Ғуломшоев Силемоншо Акимшоевич
номзади илмҳои таърих, дотсент,
ходими илмӣ
Тел: 935266852
Ғуломшоев Силемоншо, номзади илмҳои таърих, дотсент, 14 январи соли 1969 таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 1998 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода)-ро бо ихтисоси китобдор -китобшинос хатм намуд.
Аз соли 1995 то соли 1998 мудири шуъбаи илмӣ-методии китобхонаи давлати бачагона (ҳоло Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар).
Аз соли 1998 то соли 2003 саркитобшинос ва мудири шуъбаи библиографияи давлатии Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон (ҳоло СБРСК – китоби Тоҷикистон).
Аз соли 2003 то соли 2006 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) таҳсил намудааст.
Солҳои 2003-2012 омӯзгори кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Солҳои 2012-2020 мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Аз соли 2021 то ҳоло дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Аз соли 2003 то кунун ходими илмии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (мудири китобхонаи А.А.Семёнов).
10 май соли 2007 рисолаи номзадиро зери унвони «Таърихи китобхонаҳои Бадахшон (Помир)» дифоъ кард.
Заминаҳои фаъолияти илмӣ: омӯзиши таърихи фарҳанги халқи тоҷик, китобдорӣ, китобшиносӣ ва мардумшиносии тоҷик.
Асарҳо ва мақолаҳои зиёде дар мавзуъҳои таърихи халқи тоҷик, таърихи фарҳанги халқи тоҷик, китобу китобдорӣ ва мардумшиносӣ ба табъ расонидааст. Муаллифи 2 рисола, 5 дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла рисола ва китобҳои дарсии зерин ба қалами ӯ тааллуқ доранд:
1.Махзани маърифат. - Душанбе: Ирфон, 2006. - 78 с.
2. История библиотечного дела на Памире / Под общей ред. проф. Х.Пирумшоева. - Душанбе, 2008. - 218 с.
3. Таърихи халқи тоҷик: курси лексия барои донишҷӯён. - Душанбе, 2014. - 231 с. (бо ҳаммуаллифии Гадоев Ғ., Роҳатов Ғ. ва ғ.).
4. Барномаи таърихи халқи тоҷик барои донишҷӯёни коллеҷҳо (Программа история таджикского народа для студентов колледжи).- Душанбе: Истеъдод, 2011.- 40 с. (Ҳаммурат. Ш. Қубонова).
5. Барномаи таърихи маданияти ҷаҳон (Фарҳангшиносӣ) барои донишҷӯёни коллеҷҳо.- Душанбе: Бебок, 2014.- 40 с. (Ҳаммуал. Н.Тошматов).
6. Барномаи фарҳангшиносӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо. - Хоруғ: Хушкор, 2015. - 40 с. (Ҳаммуал. А.Чароғабдолов).
7.Памир глазами иностранцев // Труды Таджикского Технологического университета. Вып.9.- Душанбе: Ирфон, 2005.- С.63-65. (на рус. яз.).
8. История библиографии Бадахшана // Известия Академия наук Таджикистан. Отделение общественных наук. - 2006.- С.1-6. (на рус. яз.).
9. Боргоҳи ҳунари санъати Бадахшон: [Ба ифтихори 70-солагии таъсисёбии театри вилоятӣ] // Тоҷикистон. - 2006.- № 7-12. - С. 50-51.
10. Китобдории Бадахшон дар замони истиқлол // Фарҳанг. - 2006. - № 6.- С. 25-26.
11. Китобхона дар Боми Ҷаҳон: [Дар бораи китобхонаи вилоятии ВМКБ ба номи В.И.Ленин] // Фарҳанг ва ҳунар. - 2008. - №2. - С. 32-33.
12. Бобоҷон Ғафуров ва ташаккули таърихнигорӣ Тоҷикистон // Фарҳанг. - 2009. - № 1-2. - С. 25 -27.
13. Соядастҳои академик Бобоҷон Ғафуров // Ахбори АИ ҶТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. - 2010.- № 2. - С. 41- 44.
14. Фонди академик Раҳим Масов сарчашмаи беназир // Фарҳанг. - 2010. - № 5-6. -С. 49-51.
15. Академик А.Семенов ва ташаккули таърихнигории тоҷик // Мероси ниёгон. - 2011. - № 14. - С. 122- 127.
16. История библиографической деятельности на Памире // Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. - Китоби IV. - Душанбе: Истеъдод, 2013. - С. 135 - 144.
17. Академик Александр Семёнов – библиограф // Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон (Библиотечное дело в Таджикистане). Китоби IX: Маҷмуаи мақолаҳо. – Душанбе: Аржанг, 2020. - С. 403 – 418.
18. Ҷонфидои фарҳанги миллат: Ба ифтихори 60-солагии зодрӯзи собиқ сарвари китобхонаи вилоятии ВМКБ ба номи А.Рӯдакӣ, равоншод А.Чароғабдол // Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. Китоби IX: Маҷмуаи мақолаҳо. – Душанбе: Аржанг, 2020. - С. 457 – 474.
19. Академик Раҳим Масов ва инъикоси таърихнигории тоҷик дар матбуот // Мароми ӯ -ҳақиқати таърих: Бахшида ба 80-солагии зодрӯзи акд. Р.Масов. – Душанбе, 2021. – С. 250-267.
20. Эҳёгари таърихи миллат // Меъмори давлатдории навин: Маводи конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 16 ноябри соли 2021). – Душанбе, 2021. – С. 100 -109.
22. Иҷлосияи тақдирсоз – сароғози саодати давлат // Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам гардонидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ: Маводҳои конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 ноябри соли 2022. – Душанбе, 2022. - С.134-137.
23. Китоб ва китобдорӣ дар замони Сомониён // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ (Нашрияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ). – Душанбе, 2022. - № 6 (101). – С.289 -294.
24. Абурайҳон Берунӣ бунёдгузори мардумшиносии тоҷик // Абурайҳон Берунӣ - алломаи машриқзамин: Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳон Берунӣ, Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 20 майи соли 2023. - Душанбе, 2023. - С. 113 -121.
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2004), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2010) ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2015).
Вазъи оилавӣ Оиладор, соҳиби ду фарзанд.