30 апрели соли 2025 дар Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмии "Фарҳанги либоси миллӣ" бахшида ба 100-солагии мардумшиносони шинохта З. А. Широкова ва Р. Я. Рассудова баргузор гардид. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институт, номзади илмҳои таърих А. А. Муродзода ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки гиромидошти хизмати олимоне, ки барои илми тоҷик хизматҳои арзанда карданд, вазифаи муҳим мебошад. Зинаида Александровна Широкова ва Роза Яковлевна Рассудова барои омӯзиши либоси миллии тоҷикон заҳмати зиёд кашида ҳамчун олимони нуктасанҷ дар асарҳои нашркардаашон сарулибоси тоҷикиро бо тамоми нозукиҳояш барои ҳам ҷомеаи мо ва ҳам ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонистанд.

    Дар идома ба диққати ҳозирин 31 маърӯзаи илмӣ пешниҳод карда шуд, ки ба масоили гуногуни илми мардумшиносии тоҷикон, алалхусус ҳаёт ва фаъолияти олимони номбаршуда, бахшида шуда буданд. Маърӯзаҳо аз ҷониби олимону унвонҷӯёни Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар ш. Душанбе, муҳаққиқон аз вилоятҳои ҷумҳурӣ, дизайнерон ва ҳунармандони мардумӣ муаррифӣ карда шуданд.

    Дар фарҷоми чорабинии илмӣ ҳозирин бо қаноатмандӣ қайд карданд, ки теъдоди иштирокдорони конференсияҳои марбута сол аз сол меафзояд, ки ин нишондиҳандаи тақвият ёфтани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ба масоили мардумшиносӣ мебошад. Инчунин пешниҳод карда шуд, ки аксҳои З. А. Широкова ва Р. Я. Рассудова дар толори Осорхона, ки ба занҳои барҷастаи Тоҷикистон бахшида шудааст, оварда шаванд.

   Конференсияи илмиро ҷонишини директори Институт Иброҳимов М. Ф. ҷамъбаст намуда, иброз намуд, ки маърузаҳои пешниҳодшуда дар намуди маҷмуи мақолаҳо ҳамчун асари дастаҷамъӣ нашр карда шуда, ба маърази оммаи васеи хонандагон расонида мешаванд.