Профессор Аскаралӣ Раҷабов
Композитор, дирижёр ва симои намоёни фарҳанг
(ба муносибати 110- умин соли гиромидошт)
Фозил Солиев(1914-1976) композитор, дирижёр, Артисти халқии РСС Тоҷикистон аз симоҳои барҷастаи фарҳанги садаи ХХ тоҷик мебошад.Ӯ дар дар ташаккулу пешрафти мусиқии касбӣ, театри навини мусиқӣ, бунёду рӯи саҳна омадани аввалин коллективҳои эҷодию иҷроии ҳунарии тоҷик саҳми арзанда гузошта,асосҳои мусиқиро дар омӯзишгоҳҳои мусиқии Тошканду Ҳуҷанд (1927-1931), студияи миллии консерваторияи Москва ба номи П.И.Чайковский (1946-1949) фаро гирифта, минбаъд ба сифати яке аз коргузорону роҳбари бадеии дастаҳои машҳури эҷодию иҷроии касбии мусиқӣ, дирижёр, композитор бо камол расида, дар пешрафти фпарҳанги садаи ХХ-и тоҷик хидмати босубботе намудааст.Фозил Солиев дар сароғози мусиқию театри касбии навини Тоҷикистон, таъсиси дастаҳои эҷодию иҷроӣ, тарбияи ҳунарварони ҷавон пурборона фаъолият намуда ва дастовардҳои муҳими фарҳангии солҳои 40-70 асри ХХ тоҷик бо фаъолияти эҷодии пурбори ӯ дар иртибот аст. Композитор Фозил Солиев дар тӯли фаъолияти пурсамари эҷодиаш дониш, диди нафиси эҷодӣ, маҳорати хуби коргузориашро ба манфиат, ҳифзу густариши арзишҳои бадеию зебоишиносии тоҷик ба харҷ дода, дар асарҳояш дунёи рангини осори бадеии мусиқии навинро бо тозакориҳои эҷодиаш тасвир намудааст. Аз ин нигоҳ роҳи эҷодии композитор Фозил Солиев ба таъриҳ, сарнавишт, фаъолияти эҷодию иҷроии аввалин дастаҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон театри академию драмавӣ, ансамбли этнографии тарона ва рақсии Помир, ташкил, пешрафт, фаъолияти эҷодии оркестри созҳои миллӣ ва дастаҳои дигари ҳунарӣ, ки дар муназзамии фаъолияти эҷодиашон корҳои ранигини эҷодию идории ҳунариро анҷом додааст.
Композитор Фозил Солиев аз соли 1931 то рӯзҳои охирини зиндагӣ, фаъолияти пурсамари эҷодиаш аз навозанда то ба сифати композитори соҳибсабк, дирижёри баркамоли ансамбли муназзами театр, оркестри созҳои миллӣ, мусаннифи асарҳои гуногуни мусиқӣ: суруд, романс, кантата, рапсодия, мусиқии намоишномаҳо, роҳбари бадеии дастаҳои машҳури иҷроии ҷумҳурӣ рӯи саҳна омада, офаридаҳояш аз муҳимтарин бахшҳои рангини барномаҳои ҳайатҳои ҳунарӣ вориду ба иҷро расидаанд. Бо такя ва бардошти эҷодкорона аз мероси мусиқии шифоҳӣ тоҷикӣ як силсила асарҳои такмилии мавзӯан ҷолибро барои дастаҳои ҳунарӣ танзим кард, ки ин аз аввалин асарҳои таркибан касбии мусиқӣ дар санъати оҳангсозии касбии миллӣ маҳсуб мешуданд. Коркардҳои тозаи мусиқии композитор Фозил Солиев барои Оркестри созҳои миллӣ асарҳои «Ширинҷон», «Дар болои бом» ва амсоли ин дар радифи асарҳои шунидании пазирандаи охири солҳои 30-ум ва нимаи аввали солҳои 40-уми тоҷик шомил буданд.
Фаъолияти эҷодии композитор Фозил Солиев бо устодонаш композиторон Сергей Баласанян, Александр Ленский (дар таъсиси Оркестри давлатии созҳои миллӣ- 1938),танзими барномаҳои эҷодию иҷроии дастаҳои ҳунарӣ пурбор буда, махсусан мусиқӣ барои намоишномаҳои театрӣ, аз ҷумла драмаи «Шодмон» (С.Улуғзода) аз корҳои ҷолибу эҷодии он солҳост ва самараи кори эҷодии устод ва шогирди боҳунар аст.
