ПАРЧАМ – МУҲИМТАРИН НАМОДИ ДАВЛАТДОРӢ
Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА бахшида ба Рӯзи  Парчами миллӣ.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, Рӯзи Парчами миллӣ, ки ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, аз ҷумлаи иду ҷашнҳои миллии даврони соҳибистиқлолӣ буда, гувоҳи барҷастаи эҳтирому арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва оини чандинҳазорсолаи давлатдории аҷдодӣ ба шумор меравад.
Имрӯз бо камоли эҳтиром ва ифтихори бузург тамоми сокинони ҷумҳуриро ба муносибати ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ аз номи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш ва шахсан аз номи худам табрик гуфта, барои ҳар як сокини кишвари азиз саломатию саодати зиндагӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузургро дар зиндагӣ ва кору фаъолият  таманно дорам.
Тоҷикон аз замонҳои қадимтарин соҳибдавлату соҳибпарчам  мебошанд ва ибтидои парчамдории ин халқи тамаддунофар ҳамон Дирафши Ковиёнӣ мебошад, ки ҳамеша аҷдоди моро ба дифои марзу бум ва ва фарҳангу суннатҳои ориёӣ ҳидоят менамуд. Имрӯз Парчами миллӣ ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик дар тамоми қаламрави кишвар ва арсаи ҷаҳон партавафшонӣ менамояд.  Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парчамбардори созандагию бунёдкории кишвари соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад».
Имсол таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ба айёме рост омадааст, ки то ҳанӯз дар кишвари маҳбубамон тантанаҳои Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ идома дошта, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами шарафу ифтихор ва созандагию бунёдкориро баланд бардошта, барои фардои дурахшон аз сидқи дил меҳнат менамоянд. Мову шуморо лозим аст, ки ҳар лаҳза бо ифтихор аз соҳибдавлатию дастовардҳои замони Истиқлол, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллиро ба ҷой оварда, фарзандону пайвандони худро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ тарбия намоем.   
Фарорасии Рӯзи Парчами миллиро бори дигар ба ҳамаи Шумо –ҳамватанони азиз шодбош гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Бигзор, ҳамеша Парчами миллӣ - парчами фатҳу кушоиш ва саодату сарфарозии миллату давлати тоҷик парафшон бошад!
Рӯзи Парчами миллӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!