Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу
муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи
ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.
Ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии тамоми табақаҳои ҷомеаро дорад, новобаста аз миллат, мазҳаб ва мавқеи иҷтимоӣ. Он кафолат медиҳад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа барои расидан ба ҳадафи ободии Ватан ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ муттаҳид шаванд.
Имрӯз мо медонем, ки маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистонро баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ аз вартаи фано раҳоӣ бахшид ва ба сӯи рушду шукуфоӣ роҳнамоӣ кард.
Воқеан, ҷанги таҳмилии солҳои 1992–1997 дар Тоҷикистон, ки зарари зиёди ҷонию моддӣ ба бор овард, барои имрӯз ва ояндаи миллат бояд дарси ибрат бошад. Он солҳо истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳастии миллати тоҷик зери хавфу хатари зиёд қарор гирифта буд. Дар ҷомеа се гурӯҳи ба ҳам зид ташаккул ёфт.
Якум – онҳое, ки Ҳукуматро ба даст доштанду аз боиси ноуҳдабароии онҳо тамоми мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буд.
Дуюм – онҳое, ки бо сарпарастии молиявии қудратҳои хориҷӣ ва хоҷагонашон мехостанд тавассути ҷанг ва зӯран ба Ҳукумат соҳиб шаванд.
Сеюм – онҳое, ки аз ҳаммиллатони фурсатталабамон дар хориҷи кишвар интизори ғалабаи қувваҳои мухолифин буданд ва ба мухолифин дасти ёрӣ дароз мекарданд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз арзишҳои муқаддас ва сарнавиштсози миллати тоҷик, нақши бузурге дар таъмин намудани суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дорад. Пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳазорон нафари дигар кишварро тарк карданд, имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 роҳи наҷоти Тоҷикистон гардид. Ин созишнома, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, пояи ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдорро дар кишвар гузошт.
Бо расидан ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки он 27-уми июн муқаррар шудааст, ҳар сол мардуми Тоҷикистон ин рӯзи муборакро дар сарнавишти миллати тоҷик таҷлил мекунанд. Ин рӯз на танҳо як ҷашни расмӣ, балки рамзи истиқлол, оромӣ ва ояндасозии миллат аст. Ваҳдати миллӣ шароит фароҳам овард, ки ҷомеа аз вартаи нобудӣ раҳо ёбад ва ба сӯи рушди устувор қадам гузорад.
Суботи сиёсӣ ва амниятии кишвар, ки маҳз дар заминаи ваҳдати миллӣ таъмин шудааст, шароити мусоидро барои ҷалби сармоя, иҷрои лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ муҳайё намуд. Имрӯз Тоҷикистон тавонистааст дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор созад ва ҳамчун кишвари сулҳпарвар шинохта шавад.
Насли ҷавон, ки дар фазои сулҳу субот ва Истиқлол ба камол мерасанд, бояд масъулияти ҳифз ва тақвияти ваҳдати миллиро ҳамчун амри виҷдон ва қарзи шаҳрвандӣ дарк намоянд. Мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма дар таблиғу ташвиқи арзишҳои ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон танҳо як шиор нест, балки воқеияти таърихӣ ва заминаи асосии ҳаёти осоиштаву пешрафта мебошад. Маҳз ваҳдат буд, ки моро аз санҷишҳои сахти таърих гузаронд ва ба даврони шукуфоӣ овард. Пас, вазифаи ҳар як шаҳрванди бедордилу ватанпарвар аст, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва барои таҳкими он саҳмгузор бошад.
Ҳамин тавр, ваҳдати миллӣ ҳамчун рукни асосии суботи сиёсӣ ва оромии иҷтимоӣ яке аз омилҳои калидӣ дар пешрафти ҳар як ҷомеа ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи сулҳ, балки таҳкурсии воқеии рушди устувори кишвар ва омили таҳкими давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Бидуни ваҳдати миллӣ, ҳеҷ як ҷомеа наметавонад ба суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва муваффақияти иҷтимоӣ ноил гардад. Таҷрибаи Тоҷикистон собит кард, ки ягонагӣ ва иттифоқи миллат тавонист онро аз буҳрони шадид наҷот диҳад ва ба марҳилаи нави рушди устувор ворид намояд. Ваҳдат на танҳо як арзиш, балки асоси пешрафти Тоҷикистон аст, ки бояд ҳамеша ҳифз шавад ва ба наслҳои оянда ҳамчун муқаддасот мерос монад.
Ваҳдати миллӣ барои якояки шумо муборак бод!!!
Нуруллозода Ҳангомаи Мирзошариф
докторант (PhD) – и курси сеюми Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ.