид, ки рӯйдоди имрӯзаро метавон таърихӣ номид. Бори аввал дар тӯли фаъолияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон чунин албоми бунёдӣ ба табъ мерасад, ки ба яке аз муҳимтарин ёдгориҳои қадимаи сарзамини мо бахшида шудааст.
Қайд гардид, ки ёдгории Тахти Сангин яке аз барҷастатарин мероси бостоншиносии Осиёи Марказӣ буда, ганҷинаи нодири тамаддуни ориёӣ маҳсуб меёбад. Ин макон сатҳи баланди фарҳангї, маънавӣ, тасаввуроти динӣ ва тафаккури ҳунарии бохтариёни бостон яъне ниёгони тоҷиконро инъикос менамояд. Маҳз дар ҳамин сарзамин унсурҳои муҳими анъанаи тамаддунӣ, ташаккул ёфтаанд, ки дар таърихи фазои васеи Авруосиё нақши назаррас бозидаанд. Мероси фарҳангии моддии ёдгории Тахти Сангин аз пайвастагии амиқи таърихӣ ва ғановати мероси фарҳангии халқи тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Гуфта шуд, ки иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ дурнамои навро барои омӯзиши мунтазам, ҳифз ва тарғиби ин мерос фароҳам меорад. Ин як қарор ва сиёсати стратегист, ки ба рушди илмҳои гуманитарӣ, таҳкими худшиносии таърихии ҷомеа ва муаррифии шоистаи фарҳанги миллии мо дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст.
Дар ҳамин замина Албоми “Ганҷинаи Тахти Сангин” нахустин қадами амалӣ дар роҳи таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ” ба шумор меравад. Он заминаи устувори илмӣ ва консептуалиро барои фаъолияти минбаъдаи марказ гузошта, равиши муосири таҳқиқ ва муаррифии ёдгориҳои тамаддуни ориёиро нишон медиҳад. Бояд махсус таъкид намуд, ки албоми “Ганҷинаи Тахти Сангин” танҳо як нашрияи пур аз акс нест. Ин муарифии натиҷаи заҳмату меҳнати тӯлонии таҳқиқоти бостоншиносӣ, таҳлили илмӣ ва кори ҳамоҳангии мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ва Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки албом дақиқияти академиро бо фарҳанги баланди нашр муттаҳид мекунад. Маводи он на танҳо арзиши ҳунарӣ ва таърихии бозёфтҳоро бозгӯ менамояд, балки рисолати муҳими ҳифзро низ иҷро мекунад. Ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон вазифаи умумимиллӣ ва яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Солҳои зиёд олимони мо дар омӯзиш, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ саҳми арзанда мегузоранд ва Албоми имрӯза далели равшани ин талошҳост.
Дар идома Юсуфшо Ёқубов — узви пайвастаи АМИТ, Додхудоева Лариса — мудири шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Хоҷаева Наргис — ходими калони илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди ИТБМ ба номи А. Дониш, Кэрси Шроф — пажуҳишгари мустақил аз шаҳри Роквилл, иёлати Мэриленд (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Дружинина А.П. — доктори фалсафа (PhD) аз шаҳри Берлин (Олмон), академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Пӯлотов Абдураҳмон — директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди ИТБМ ба номи А. Дониш суханронӣ намуда, доир ба заминаҳои таърихию фарҳангии ёдгории Тахти Сангин, аҳамияти илмӣ ва арзиши тамаддунии он андешаҳои хешро баён карданд.



