ТАБРИКОТИ НАВРӮЗӢ
Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи олмафрӯз.
Ҳамдиёрону ҳамватанони арҷманд!
Бо камоли хурсандӣ тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистонро бо фаро расидани Наврӯзи ҷамшедӣ табрик ва шодбош мегӯям.
Наврӯз ҷамшедӣ, ки соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсола аст, аз ибтидо марбут ба ягон дину мазҳаб набуд ва дар масири таърих аз тобишҳои сиёсии вақт эмин монда, ҳамчун суннати волои фарҳангӣ то ба имрӯз ҷашн гирифта мешавад. Пайдоиш ва ташаккули он ба умқи дури таърих рафта, бо фарҳанги бузургу оламгири мардуми ориёитабор пайваст мебошад.
Наврӯз чун бо хирад ва тафаккури созанда ҳамбастагӣ дорад, ормону орзуи инсонсозиро дар худ ғунҷонидааст. Дар гирудорҳои таърихӣ, ҳангоми лашкаркашии бегонагон аз қабили юнониёну арабҳо, турку муғул, қабилаҳои саҳроӣ ва афрангиён осори зиёди фарҳангию суннатҳои аҷдодии мо аз байн бурда шуданд. Борҳо аз ҷониби ин бегонагон кӯшиши аз байн бурдан ва ё маҳдуд намудани ҷашни Наврӯз ба миён омадааст. Аммо онҳо ба ин комёб нашуданд ва ба замми ин Наврӯз ва фарҳанги наврӯзӣ қавму қабоил ва халқу миллатҳои дигарро тасхир намуда, ҳавзаи таъсири худро боз ҳам бештар вусъат дод.
Бо Наврӯз ниёкони мо ба ҷомеаи башар пайғоми хираду дониш, фазилати инсонпарварӣ, меҳрварзию мардумсолориро расонданд. Шояд дар олам ҷашни дигар мисли Наврӯз вуҷуд надошта бошад, ки суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои гуногуни олам ҳамчун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ онро ҷашн гиранд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки таъкид менамоянд: «Наврӯз бо тору пуди таърихи мо, ҳаёти халқи мо, бо адабу фарҳангу маънавиёти мо ва бо андешаву тафаккуру ҷаҳонбинии халқи мо пайванди ногусастанӣ дорад».
Баромад боди субҳу бӯи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз.
Ҷашни Наврӯз муборак бод, ҳамдиёрони азиз!