kobilova_b.jpg
 
Қобилова Баҳринисо Туйчиевна   
доктори илмҳои таърих       
сарходими илмии шуъбаи таърихи санъат    
+(992) 935142077    
Почтаи электронӣ - bahri60@mail.ru     
 
 
 
 
 
Қобилова Баҳринисо Туйчиевна - Соли 1978 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии миёнаи махсуси мусиқии ба номи П.И.Чайковскийро (ҳоло З. Шахидӣ) хатм кардааст. Соли 1983 шӯъбаи таърихӣ-назариявии Консерваторияи давлатии ба номи П.И. Чайковскии шаҳри Маскавро хатм кардааст. Ӯ устоди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистони ба номи М. Турсунзода (1983-1986) буд. Солҳои 1986-1991 дар аспирантураи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Солҳои 1992 – 1996 – ходими хурди илмӣ, 1996 – 2003 – ходими илмӣ ва соли 2003 ба вазифаи котиби илмии институт таъин гардид. Соли 2005 дар Шӯрои диссертатсионии институт бо роҳбарии академик Р. Масов дар мавзӯи «Таърихи ташаккул ва рушди санъати оҳангсозӣ дар Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Соли 2012 бо қарори Шӯрои олимони институт муовини директор оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ интихоб шуда, ҳамзамон корманди пешбари илмии институт буд. Моҳи апрели соли 2016 дар Шӯрои диссертатсионии институт дар мавзӯи «Таърихи фарҳанги мусиқии Тоҷикистон дар солҳои 1917-1957» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Аз соли 2017 то ба имрӯз - сарходими шуъбаи таърихи санъат мебошад.
Самтҳои илмӣ: масъалаҳои таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва Тоҷикистон, аз ҷумла, фарҳанги мусиқӣ.
Узви Ташкилоти байналхалқии эҷодиёти халқи ЮНЕСКО, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.
Лауреати мукофоти давлатии ба номи Борбад (2021).
Аз соли 2022 - котиби илмии шӯрои диссертатсионии назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ва узви шӯрои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тотористон.
Дар як қатор конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ​​симпозиуму семинарҳо бахшида ба проблемаҳои таърих, фарҳанг ва ҳунар, мусиқии анъанавӣ ва муосир, театр, инчунин проблемаҳои гендерӣ иштирок кардааст. Дар Тоҷикистон ва берун аз он баромадҳо кардааст.
Интишорот: 9 монография, зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ.
 
Китобҳои нашршуда дар солҳои ахир:
 
  1. История композиторского творчества в Таджикистане (Отв. редактор академик Масов Р.М.). – Душанбе, 2008. – 156 с.
  2. Мавриги. – Турция: Мега Басим, 2008. – 550с. (в соавторстве с Н.Нурджановым).
  3. Музыкальное искусство Памира. – Бишкек, 2010. – Кн. 3. – 615с. (в соавторстве с Ф.Кароматовым и Н.Нурджановым).
  4. Альбом «Музыка Бухары». Из музыкальной коллекции Института истории, археологии и этнографии им. А.Дониша (в соавторстве с Н.Нурджановым).- Турция: Мега Басим, 2010.
  5. Музыкальное искусство Памира. -Бишкек, 2014. – Кн.4. – 396с. (в соавторстве с Н.Нурджановым).
  6.  Музыкальное искусство Памира. - Бишкек 2015. – Кн.5. – 268с. (в соавторстве с Н.Нурджановым).
  7. История музыкальной культуры Таджикистана в 1917-1957 годы. (Отв. редактор академик Масов Р.М.) – Душанбе, 2020. – 300 с.
  8. Традиционная музыкальная культура /Таджики. – М., 2021. – С.659-684.