ҲОМИЁНИ АБАДЗИНДАИ ВАТАН

ҲОМИЁНИ АБАДЗИНДАИ ВАТАН

 

            Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,

       Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.

                                                                               (Ҳабиб Юсуфӣ)

    Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, баҳри ҳифзи Ватани аҷдодиямон, ҳимоя ва таҳкими дастовардҳо дар даврони истиқлолият, пойдору мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирӣ намудан аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо, гурӯҳҳои мақсади террористию-эктримистӣ дошта ва мубориза бар зидди онҳо, ки вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳар як родмардӣ Ватан ба ҳисоб рафта, аз шартҳои асосии таъмини оромию осоиштагии давлат ва ҷомеа маҳсуб дониста мешаванд, устуворона қадам ниҳода истодааст. Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳеҷ меросе аз собиқ Итиҳоди Шӯравӣ нагирифтааст, ягона артиши Осиёи Марказист, ки аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар муддати кӯтоҳ гузашта, ғолибиятро ба даст овардааст. Дар авҷи ҷанги дохилӣ соли 1993 шурӯъ намудани фаъолияти Артиши Миллӣ баҳри амниятӣ Ватан, натиҷае аз фидокории родмардони ҷонфидо, дарак медиҳад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1997 пайваста дар тамринҳои ҷангии минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, баҳри ҳифзи Ватан алайҳи душман ва дигар зуҳуроти номатлуби терроризми байналмилалии дохилию марзӣ дошта, саҳми беандозае гузошта истодаанд. Дар назди ҳар як ҷавонмарди боору бономус, ки дӯстори ватананд, адои хизмати Ватан ва содиқ будан ба он ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат аст ҳам қарз асту, ҳам фарз. Модар-Ватан! Ин ду калима, ки ҳарду аз панҷ ҳарфи иборатанд, дар мазмуну мундариҷа он қадар маънӣ, шукӯҳу шаҳомат доранд, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида шуданду ва боз шеъру таронаҳо сароида хоҳанд шуд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас мебошанд, ки барои ҳифзашон фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Тифл баробари ба олами ҳастӣ омадану чашм кушодан аз бӯи онҳо машом муаттар карда, бо ҷону дил дӯсташон медорад ва дар оғӯши Ватан хору зор нашуда зиста ба воя мерасад. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст: 

Ватан cap мешавад аз гаҳвора, 
Зи шири поку аз пистони модар, 
   Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар. 

 

    Ватан, зодгоҳ, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Беҳуда нагуфтаанд, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модарӣ мушфиқу  меҳрубон аст. Агар модари дар асл, моро ба дунё оварда бошад, Ватан дар навбати худ, моро навозишкорона дар  оғуши гарми худ гузошта, барои идомаи зиндагии рангин роҳнамо гаштааст. Халқи тоҷик миллатест, ки ҷоннисорӣ марзу буми хеш буда, барои дар амон мондани Ватан худро қурбон мекунанд. Таърих гувоҳ аст! Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеь далели гуфтаҳои болост. Имрӯз,ки Артиши милли Тоҷикистони азизамон ба синни 32-солагӣ қадам мемонад, ҳамаи муҳофизони Ватани азизамон, родмардон, падарон ва фарзандони фарзонаи миллатро бо ин иди бузург табрик менамоям.                                                                         

                                                                                                                                                                                             Азизуллозода Майсара 
Ходими илмии Шуъбаи таърихи
илм ва техникаи ИТБМ ба
номи А.Дониши АМИТ