БОЗДИД АЗ ҶАРЁНИ КОРҲОИ  БОСТОНШИНОСӢ ДАР ЗОЛИ ЗАРИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Санаи 15 майи соли ҷори ба супориши президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ муҳтарам Хушвахтзода Қ. Х. директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Убайдулло Н.К.  бо гурӯҳи мутахассисон аз ҷараёни корҳои бостоншиносии Экспедитсияи муштараки Тоҷикистону Фаронса дар ёдгории Золи-Зари ноҳияи Данғара ва дигар ёдгориҳои таърихии ноҳия, аз ҷумла Оромгоҳи Мавлона Тоҷиддин дидан намуданд.
Хотир расон месозем, ки аз 24 апрели соли 2024 Экспедитсия муштараки бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи  А.Дониш ва Миссияи бостоншиносии Маркази миллии таҳқиқоти илмии Фаронса дар ёдгориҳои Пушинг, Оксу, Паркамчи, Маликова, Мазори Мавлона Тоҷиддин ва Золи-Зари н. Данғара оғоз шуд. Дар ин экспедитсияи аз ҷониби Институт кормандони илмии шӯъбаи бостоншиносӣ А.Қараев (роҳбари гурӯҳ), Т.Г.Филимонова, И. Ашурмадов ва М.Филимонов (ронанда) ва аз ҷониби Миссияи бостоншиносии Маркази миллии таҳқиқоти илмии Фаронса Матилд Желэн  ва  Валери Бомбо  иштирок доранд. Корҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои  зикршуда то 30-юми майи соли ҷорӣ идома меёбад.
Қайд кардан зарур аст, ки корҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Золи Зари ноҳияи Данғара аз соли 2021 идома дорад. Аз натиҷаи ҳафриётҳо маълум шуд, ки ёдгории Золи Зар ба давраи Юнону Бохтар а Кушониён тааллуқ дорад. Дигар ёдгориҳои таърихии мансуб ба ин давра дар мавзеъҳои Пушинг, Ғиҷовак, Паркамчӣ, Ёхсу, Маликова, Мазори Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин ёфт шуда, таҳқиқот идома дорад. Натиҷаи мавсимии корҳои бостоншиносии экспедитсияи муштарак, ки се соли оянда низ идома меёбад, дар семинари  ҷамбаъстӣ охири моҳи равон мавриди таҳлил қарор мегирад. 
dsc_0056.jpg  dsc_0038.jpg
img_20240515_105056_hdr.jpg