Ҳайати кормандони Шуъба 
 Аскаралӣ Раҷабов - мудири Шуъба

Қобилова Баҳринисо Туйчиевна -  сарходими илми

 

Шуъбаи таърихи санъат

 1-уми августи соли 1953 шуъбаи таърихи санъат таъсис ёфт. Аз ин рӯз дар илми Тоҷикистон соҳаи нави пажӯҳиш – илми санъатшиносӣ рӯи кор омада ва роҳбарии онро Нурҷонов Н.Ҳ. ба ӯҳда дошт.

 Аммо баъди як сол шӯъбаи мазкур бо шӯъбаи мардумшиносӣ мутаҳҳид карда шуд. Танҳо соли 1957 шӯъбаи таърихи санъат чун ниҳоди нави таҳқиқӣ аз нав барқарор шуд. Гурӯҳи хурди санъатшиносон дар ҳайати Н.Ҳ.Нурҷонов, В.А.Мешкерис, О.Л.Данскер ва баъдан Н.А.Белинская аввалин навиштаҳои илмиро ба нашр расониданд. Солҳои 1955,1956 дар Маскав рисолаҳои Н.Нурҷонов «Муҳаммадҷон Қосимов», «Театрии халқии тоҷик» ба нашр расид, дар Душанбе бошад аввалин маҷмӯаи санъатшиносӣ шуд. Ин навиштаҳо аз аввалин корҳои таҳқиқии он солҳо барои Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ муассир буд.

 Барои кор ва таҳқиқ шӯъба ба кормандони касбӣ ниёз дошт. Дар ҷумҳурӣ ягон мактаби олӣ ихтисосмандони соҳаи санъатшиносӣ омода наменамуд. Шӯъба ягона марказе буд,ки аз ашхоси дорои маълумоти забон ва адабиёт, рассом, санъатшинос, театршинос, киношинос тайёр менамуд ва онҳоро барои бозомӯзии асосҳои назарии ҳунарҳои бадеӣ ба марказҳои таҳқиқии ҳунаршиносии Маскаву Ленинград мефиристод.

 Дар як муддати кӯтоҳ шӯъба дорои ихтисосмандони касбӣ ва ба яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқии масоили таърих ва назарияи ҳунарҳои бадеӣ – меъморӣ,санъати тасвирӣ,театр,кино, мусиқӣ ва амсоли ин (аз аҳди бостон то имрӯз) дар ҷӯмҳурӣ табдил ёфт ва эътибори шоиста касб кард.

 Ихтисосмандони касбӣ дар шӯъба ба камол расиданд ва дар заминаҳои гуногуни ҳунарҳои бадеӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифо намуданд. Аз ҷумла санъатшиносон В.А.Мешкерис, Н.А.Белинская, М.О.Рӯзиев, Н.З.Юнусова, тетршиносон М.Шарофов, М. Эркабоев, Б.Хураммова, киношиносон Аҳроров, Ҳ.Муҳаммадқулов, мусиқишиносон З.М.Тоҷикова, Э.Р.Гейзер, Б.Т.Қобилова,таърихи меъморӣ М.Мамадназаров, Р.Додобоев, таърихи фарҳанг ва ҳунар А.Раҷабов ва дигарон доир ба масоили таърих ва назарияи санъат таҳқиқоти арзишманд нигоштанд. Зумраи дигари пажӯҳишгарони шӯъба Л.Н.Винокурова, Л.Ш.Қиёмова, М.Хоркашев, С.Ҳақдодов, Л.Айнӣ, Ш.Анорқулова, Т.Мирова, М.Мирсаидов ва дигарон низ доир ба масоили муҳими театр, санъати тасвирӣ, эҷодиёти мардумӣ низ корҳои таҳқиқи бурда, навиштаҳои зиёде рӯи кор оварданд, вале бо сабабҳои гуногун рисолаҳои номзадӣ дифо нанамуданд.