Хидмат, кори эҷодии оҳангсоз Фозил Солиев дар рӯзҳои омодагӣ ба даҳаи адабиёт ва ҳунари тоҷик дар Москва (1941) беш аз ҳама равшантар ба назар расида, барои дар пояи баланди эҷодию иҷроӣ рӯи саҳна овардан ва манзури ҷомиа намудани мероси бои фарҳанги тоҷикон аст. Фозил Солиев дар муддати кӯтоҳтарин бо ҳамдастии устоди ҳунар Ғ.Ғуломалиев, хореограф А.Проценко дастаи нави тарона ва рақси Помирро таъсис медиҳад ва чун роҳбари мусиқии ансамбли тарона ва рақс асарҳои гуногунмавзӯъ эҷоду танзим намуд ва дар Москва бо барномаи рангин ҳунарнамоӣ намудану сазовори пазириши ҷомиа шудани ин даста дар миқёси давлати муқтадири СССР ба дастовардҳои иҷроию рангин дастёб гардиданаш саҳми оҳангсоз низ муассир аст.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавзуъ ва фаъолияти эҷодии оҳангсоз Фозил Солиев боз ҳам рангину пурвусъаттар гардида, барои сарояндагон, дастаҳои ҳунарии ҷумҳурӣ, ки тамоми нерӯҳои ҳунарию эҷодӣ барои дифои Ватан сафарбар шуда буданд, силсилаи асарҳои созию овозӣ тасниф намуда, дар ҳайати бригадаҳои консертии фронтӣ аз чеҳраҳои фаъол маҳсуб мешуд.Асарҳои ватанхоҳонаю мутантани «Марши тантанавӣ», «Қалъаи пӯлодин»-и оҳангсоз ба асари саризабонии сарбозони тоҷик дар ҷабҳа ва мардуми ақибгоҳ табдил ёфта ва дар радифи мусиқиномаҳои ҷабҳавии он солҳо шомил буданд.
Фаъолияти пурбори эҷодии оҳангсоз дар театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ солҳои тӯлонӣ, ки сарварии бахши мусиқии ин боргоҳи бузурги зебоишиносию ҳунарофариниро ба ӯҳда дошта басо рангин мебошад.Ӯ ин солҳо ба даҳҳо асарҳои саҳнавӣ мусиқӣ нигошта, оркестри театро роҳбарӣ карда, мусиқи барои намоишномаҳои «Тӯй» - С.Ғанӣ, «Дил дили Зайнаб» - А.Мороз, Ш.Қиём, «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ» - Ф. Ансорӣ, «Иродаи зан» - А.Сидқӣ, «Рӯдакӣ» - С.Улуғзода, асарҳои классикони бузурги Шарқу Ғарб тахти роҳнамоии мусиқии оҳангсоз оркестр ҳамнавоӣ кардааст. Муҳимаш он аст, ки эҷоди аввалин «Рапсодияи тоҷикӣ» - бо оҳангсоз Фозил Солиев мансуб аст. Ё худ беҳтарин суруд–валси тоҷикии «Мепарварам») шеъри Аминҷон Шукӯҳӣ)-ро Фозил Солиев офаридааст.
Мусиқии намоишномаҳои «Найранги Майсара» (Ҳ. Ҳ.Ниёзӣ), «Духтари ноком», «Ситора», «Дилҳои сӯзон» (Ҷ.Икромӣ), «Ҳаёт ва ишқ» (Ф.Ансорӣ), «Бахти ман бахти шумо», «Тошбек ва Гулқурбон» (М.Миршакар), «Ҳуррият» (Ғ.Абдулло), «Қурбонӣ» (Р.Такур), «Дил дили Зайнаб» (А.Мороз, Ш.Қиём) ва даҳҳо намоишномаҳои ҷолибу диданӣ, сертамошои театри Лоҳутиро мусиқии оҳангсоз Фозил Солиев оро додаанд.
