30 апрели соли 2025 дар бинои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Саҳми халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ ба ифтихори 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, ҳадафи он таҳкими арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ буд.
Дар кори конференсия номзади илмҳои таърих, ходими пешбари Шуъбаи таърихи Тоҷикистон дар даврони навин ва навтарин Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш — Акрамов Муртазо Иномович бо маърӯзаи илмӣ баромад кард. Ӯ барои саҳми арзандаи худ дар ташаккул ва тарғиби арзишҳои миллӣ, инчунин иштироки фаъолонааш дар кори конференсия бо Сипоснома қадрдонӣ гардид.