Сафарзода Некрӯз
номзади илмҳои таърих,
ходими калони илмӣ
Email: nekruz_tj@mail.ru
Тел: +992985880810
Сафарзода Некрӯз Шодӣ, номзади илмҳои таърих, 27 июни соли 1989 таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2012 факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих-муаллим хатм намуд.
Солҳои 2014–2018 аспиранти шуъбаи таҳсили ғоибонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
1.08.2012–1.09.2015 ба ҳайси веростор-саҳифабанди шуъбаи комплектатсия, муҳаррири редаксияҳои фарҳанг, таърихи Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик фаъолият кардааст
Аз 1.09.2015 то ҳол Мудири редаксияи донишномаҳо барои кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик
Ҳамзамон аз 1.02. 2020 дар вазифаҳои лаборант, ходими хурд, ходими илмӣ ва ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.
1.08.2020–1.07.2021, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пажӯҳишгари сарчашмаҳои таърихӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ ва таърихи сиёсии асрҳои миёнаи Эрон ва Осиёи Марказӣ. Муаллифи як монография, («Ҷуғрофиёи таърихии давлати Сомониён». (Бо хатти кириллӣ ва форсӣ). Душанбе, 2022, «Эр-граф»,– 292 с.), Беш аз 30 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ доир ба таърих, ҷуғрофиёи таърихӣ, таърихнигорӣ, сарчашмашиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ, кишваршиносӣ ва мардумшиносӣ, ки дар ҷилдҳои Энсиклопедияи миллии тоҷик (ҷилдҳои 3–11), Донишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 2021), Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон (Душанбе, 2016) нашр шудаанд. Баргардонкунандаи ҷилдҳои 7 ва 16-и «Таъриху-р-русули ва-л-мулук»-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (Душанбе, 2014), «Масолик ва-л-мамолик»-и Ибни Хурдодбеҳ (Душанбе, 2022) ва «ал-Булдон»-и Ибни Возеҳи Яъқубӣ (Душанбе, 2022) аз хатти форсӣ ба кириллӣ. Ҳамчунин, мураттиби донишномаҳои «Ахтаршиносӣ» (Душанбе, 2022), «Ахтарони илм» (Душанбе, 2022) барои кӯдакон ва наврасон. Узви ҳайати муаллифони лоиҳаҳои миллии «Таърихи халқи тоҷик» ва «Мероси фарҳангии Хуросони Бузург» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Узви ҳайати таҳририяи Энсиклопедияи миллии тоҷик.
Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.