 Шӯъба аз ибтидои фаъолияти таҳқиқиаш ба гирдоварию баррасии жанр ва шаклҳои осори ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла мусиқӣ, театрӣ, рақси мардумӣ, саноеи амалию ҳунармандӣ муназзам кор бурд.Аз ин рӯ таҳти роҳбарии Н.Нурҷонов ҳар сол пажӯҳишҳои майдонии комплексии санъатшиносӣ дар манотиқи Зарафшону Суғд(Ленинобод), Кӯлобу Хатлон, вилояти Мухтори Бадахшони кӯҳӣ,инчунин маҳалҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон гузаронида шуда ва намунаҳои нодири шаклу анвои осори ҳунарҳои бадеӣ гирдоварӣ мешуданд.Тавассути ин пажӯҳишоти майдонӣ намунаҳои зиёди осори шеърию мусиқии мардумӣ гирдоварӣ ва ба навори магнитӣ сабт шуданд,ки ин осор хазинаи тиллоии Институт маҳсуб шуда ва аз лиҳози бадеӣ қаринаи худро надоранд.

 Бар пояи ин осори гирдоварию таҳқиқшуда чор маҷмӯаи санъатшиносии «Санъати халқи тоҷик», рисолаҳои «Санъати амалии ороишии кӯҳистони Тоҷикистон (бофандагӣ)», «Қавонини зебоӣ» (зери назари Н.Белинская), М.Рӯзиев «Санъати чӯбкории Чоркуҳ», «Санъати амалию ҳунармандӣ», Н.Белинская «Санъати ороиши меъмории шимоли Тоҷикистон», Н,Юнусова «Гулдӯзии тоҷик», Л.Айнӣ «Санъати Осиёи Миёна дар замони Ибни Сино» ва амсоли ин ба нашр расиданд.

 Маводи пажӯҳишҳои майдонии санъатшиносӣ инчунин заминаи муҳим барои пажӯҳишоти кормандони шӯъба Н.Нурҷонов, З.Тоҷикова, Г.Юсуфӣ (Юсупова С.), Б.Қобилова гардида ва маҷмӯаҳои «Санъати мусиқии Помир» (ду ҷилди аввал : Н.Нурҷонов, Ф.Кароматов, нашри Маскав [1978,1986,ҷилди сеюм:Н. Нурҷонов, Ф.Кароматов, Б. Қобилова, Бишкек,2010] гардида ва дар ин пажӯҳишот рангомезии жанрию мавзӯии санъати мусиқии Помир,ки саршор аз сурудҳои лирикӣ, мавсимию маросимӣ,достону афсонаҳо,анвои мухталифи эҷодиёти театри мардумианд,мавриди барррасӣ шудаанд.

 Бар пояи пажӯҳишоти майдонии Бухоро бошад рисолаи Н.Нурҷонов «Ҳаёти театрию мусиқии пойтахти давлати Сомониён» (Душанбе, 1999), маҷмӯаи Н.Нурҷонов, Б.Қобилова «Мавригӣ» (бо диски мусиқӣ, Душанбе,2008) намунаи баргузидаи осори мусиқии ҳирфаӣ оварда шудаанд.

 Инчунин бар пояи захираи нодири мусиқии Институт бо кӯшиши кормандони шӯъба маҷмӯаи ҷолиби «Гулчине аз гулзори фалак» таҳия шуда ва манзури иштирокдорони аввалин Симпозиуми байналмилалии «Фалак ва эҷодиёти бадеии мардумони Осиёи Марказӣ»(Душанбе,2004) гардонида шуд.

 Солҳои 1958-1988 дар ҷараёни пажӯҳишоти майдонӣ кормандони шӯъба аз бойгониҳо тавсирҳо оид ба театри анъанавию муосири тоҷик, саҳнаҳои ҷолиби намоишномаҳои театрҳои пойтахту ҷумҳуриро гирдоварӣ намуда, хазинаи тасвирии рангине мураттаб сохтанд. Суратгирони шӯъба бошанд мутассил намоишномаҳои ҳунариро нусхабардорӣ намуда ва бойгонии тасвириро ғанӣ менамуданд. Махсусан тасвирҳои аз бойгонии ТААС,музеи марказии театрии ба номи А.А.Бахрушин,бойгонии шахсии суратгирон (аз ҷумла оид ба Малика Собирова) ҷамъовардаи Н.Нурҷонов намунаҳои нодири тасвирии шӯъбаро ташкил медиҳанд.

