Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таърихи 15 апрели соли 2022 бахшида ба рӯзи илми тоҷик мизи мудавар дар мавзӯи «Тарзи навистани рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ» бо иштироки олимони ҷавон  баргузор гардид.

Сухани  муқаддимавиро  ҷонишини директори Институт оид ба илм ва таълим д.и.т. Ф. Абдурашитов оғоз намуд доир усул, тартиб ва қоидаҳои  навистани  рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ баромад намуд.Сипас олимони ҷавони Институт М. Наврузбеков, Н.Сафаров , А. Қараев оид ба методҳои инноватсионӣ, нашрияҳои электронӣ ва усулҳои нави муосири тадқиқоти илмӣ баҳсу мунозира намуданд.