Ҳама сола таърихи 18-уми май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо" ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз Осорхонаҳо дарҳои худро барои меҳмонон боз намуда бо ироаи барномаҳои махсус кӯшиш мекунанд боз ҳам диққати тамошобинонро ба омӯзиши таърих ва огоҳӣ аз осори таърихӣ ҷалб мекунанд. Дар ин замина Тоҷикистон низ фаъол буда ҳамасола дар "Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо", Осорхонаҳои кишвар бо як шукӯҳу шаҳомат ва фазои идона ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизматрасонӣ мекунанд.
Имрӯз бо шарофати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон қариб ҳама шаҳру навоҳии кишвар Осорхонаҳои худро доранд ва осору ҳафриётҳои таърихиро ба маърази дидӣ мардум гузоштаанд. Ҳукумати кишвар бо сиёсатҳои пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тавсеъаи бахши фарҳангу таърих корҳои бисёр муассирро ба анҷом расонида истодааст. Аз ҷумлаи таваҷҷуҳи хосаи ҳукумати кишварро дар мавзӯи сохту ба истифода додани Осорхонаҳо ба таври равшан пай бурдан мумкин аст.
Дар тӯли наздик ба 34 соли истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар Осорхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба фаъолият оғоз намудаанд.
Яке аз аввалин Осорхонаҳо, ки ба муносибати 10 умин солгарди истиқлоли кишвар ба фаъолияти худ оғоз карда буд Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистони- Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд. Ин Осорхона, ки бар асоси ҳафриётҳои бостоншиносонии Институти тадқиқотӣ таъсис дода шуда буд аввалин намунаи Осорхонаи илмӣ тадқиқотӣ буд, ки таваҷҷӯҳи меҳмонон ва сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Ба ин сабаб, аст ки имрӯз дар харитаи роҳи ҳар як гардишгари хориҷӣ нишонии ин Осорхона бо ҳарфҳои бузург навишта шудааст. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, қарор кард бо ташкили конфронси илмию амалӣ таваҷҷуҳи таърихшиносон ва муҳаққиқонро ба ҷойгоҳи вижаи Осорхонаҳо дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва муаррифии таърих ҷалб намояд.
Конфронси мазкур бо ҳузури намояндагони бахшҳои мухталифи илмӣ доир гардида ҷамъан 19 мавзӯи муҳими иртибот дошта ба Осорхонаҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ва мутахассисони риштаҳои гуногуни Осорхонашиносӣ, таърихшиносон ва тармимгарон дар мавриди мавзуоти хос сӯҳбат хоҳанд кард. Конфронс аз ду бахши иборат буда бахши аввал дар толори АМИТ ва бахши дувуми он дар Институти таърих бостоншиносонӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш идома хоҳад ёфт.
Кори конфронс дар бахши аввал бо ҳузури Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ноибони президент ва профессорону олимони АМИТ оғоз гардид. Ноиби президенти АМИТ Муҳаммаддовуд Саломиён, суханани ифтитоҳияро баён кард ва сипас президенти АМИТ муҳтарам Хушвахтзода Қ. Х., кормандони Осорхонаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба рӯзи Осорхонаҳо табрик намуда аз ҳимояти арзишҳои миллӣ, ҳифзу нигаҳдошти осори таърихӣ ва фарҳангӣ ва муаррифии дурусти онҳо суханронӣ намуд.
Пас аз бахши ифтитоҳия мутахассисон, Пулотов А. Ғ директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Шарифзода А. Қ. мудири шуъбаи таърихи илм ва техника, Ришар Ф узви хориҷии АМИТ, Хоҷаева Н. Ҷ. ходими калони илмии ОМБТ ва Қобилова Б.Т суханронӣ намуданд.
Имрӯз 2 Осорхона (Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва Осорхонаи мардумшиносӣ) ва чандин хона музейҳо қисмате аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда хадамоти шоиста дар муаррифии таъриху фарҳанги куҳани мардуми тоҷик анҷом дода истодаанд ва наслҳои ояндаро дар руҳияи ватандӯстиву эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллати худ ба воя мерасонанд.