 Дар ин солҳои Шӯъбаи таърихи санъат ба яке аз марказҳои илмии театршиносии ҷумҳурӣ ва бурун аз он табдил ёфт. Таърихи таҳаввули санъати театрии тоҷик аз оғоз до имрӯз тавассути пажӯҳишоти профессор Н.Нурҷонов ба риштаи таҳқиқ омада, дар он бештар масоили таърих ва назарияи санъати театр, драматургияи миллӣ, режиссура, хореография, сенография, мактаби актёрӣ ва ҷараёни таҷассуми таърихи дирӯзу имрӯзи тоҷикон дар санъати театр ва амсоли ин ба риштаи пажӯҳиш омадаанд.Бо кӯшиши театршиносони шӯъба солномаи рушди санъати театри халқии тоҷик аз асрҳои миёна то имрӯз бо тозакориҳои таҳқиқӣ қаламдод шудаанд. Ин ҷо хотирнишон намудани рисолаи Н.Нурҷонов «Театри халқии тоҷик» (1956) ҷоиз буда, навиштаи мазкур назди пажӯҳишгарон эътибори хоса касб намудааст. Зимни ин муаллиф дигар паҳлӯҳои театри тоҷикро дар навиштаҳои «Драмаи халқи тоҷик» (1985), «Ҳаёти театрию мусиқии пойтахти давлати Сомониён» (2001), «Театри анъанавии тоҷикон» (иборат аз ду китоб, 2002) қаламдод намудааст. Соли 2004 барои ин ду асар муаллиф барои дарёфти ҷоизаи байналмилалии «Китоби сол» (Ҷумҳурии исломии Эрон) комёб шуд.

 Пажӯҳиши ҳаёти театри муосири тоҷик дар корҳои таҳқиқии шӯъба мавқеи хоса касб карда, ин мавзӯъ дар рисолаю очеркҳои Н.Нурҷонов «Таърихи театри тоҷик» (очерки таърихӣ,1968), «Таърихи театри советии тоҷик»(иборат аз ду китоб,1967,1990), «Очеркҳо оид ба таърихи театри драмавии тоҷик»(2008), М.Шарофов «Мазҳака дар саҳнаи тоҷик», Б.Хуррамова «Саҳна ва чеҳраҳои таърихӣ», М.Таваров «Театр ва истиқлолият « ва амсоли ин мавриди таҳқиқ шудаанд. Зимни ин дар навиштаҳои театршиносӣ роҳи эҷодии театрҳои ҷумҳурӣ, чеҳраҳои номвари театр,аз ҷумла «Театри Ордени Байрақи Сурхи меҳнатдори театри академии ба номи Лоҳутӣ» (1957), «Театри опера ва балети Тоҷикистон»(2010), «Муҳаммадҷон Қосимов» (1955), «Аслӣ Бурҳонов»(1982), «София Тӯйбоева» (1993), «Хайрӣ Назарова» (1999), «Тӯҳфа Фозилова»(2000), «Ҳоҷиқул Раҳматуллоев» (2005), «Малика Собирова» (2005), «Фаррух Қосимов» (2008), «Маҳмуд Воҳидов» (2009), «Гулчеҳра Бақоева» (2009) ва ғайра низ маврид пажӯҳиш қарор гирифтаанд.

 Пажӯҳишгарони шӯъба доир ба маданияти мусиқии тоҷикон рисолаҳои бунёдию арзишмандеро бар пояи манобеи хаттӣ анҷом дода,зимни ин дар иртибот ба санъати мусиқии ҳирфаӣ ва пояҳои мардумии он, оҳангсозии муосир низ корҳои зиёде рӯи кор омаданд.Нашри рисолаҳои профессор А.Раҷабов «Наҷмиддини Кввкабӣ ва рисолаи мусиқии ӯ»(1985), «Маҳмуди Ҳусайнӣ ва қонуни мусиқӣ» (1987), «Маданияти мусиқии тоҷикон дар садаҳои ХI11-ХIV» (1987), «Нағмаи ниёкон»(1988), «Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои ХI1 – ХV «(1989), «Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён» (2000), «Суннатҳои устодонаи мусиқии замони Сосониён» (2004), «Борбад ва замони ӯ»(2004), «Мусиқии тоҷикон ва суннатҳои таърихии он дар садаҳои ХVI – XVII» (2008), «Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ»(2007), «Борбад: замон, суннат ва навоварӣ»(2009). «Донишномаи Шашмақом» (2010), «Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV-VII» (2011), «Борбад ва Рӯдакӣ:меросбари ва умумияти анъана» (2013) ва амсоли ин масоили таърих, назария, ташаккулу рушди суннатҳои устодонаи мусиқии тоҷикон аз аҳди бостон то оғози садаи ХХ усулан бар пояи сарчашмаҳои хаттӣ қаламдод шудаанд.

