RU
«Эмомалӣ Раҳмон– муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон»
 
Аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳо таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон– муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон» дар ҳаҷми 382 саҳифа таҳия гардида, ба нашр расид.
Дар маҷмуаи мазкур  мақолаҳои олимон ва муҳаққиқон доир ба масъалаҳои муҳимми таърихи давлатдории миллӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ гирд оварда шудаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин дастоварди таърихи навини миллати тоҷик ба шумор меравад. Дар тули 35-соли Истиқлол кишвари мо марҳалаи пурпечутоб, вале пурифтихори давлатсозӣ, барқарор намудани сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодиро сипарӣ намуд. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва таърихӣ мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо гардида, ба роҳи сулҳу созандагӣ ва пешрафт қадам гузошт. Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, заминаҳои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фароҳам оварда шуданд. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии миллӣ, бунёди инфрасохтори муосир, таҳкими амнияти миллӣ, болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳимми даврони истиқлол мебошанд.
 Маводди маҷмуа барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва доираи васеи хонандагон, ки ба омӯзиши таърихи навини Тоҷикистон ва масъалаҳои давлатсозии миллӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.
Ба нашр расидани чунин маҷмуаи илмӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими омӯзиш ва тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ саҳми муҳим хоҳад гузошт.