ПАЁМ – ОИНАИ ҲАЁТИ БОНУВОН
 Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд.
Эмомалӣ Раҳмон
 Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамаи паҳлуҳои мубрам ва муҳими ҷомеаро баррасӣ намуданд. Дар Паёми навбатии худ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи занону бонувон дар пешрафти ҷаҳони муосир диққати махсус доданд, ки он ба дили хурду калон муҳаббати ободкориву созандагӣ, ватандориву, ватандӯсторӣ, худшиносӣ ва худогоҳиро афзун менамояд. Ҳукумати мамлакат барои мунтазам беҳтар гардондани вазъи иҷтимоии бонуфузи ҷомеа ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва кор дар дигар соҳаҳо торафт бештар ҷалб мешаванд.
  Хушбахтона, Ҳукумати ҷумҳӯрӣ бо роҳбарии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, беҳтар намудани рӯзгор ва маишати онҳо, беҳдошти саломатии онҳо қонун ва қарорҳои хеле муҳим қабул намуданд. Ҳоло занону бонувони фаъол дар парлумони ҷумҳӯрӣ, вазорату идораҳои воломақом, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо торафт мақоми шоистаро ишғол намуда истодаанд.
Тавре дар Паём Пешвои миллат зикр намуданд: “тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд”.
 Дар Паём қайд шуд, ки тибқи маълумотҳои омори “ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25-фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд”.
Инчунин, Пешвои миллат иброз намуданд, ки “бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурӯстӣ 71 фоиз, фарҳанг 47 фоиз, бонкдори 39 фоиз, алоқа 25 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилооти қариб 40 фоиз мебошанд”...
 “Илова бар ин барои дастгирии занону бонувон грантҳои президенти таъсис дода шуд, ки ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд”.
Бонувони соҳибкори тоҷик дар бунёди марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ ва сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои томактаби, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Дар Паём омадааст, ки “соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад”.
Пешвои миллат инчунин қайд намуданд, ки “дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд”...Чунон ки ба ҳама маълум аст “дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд”.
 Дар ҳақиқат, занону бонувони тоҷик бо сабру таҳаммул, ифату порсоӣ меҳру садоқат ва гузашта аз ин, бо кору пайкори созанда ва заҳмати софдилона номи Зан-Модарро маҳбуби қалбҳо гардонидаанд.
 Пешвои миллат иброз доштанд, ки“Мо тасмим дорем, ки ҷалби занону бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд, ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”... “ Мо ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.
Тавре мебинем, чун анъана, Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш низ ба масъалаи занон диққати махсус дода, натиҷаҳои ба даст овардаро дар ин соҳа таҳлил намуданд ва нақшаҳои минбаъдаро муайян намуданд. Боварии комил дорем, ки ҷалби минбаъдаи бонувон ба корҳои давлативу ҷамъиятии кишвар ба рушд нумӯи минбаъдаи он мусоидат хоҳед кард.
Мо занону бонувон гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раҳнамои худ дар зиндагӣ қарор дода, бо азми комил дар ободиву гулгуншукуфоии ватани азизамон сайъ менамоем. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии хеш мавқеи устуворро касб менамояд, ки дар ин ҷода саҳми Пешвои миллат назаррас буда, иқдомҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндагон сабақи рӯзгор хоҳад буд.
 
 
 Шоиста Исматзода - ходими илмии
 Институти таърих, бостоншиносӣ ва
 мардумшиносии ба номи А. Дониши
 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон