Имрӯз, дар Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш муҳокимаи илмии ҷилди IX-и китоби «Таърихи халқи тоҷик» баргузор гардид.

   Ҷаласа бо иштироки васеи олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи таърих доир гардид. Иштирокчиён доир ба мазмун, асоснокии илмӣ ва саҳми ин ҷилд дар рушди таърихнигории муосири тоҷик фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

   Маҷмӯаи мазкур яке аз муҳимтарин таҳқиқоти муосир дар самти омӯзиши таърихи тоҷикон дар ибтидои асри XX ба ҳисоб меравад. Ҷилди IX ба таҳқиқи рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои 1917–1941, ки ба давраи барқарор ва мустаҳкам гардидани ҳокимияти шӯравӣ рост меояд, бахшида шудааст.

   Китоб бо такя ба манбаъҳои таърихии муътамад ва таҳлилҳои амиқи илмӣ таҳия гардида, заминаи муҳим барои таҳқиқи илмии ин давраи сарнавиштсоз фароҳам меорад.

   Таҳияи ин ҷилд зери таҳрири умумии олимони Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон анҷом ёфтааст ва он барои васеъ намудани дониши таърихии ҷомеа, хусусан муҳаққиқон ва донишҷӯён, аҳамияти калон дорад.

  Китоби мазкур ба сифати як манбаи гаронбаҳо барои ҳамаи онҳое тавсия мешавад, ки ба омӯзиши таърихи тоҷикон ва давраи Шӯравии ибтидоӣ таваҷҷуҳ доранд.