ТАБРИКОТ
Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА бахшида ба ифтихори Рӯзи Модар.
Модарон ва хоҳарони азиз!
Дар ситоиши Модар ва Зан дар паҳнои таърихи шашҳазорсолаи халқи тоҷик волотарин ва беҳтарин суханҳо гуфта шудаанд. Ҳанӯз дар матнҳои қадимтарин, пеш аз ҳама суғдиву бохтарӣ, паҳлавӣ, тоҷикӣ-форсӣ Зан-Модар зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди асил ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.
Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлолу озоди мо занон мақоми хосаю волоро ишғол намуда, соҳиби ҳуқуқи комил, озод ва неруи бузурги созандаву бунёдкори ҷомеа мебошанд. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ низ ҷиҳати татбиқи нуктаҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, барои фаъолияти босамари занон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз қисми зиёди кормандони Институтро занону духтарон ташкил медиҳанд ва бо маҳорату истеъдоди фавқулода ва ҳисси баланди ватандориву хештаншиносӣ дар амалисозии ҳадафҳои фарҳангпарваронаи давлату ҳукумат содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Хизматҳои бонувони зебои кишвар дар рушди Тоҷикистони азизамон хеле назаррас мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззати эҳтироми модарону занон арҷ гузошта, қайд намуданд, ки «Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба Зан-Модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошад».
Мо ба такя ба нексириштӣ ва азму талоши созандаи Шумо занони қавииродаву ташаббускор, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошед, Тоҷикистони азизамонро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил хоҳем дод.
Бори дигар бонувони азизро бо ҷашни фархунда - Рӯзи Модар табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, хушбахтиҳои бепоён ва сарбаландиву пирӯзиҳо таманно менамоем!