 Масоили марбут ба эҷодиёти композиторон бошад дар навиштаҳои Э.Р.Гейзер «Мусиқии созии композиторони тоҷик (анъана ва имрӯз)» (1987), Б.Т.Қобилова «Таърихи эҷодиёти композиторӣ дар Тоҷикистон» (2008) бори аввал таърихи якасраи мактаби оҳангсозии касбӣ дар ҷумҳурӣ,аз эҷоди аввалин сурудҳои иқилобӣ то асарҳои таркибан бисёржанраи мусиқӣ ба риштаи таҳқиқ омадаанд.Зимнан пажӯҳишгарони шӯъба дар гирдоварию муназзам намудани ҳаёти мусиқии навини тоҷик ҳам корҳои солномаро анҷом дода, натиҷаи он дар чор маҷмӯаи солномаи мусиқии «Ҳаёти мусиқии Тоҷикистони советӣ «(1974,1975,2011),ки солҳои 1917-1978-ро фаро гирифтааст, аз дидгоҳи таърихию хронологӣ муассир аст.

 Дар шӯъбаи таърихи санъат доир ба омӯзиши санъати кино таҳқиқоти хоса низ анҷом ёфта, киношиносон А.Аҳроров, Ҳ.Муҳаммадқулов (Сабоҳӣ) солҳои зиёд дар ин замина масоили таърих ва назарияи кинои миллии тоҷикро дар навиштаҳояшон баррасӣ намудаанд.Таълифоти А.Аҳроров «Кинои тоҷик (1929-1969)», «Кинои тоҷик (солҳои 1969-1974)», А.Аҳроров, С.Азизова «Кинои тоҷик (1982)», Ҳ.Сабоҳӣ «Паҳлӯҳои таҷассумнамоӣ», «Таҷассуми кинематографии осори С.Айнӣ», Ш.Арабова «Кинои ҳуҷҷатӣ дар фарҳанги садаи ХХ тоҷик»(2007) ва амсоли ин саҳифаҳои рангину муассири кинои тоҷикро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

 Санъати ороишии амалию ҳунармандӣ дар таърихи ҳунарҳои тоҷик нақши муссир дорад. Гирдоварию таҳқиқи ин мавзӯъ дар навиштаҳои кормандони шӯъба Н.Белинская, М.Рӯзиев, Н.Юнусова (навиштаҳои ишон қаблан зикр шуда), Г.Майтдинова инъикоси хешро ёфтаанд. Дар рисолаҳои Г.Майтдинова «Либоси Тохаристони бостонӣ: таърих ва иртибот»(1996), «Таърихи либоси тоҷик» (иборат аз ду китоб, 2004) ташаккул ва сайри таърихии сару либоси тоҷикон аз аҳди бостон то оғози садаи ХХ бар пояи маводи бостоншиносию тамаддуни моддӣ (дар муқоиса ба осори санъати тасвирӣ)ба риштаи таҳқиқ омада ва ин рисолаҳо дар илми Осиёи Марказӣ бо амиқияти маводи таърихию таҳқиқӣ эътибори хоса доранд.

 Санъати минётур ҳам яке шохаҳои муҳим ва таркибии санъати тасвирии тоҷикон маҳсуб шуда, таърихи таҳаввулу рушди ин навъи эҷодиёти бадеӣ дар рисолаҳои М.Ашрафӣ «Ҷомӣ дар минётурҳои садаи ХVI»(1965), «Шеъри форсӣ – тоҷикӣ дар минётури садаҳои ХIV-XVII» (1974), «Аз таърихи ривоҷи минётури Эрон дар садаи XVI»(1987), «Беҳзод ва ривоҷи мактаби минётури Бухоро дар садаи Х VI» (1987), «Минётури тоҷик: мактаби Бухоро садаҳои ХVI – XVII» (2010), «Минётури тоҷик: аз Беҳзод то Ризои Аббосӣ» (2011) ва амсоли ин дар заминаи маводи нодири бойгониҳои машҳури Шарқу Ғарб, сабк ва пояҳои устувору рангин ва муассири мактабҳои бадеӣ дар ин садаҳо басе рангин қаламдод шудаанд.

 Ҳамсон пажӯҳишгарони шӯъбаи таърихи санъат нерӯҳои таҳқиқиашонро барои ширкат ва навиштани асарҳои дастаҷамъии марказҳои таҳқиқӣ низ сафарбар намуда, дар ин замина ҳамкории пурсамар бо ҳайати илмии Институти таърихи санъат ва Институти назария ва таърихи санъати тасвирии Маскав муассир аст. Аз ҷумла навиштани бобу фаслҳои асарҳои дастаҷамъии «Таърихи театри драмавии советӣ», «Таърихи мусиқии халқҳои СССР», «Таърихи кинои советӣ», «Таърихи санъати тасвирии халқҳои СССР», «Таърихи театршиносии советӣ», «Саъати актёрӣ. Солҳои 50-70», «Театрии фолклории халқҳои СССР», инчунин дар навишти мақолаҳои ҷудогонаи асарҳои «Энциклопедияи советӣ» : «Балет», «Луғати кино», «Энциклопедияи театр», «Энциклопедияи мусиқӣ» ва ғайра саҳми хоса гузоштанд. Муҳаққиқони шӯъба дар навиштани мақола,фаслҳои асарҳои бисёрҷилдаи «Энциклопедияи советии тоҷик», «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», асарҳои маҷмӯии «Ҷумҳурии социалистии советии Тоҷикистон», «Ленинномаи тоҷик» ва амсоли ин низ ширкати бевосита доштанд.

 Кормандони шӯъба бо гузашти замон ва андӯхтани таҷрибаи бои таҳқиқӣ дар ҳаллу фасли бисёр масоили таърих ва назарияи санъатҳои бадеӣ, аз ҷумла таҳияи таърихи санъати тасвирии тоҷик(иборат аз ду китоб) аз аҳди бостон то имрӯз кӯшиш ба харҷ дода ва мебояст анҷом меёфт,вале бо сабаби рухгирии воқеоти сиёсии кишвар дар охири садаи ХХ он анҷом наёфт ва аз чоп берун наомад. Зимни ин қисме аз кормандони шӯъба бо сабабҳои маълум ҷои кору зисти хешро тағйир дода, гурӯҳе аз онҳо ҷумҳуриро тарк намуданд.

 Аз соли 1999 сарварии шӯъбаро доктори илмҳои таърих, профессор А.Раҷабов ба зима дорад. Дар ин солҳо шӯъба барои амалӣ шудани барномаҳои илмӣ дар таҳияи асарҳои дастаҷамӣ доир ба таърихи фарҳанг ва санъати тоҷик нерӯҳои таҳқиқиро аз нав сафарбар намуд. Аз сабаби он ки сафарҳои илмӣ ва пажӯҳишҳои майдонӣ маблағгузорӣ намешуданд, қисмк аз кормандони шӯъба бар пояи маводи солҳои қаблӣ гирдоваришуда таҳқиқот анҷом доданд. Аз ҷумла кори анҷом наёфта ва нашрнашудаи корманди собиқи шӯъба Н.Белинская «Санъати амалию ҳунармандии тоҷикон»-ро А.Раҷабов аз нав такмилу таҳрир намуда, соли 2010 ба нашр расонид.

 Кормандони шӯъба дар омӯзишу баррасии масоили санъати меъморию шаҳрсозӣ, осори мӯҳташами бинокорӣ амалию ҳунармандии Тоҷикистон низ саҳми арзанда доранд. Пажӯҳишҳои майдонӣ, ки солҳои зиёд кормандони илмии шӯъба дар манотиқи ҷумҳурӣ ва бурун аз он дар ин замина гузаронида ва осори нодиреро гирд оварданд. Бо кӯшиши олимон М.Рӯзиев, Н.Белинская, Н. Юнусова, М.Мамадназаров, Р,Додобоев ва дигарон осори ҳунарии навоҳии ҷумҳуриро таҳқиқ намуданд ва ин осор дар мақолаву рисолаҳои академии ҷудогонаю фардӣ ба риштаи таҳқиқ омаданд. Зимни ин пажӯҳишгарон бар пояи маводи бинокорию ҳунарҳои бадеии гирдоваришуда рисолаҳои номзадию докторӣ низ дифо намуданд.

