Сафоева Бибиаслияа
Лабаранти шуъбаи Этнология ва атрапологияи таърихӣ
 
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭҲЁГАРИ ҶАШНУ ОЙИНҲОИ НИЁГОН
 
«Ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор меравад, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда, ташаккул ёфтаанд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
 
Дар замони соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав эҳё намудани расму оини ниёгони халқи тоҷик шароити мусоид фароҳам омад. Вобаста ба ҳамин масъала аз тарафаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Бахусус саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашну оини ниёгони халқи тоҷик бағоят калон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ шахси бохираду фарҳангдӯст буда, бо ҳисси волои ватандӯстӣ ҳамеша бо таърихи пурғановати гузаштаи миллати куҳанбунёди худ ифтихор менамояд, барои эҳё, аз нав ҷашн гирифтан ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани ойинҳои ниёгонамон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Бояд қайд кард, ки ин иқдом дар замони бархӯрди тамаддунҳо бо ифтихор эҳё намудани ҷашну ойинҳои гузаштаи миллии хеш ба ҳар сиёсатмадор муяссар намешавад. Эҳё намудани суннатҳои ниёгонамон ва ҳамасола ҷашн гирифтани идҳои «Сада» -ҷашни гарми ва нур, «Наврӯз» -ҷашни соли нави аҷдодӣ, «Меҳргон» - ҷашни ҳосилот ва «Тиргон» - ҷашни об дар кишварамон бо ишитироки меҳмонону саёҳони хориҷӣ аз талошҳои ин роҳбари фарҳангдӯст шаҳодат медиҳад.
Бо пешниҳод ва талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни «Наврӯз» аз 23-уми феврали соли 2010  ва ҷашни «Сада»  аз 6-уми декабри соли 2023 ба Феҳристи ҷаҳонии фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуданд. Дар ин хусус 14 октябри соли 2023 дар паёми шодбошии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни Меҳргон, асосгузорони ҷашнҳои мазкурро аҷдодони халқи тоҷик ва онҳоро «Ҷашнҳои чоргона» номиданд.  Аз ин бармеояд, ки барои ҳар як фасли сол мардуми созандаю бунёдкори тоҷик ҷашнҳое доранд, ки дар онҳо бевосита эҳтироми мардум нисбат ба табиат ва унсурҳои он инъикос меёбад.
Доир ба пайдоиши ин ҷашнҳои бостонии  халқи тоҷик андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Аз ахбороти сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва устуравӣ маълум мегардад, ки Ҷашни Сада дар гузашта дар дарбори подшоҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷил мегардид.
Бо вуҷуди он, ки Сада ҳамчун маросими омодагии деҳқонон ба кишту кор ҳисобида мешавад, дар як давраи муайяни таърихӣ, яъне замони шуравӣ он ҳамчун ойини хурофотӣ эътироф шуда, ба таври расмӣ ҷашнгирии он мамнуъ гардида буд. Хушбахтона ба ин мушкилиҳои он замона нигоҳ накарда, ин ҷашн ҳамчун маросими мардумӣ дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон қисман таҷлил гардида буд.
Ҷашни Садаро асосан дар айни авҷи фасли зимистон таҷлил мекарданд. Барпо намудани ин ҷашн ба корҳои деҳқонӣ робитаи ногусаста дорад. Яке аз нишонаҳои ҷашни Сада ин омодагии деҳқон ба кишту кори баҳорӣ буд. Масалан, бо мақсади нек омадани соли нави кишту кори деҳқонону боғдорон, зуд фаро расидани фасли баҳор, гурӯҳе аз одамон бо тавсияи ҳолдонону деҳқонони асил ба дашту саҳро рафта,  барои ба кишт омода намудани заминҳо онҳоро аз барфу хасу хошок ва  алафҳои бегона тоза мекарданд. Махсусан, дар минтақаҳои кӯҳистон бо сабаби хунук будани ҳарорат ва нарасидани офтоб дар фасли зимистон сокинон аз оғози ҷашни Сада хоки хушк ва поруро ба рӯи барф  мепошиданд ва бо чунин усул заминҳои корамро барои кишт омода мекарданд. Чунин амалро деҳқонон  бо мақсади саривақт кишт намудан ва ба даст овардани ҳосили фаровон иҷро мекарданд.
Илова бар ин ҳангоми таҷлили ҷашни Сада одамони  зиёд ба саҳро баромада, хасу хошок, баргу буттаҳои хушки дарахтонро ҷамъ карда, оташ меафрӯхтанд ва  шодмонӣ  мекарданд. Наврасону ҷавонон дар гирди оташ бозиву шухӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин иқдом сарҷамъӣ ва муносибати неки инсонҳоро ба табиат дар худ инъикос менамуд.
Ҳамин тавр, таҷлили Ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дар шароити кунунӣ ниҳоят муҳим буда, махсусан барои хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, тарбияи насли имрӯза дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва барои огоҳ шудан аз фарҳанги бойи гузаштагон аҳаммияти калон дорад.