ЭКСПЕДИЦИЯИ БОСТОНШИНОСӢ-ГЕОЛОГӢ ДОИР БА ОМӮЗИШИ БОШИШГОҲҲОИ АСРИ САНГИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Экспедитсияи муштараки бостоншиносӣ-геологӣ (геоархеологӣ)-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи. А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти географияи Академияи илмҳои Россия ва Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия дар мавсими нав аз 15 майи соли 2024 ба таҳқиқоти ёдгориҳои палеолити зардхоки ноҳияи Ховалинг шуруъ намуд. Соли ҷорӣ бостоншиносон таҳқиқоти қабатҳои мадании маконҳои одамони ибтидоӣ, ки дар сурххокҳои кадими буришҳои геологии Кӯлдара, Лоҳутӣ-IV ва Хонақо-III ҷойгир шудаанд, ба нақша гирифтанд. Дар ҳайати экспедитсия ходимони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих Т.У.Хуҷагелдиев (сардори экспедитсия), А.Ф.Шарипов, Ғ.К.Бурҳонов, корманди Институти географияи АИ Россия, номзади илмҳои ҷуғрофӣ Р.Н.Курбонов, ходимони Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои таърих А.А.Анойкин, номзади илмҳои таърих А.Г. Рибалко, П.В. Чистяков иштирок доранд. Таҳқиқотҳо дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом баргузор мегарданд. Корҳои ҳафриётӣ асосан дар дараи Хонақои Себдара, ки 5 километр шимолу шарқии Ховалинг воқеъ аст, гузаронда мешаванд.
Буриши геологии Хонақо-III дар ин дара соли 1975 аз тарафи геолог А. Е.Додонов кашф шуда, онро бостоншиноси маъруф В.А.Ранов таҳқиқ намудааст. Солҳои 90-уми асри гузашта бо даъвати В.А.Ранов бостоншиноси олмонӣ Йохен Шефер ба экспедитсия ҳамроҳ шуд. Таҳқиқоти ҳозиразамон аз соли 2019 дар доираи лоиҳаи байналмилалии THOCA бо иштироки намояндагони 11 давлати ҷаҳон гузаронида мешавад. Дар буриши геологии Хонако-III шаш қабати мадании давраи асри санг мавҷуд аст. Ба барномаи имсолаи таҳқиқоти илмӣ корҳои ҳафриётӣ дар се қабати маданӣ ворид шудаанд.
Рӯзи аввали кофтукови экспедитсияи соли ҷорӣ натиҷаҳои хуб бахшид. Якчанд осори сангӣ дар қабати дуюми палеолитӣ дарёфт гардид, ки қабати мадании он ба 180-240 ҳазор сол тааллуқ дорад. Маҷмӯаи бозёфтҳои осори сангӣ аз ин қабат, ки дар тӯли таҳқиқоти чандинсола ҷамъоварӣ шудааст, ба варианти леваллуа-мустиеи маданияти мустие палеолити миёна тааллуқ дорад ва намояндаи ин маданият неандерталҳо буданд. Дар қабати шашум бошад боз ду артефакти сангӣ дарёфт гардид. Маҷмӯаи осори сангине, ки дар натиҷаи таҳқиқоти чандинсола ҷамъоварӣ шудаанд, ба маданияти палеолити поёнии Қаратоғ тааллуқ дорад, ки дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон муайян шудааст ва осори маданияти эректусҳо мебошад. Сину соли қабати шашум тақрибан ба 621-659 ҳазор сол рост меояд. Ба ғайр аз корҳои ҳафриётӣ, дар бошишгоҳҳои Кӯлдара ва Лоҳутӣ-IV таҳқиқоти хокшиносиву геологӣ ба нақша гирифта шудааст. Таҳқиқоти бостоншиносии бошишгоҳҳои давраи санги қадим дар ноҳияи Ховалинг аз ҷониби экспедитсияи байналмилалии Тоҷикистон-Россия имкон медиҳад, ки фаҳмиш дар бораи марҳалаҳои сукунати одамони қадим дар қаламрави Тоҷикистони муосир такмил ёбад. Инчунин, таҳқиқотҳои экспедитсия имкон медиҳанд, ки нақшаи маданию хронологии рушди техника ва технологияи ҷудо кардани санг дар давраи палеолити тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муайян карда шавад.