 Дар оғози садаи ХХI дар шӯъба марҳилаи нави омӯзишу баррасии меъморию шаҳрсозӣ оғоз шуда, корҳои таҳқиқии дар ин замина рӯи кор омада ба фаъолияти илмии доктори меъморӣ, профессор Р.Муқимов дар иртибот аст. Доир ба ин мавзӯъ Р.Муқимов чандин рисолаҳои таҳқиқии академӣ дар иртибот ба санъати шаҳрсозӣ, таърих ва назарияи бинокорӣ аз қабили «Таърих ва назарияи обидаҳои тоҷик»(2002), «Сарчашмаҳои санъати бинокории ориёии Осиёи Марказӣ» (2000), «Мероси меъморию бадеии Осиёи Марказӣ» (2006), «Таърих ва назарияи шаҳрсозии тоҷик» (2009), «Санъати бинокории саргаҳи Зарафшон» (2010) ва амсоли ин нигоштаааст.

 Дар ин таълифот ва навиштаҳои таҳқиқии дигар нахустин бор масоили таъриху назарияи санъати бинокории Осиёи Марказӣ, шаҳр ва шаҳрсозии Тоҷикистон, ташаккул, шаклу сохти шаҳрсозӣ дар ҳамсонӣ ба фарҳанги ориёиҳо натиҷагирӣ шудаанд. Ин масоил дар маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Уструшани бостонӣ: шаҳрҳо,даврабандӣ ва махсусиёти онҳо» (2003), «Ориёно ва Ориёвич» (2006), «Маводи сохтмонии Осиёи Марказӣ: анъана ва имрӯз (масоили нигаҳдошту тармими мероси фарҳангии гилӣ»(2008) ва ғайра ба қалам омадаанд.

 Шӯъбаи таърихи санъат чун аз ниҳодҳои илмӣ ба таҳия ва нашри «Маҷмӯи осори таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон», ки дар асари чорҷилда  тамоми осори таърихию меъморӣ, фарҳангӣ, шаҳрсозӣ ва санъати мӯҳташами Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи асноди дақиқ баррасӣ шудаанд.

 Кормандони Шӯъба дар таҳияи асари академии шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» низ ширкат намуда, фаслҳои «Санъати мӯҳташам» (Р.Муқимов), «Санъати мусиқӣ»(А.Раҷабов)-ро навиштанд.

 Фаъолияти таҳқиқии шӯъба дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурвусъату рангин ҷараён гирифта, дар нашри асари чорҷилдаи академии «Очеркҳои таърих ва назарияи фарҳанги тоҷик» (2001, 2006, 2009, 2010), ки масоил, паҳлӯҳои норавшану проблемавии таърих ва назарияи фарҳанг, санъатҳои амалию ҳунармандӣ,тасвирӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мусиқӣ, театру кинои тоҷик ва амсоли ин бар пояи маводи навтарин бо диди нави таҳлилӣ ба риштаи таҳқиқ омадаанд.

