Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи олмафрӯз.

Устодон, кормандон ва  ҳамдиёрони арҷманд!

  Бо камоли эҳтиром Шумо ва кулли сокинони сарбаланди кишварро аз номи олимону кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба Шумо сарсабзию хуррамӣ хушбахтию хонаободӣ ва дар корҳои эҷодӣ бурдбориҳо таманно дорем.

  Наврӯз, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, дар тамоми давру замон ба ягон мазҳабу дину оин алоқамандие надошта, аз тобишҳои сиёсии давру замон эмин монда, то имрӯз аз тарафи мардуми тамаддунофари тоҷик ва меросбарони дигар дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешавад. Инкишофи он аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Осиёи Марказӣ, бахусус Саразми Тоҷикистон, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун яке аз аввалин шаҳрҳои олам шинохта шудааст, сарчашма мегирад.

  Наврӯз чун бо хирад ва тафаккури созанда ҳамбастагӣ дорад, ормону орзуи инсонсозиро дар худ ғунҷонидааст. Дар гирудорҳои таърихӣ, ҳангоми лашкаркашии бегонагон аз қабили юнониёну арабҳо, турку муғул, қабилаҳои саҳроӣ ва афрангиён осори зиёди фарҳангию суннатҳои аҷдодии мо аз байн бурда шуданд. Борҳо аз ҷониби ин бегонагон кӯшиши маҳдудкунии ҷашни Наврӯз ва ё аз байн бурдани он ба миён омадааст. Аммо онҳо ба мақсади худ нарасидаанд ва баръакс ин ҷашни ориёиро пазируфтанд  ва худ низ аз он таҷлил карданд.

  Аҷдодони мо дар паҳнои таърих бо Наврӯз - ҷашни хеле бостонӣ ва фарҳангӣ саҳнаи тамаддунни инсонӣ фарҳанг ворид гардида, ба љомеаи башар пайғоми хираду дониш, фазилати инсонпарварӣ, меҳрварзию мардумсолориро расонданд. Шояд дар олам љашни дигар мисли Наврӯз вуҷуд надошта бшад, ки суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои гуногуни олам ҳамчун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ ҷашн гиранд.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Наврӯз бо тору пуди таърихи мо, ҳаёти халқи мо, бо адабу фарҳангу маънавиёти мо ва бо андешаву тафаккуру ҷаҳонбинии халқи мо пайванди ногусастанӣ дорад. Маросимҳои наврӯзии мардуми тоҷик ҷолибу зебо ва нотакроранд. Аз файзи Истиқлолият аст, ки Наврӯз дар саросари Тоҷикистон бо тантанаҳои бошукӯҳ баргузор мегардад».

  Бори дигар Шумо ҳамватанони азизро бо Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, бароятон осоишу саломатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ҷумла неъмати беинтиҳоро таманно менамоем!

Ҷашни Наврӯз муборак бод, ҳамдиёрони азиз!