Оҳангсоз Фозил Солиев фарзанд, эҷодкори босуббот, садоқатманди замони худ буд ва таҳаввулоти фикрӣ, ҳунарӣ ва созандагии замонаашро бо диди нафис, ифодаҳои барҷастаи бадеӣ, садоқатмандии эҷодӣ, арзишҳои баланди эҷодӣ-ҳунарӣ, ифодаҳои муассири халқият, бадеият ва замонавият, таҳаввулоти замонро дар ҳамсонӣ бо диду арзишҳои бадеӣ- зебоии бисёр самимӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи дирӯзу замонааш тавассути савтиёти мутантану гӯшнавози мусиқӣ рӯи саҳна овардааст. Арзиш, тавонҳои бадеии халқият ва амиқияти ифодаҳои тасвирнигории мусиқӣ дар осори оҳангсоз Фозил Солиев хеле нафис ва муназзаму шунидани тасфир ёфтаанд. Самимият, бадеияти соддаю дар навбати худ гӯшнавози асарҳои оҳангсоз Фозил Солиев фазои қабулу пазириши мусиқиро фароҳам овардаанд ва ин мавзунию бадеияти хос, ифодаҳои тасвирнигории мусиқӣ саршорияти ифодаҳои мардумии оҳангӣ дар суруду романсҳои «Бихандад лола бар саҳро» (Рӯдакӣ), «Мепарварам» (А.Шукӯҳӣ), «Дар ҷоми май» (Ҳилолӣ), «Хумор шуд» (П.Сулаймонӣ), «Гулшани ишқ» Б.Раҳимзода), «Шумо», «Москва» (А.Шукӯҳӣ), «Меҳнат ва муҳаббат», «Офарин» (М.Аминзода), «Нигорам ояд» (Лутфӣ), «Тоҷикистони зебо» (М.Раҳимӣ), «Эй рубоб» (Ф.Ансорӣ) ва даҳҳо таснифоти дигар, ки тавассути сарояндагони баному дастаҳои иҷроии кишвар садо додаанд ва дар таърихи фарҳанги мусиқии садаи ХХ- и тоҷик падидаи муассири эҷодист. Равонию мусиқивият,танини гувори савтии гӯшнавоз, амиқияти тасвирии мавзӯиро дар асарҳои дигари оҳангсоз Фозил Солиев, аз ҷумла дар кантатаи ба хотираи Рӯдакӣ (дар ҳаммуаллифии композитор Я.Сабзанов), достони симфонии «Хотираи дӯстон», «Рапсодия», «Рапсодия барои оркестри созҳои миллӣ», «Ораторияи ҳафттарқиба» (бо ҳаммуаллифии композитор М.Цветаев) ва амсоли ин бо ифодаҳои тасвиромезу ҳадафмандонаи мусиқӣ, бадеӣ ба қалам омадаанд.
Давлату ҳукумати СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои арзишманди оҳангсозро бо унвони фахрии Артисти халқии РСС Тоҷикистон, ду Ордени «Нишони фаҳрӣ», нишонҳои «Барои меҳнати шоён», «Аълочии маданияти СССР» ва даҳҳо ифтихорномаҳои сарфароз намудааст.
Барои саҳми бузург, эҳёу густариши арзишҳои мероси мусиқии мардумӣ ва тарғибу тарвиҷи суннатҳои бадеии тоҷикони Бадахшон оҳангсозро ба шаҳрванди Ифтихорини ин минтақаи Тоҷикистон пазируфтанд, Шахсият осори пурбори оҳангсоз, дирижёр Фозил Солиев воқеан аз саҳифаҳои рангини фарҳанги садаи ХХ-тоҷик аст.
Сарчашмаҳои истифодашуда
-
Назаршоев М.Н. Исторический опыт КПСС по руководству социалистическим строительством в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР.
-
( 2.ЦГА РТ, ф.370, оп. 1, д.31, л.88.)
-
Нурджанов Н. Х. История таджикского советского театра 1941-1957.
-
Маводи бойгонии хонаводагии оҳангсоз.
-
Мискинов Т. Народные таланты. «Советский Бадахшан», 1959, 1 февраля.
-
«Коммунист Таджикистана», 1937, 17 марта.
-
«Комсомолец Таджикистана», 1940, 6 апреля.
-
Музыкальная жизнь советского Таджикистана.// Душанбе-1974.
-
Музыкальная жизнь Таджикистана(1967-1978гг.),Душанбе,2011.
-
Музыкальная жизнь Таджикистана(1957-1967гг.), Душанбе,2011.
-
Народное искусство. Таджикгоиздат, Сталинабад – 1956 г.
-
Коммунист Таджикистана от 22 февраля 1957 года.
-
Киямова Л. Таджикская государственная ордена Трудового Красного Знамени филармония. Таджикгосиздат, Сталинабад 1957.
-
Таджикская музыка, Душанбе, 2003.