 Зимни ин бо саъйю қӯшиши кормандони шӯъба тарҳрезии барномаҳои илмӣ ва таҳияи маводи чандин конференция ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба 1400-солагии Борбад,1000-солагии сароиши «Шоҳнома», 1100-солагии давлати Сомониён, 545-солагии Камолиддини Беҳзод, 2700-мин соли интишори «Авесто» ,3700-солагии фарҳанги зардуштия, Соли фарҳанги ориёӣ, 1150-солагии Рӯдакӣ, 1310-мин солрӯзи Имом Абуҳанифа ва ғайра дар пояи баланди таҳқиқӣ анҷом пазируфтанд. Натоиҷи ин ҳамоишиҳои илмии байналмилалӣ дар шакли маҷмӯаҳои илмии академии «Борбад, замон ва анъанаҳои фарҳангӣ» (1989), «Борбад ва сунннатҳои бадеии мардумони Осиёи Марказӣ ва Миёна: дирӯз ва имрӯз» (ба забонҳои русӣ ва англисӣ,1990),  «Саҳми мардумони эронӣ дар рушди тамаддуни башарӣ» (ба забонҳои русӣ ва англисӣ,1992), «Шоҳномаи Фирдавсӣ падидаи бузурги фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» (ба забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ,1994), «Шоҳномаи Фирдавсӣ баъд аз 1000-сол» (ба забони англисӣ, 1994),»Камоли Хуҷандӣ: замон ва нақши он дар таърихи фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ» (ба забони англисӣ,1996), «Сомониён ва эҳёи тамаддуни форсӣ – тоҷикӣ» (ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфоти форсӣ,1998), «Сомониён: замон ва заминаҳои фарҳангӣ» (2007), «Авесто дар таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ» (2001), «Камолиддин Беҳзод ва масоили актуалии фарҳанги Осиёи Марказӣ» (2001), «Фарҳанги маънавии тоҷикон дар таърихи тамадддуни ҷаҳонӣ»(2002), «Зардуштия ва нақши он дар таърихи фарҳангиОсиёи Марказӣ ва Шарқи Миёнаю Наздик»(2003), «Аз сурудаҳои Зардушт то оҳангҳои Борбад» (2003), «Абу Алии Сино ва саҳми ӯ дар тамадддуни ҷаҳонӣ» (2005), «Фарҳанги ориёӣ дар ҳамоҳангӣ бо тамаддуни Авроосиё» (базабонҳои русӣ ва англисӣ,2006),»Рӯдакӣ: дирӯз ва имрӯз» (ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, 2007), «Рӯдакӣ ва анъанаҳои бадеии мардумони Осиёи Марказӣ ва Ҳинд» (ба забонҳои русӣ ва англисӣ, 2008), «Замони Имоми Аъзам ва нақши он дар таърихи фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик» (ба забонҳои русӣ ва англисӣ, 2009) ва амсоли ин манзури аҳли илми Тоҷикистону кишварҳои Шарқу Ғарб гардонида шуданд.

 Зимни ин тавассути таҳқиқоти олимони шӯъба доир ба нақши асосгузори системаи мусиқии устодонаи тоҷику форс Борбади Марвазӣ (А.Раҷабов) на фақат бори аввал Симпозиум ва фестивали байналмилалии мусиқӣ дар Тоҷикистон (Душанбе,1990),ки аҳли ҳунар ва таҳқиқии зиёда аз 36 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд, гузаронида шуд ва дар иртибот ба ин мавзӯъ чандин таҳқиқоти академӣ рӯи кор омаданд.

 Баробари ин олимони шӯъба дар навишти асарҳои ҷомеӣ энциклопедии «РСС Тоҷикистон»(1984), «Энциклопедияи советии тоҷик»(иборат аз 8 ҷилд 1978-1988), «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (иборат аз 3 ҷилд,1988,1989,1994),»Фарҳанги истилоҳоти санъатшиносӣ» (2003), «Энциклопедияи Душанбе» (2004), «Донишномаи Рӯдакӣ» (иборат аз 2 ҷилд,2008) ва ғайра саҳми хоса гузошта ва барномарезии чандин конференция, симпозиумҳои байналмилалии илмӣ доир ба 1400-солагии Борбад,1100-солагии давлати Сомониён, «Авесто», фарҳанги зардуштия, ҳаёт ва фаъолияти Камолиддин Беҳзод, соли фарҳанги ориёӣ, «Шашмақом», «Фалак» ва амсоли инро ба ӯҳда доштанд.

 Олимони шӯъба иштирокдори чандин конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик, мамолики муштаракулманофеъ ва Аврупо буда,бо маърӯзаву мақолаҳо арзишҳои муҳим масоили дирӯзу имрӯзи фарҳангу ҳунари тоҷикро муаррифӣ намудаанд.

 Шӯъбаи таърихи санъат имрӯз чун маркази ягонаи бонуфузи илмию таҳқиқии академӣ осор, таъриху назарияи фарҳангу ҳунари тоҷик дар ҷумҳурӣ ва бурун аз он эътибори шоиста касб кардааст.