МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш олимон, омӯзгорон ва дигар шахсиятҳои эҷодиро барои иштирок дар конференсияи илмӣ-назариявӣ дар доираи маҳфили “Хирад” бахшида ба 100 солагии доктори илмҳои таърих, профессор, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Маҳамади Ҳамроев таҳти унвони “ «Илм, ватан ва шахсият: 100-солагии профессор Маҳамади Ҳамроев», ки 31 октябри соли 2025 баргузор мешавад, даъват менамояд. Конференсия дар маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А. Раҷабовҳо 9) баргузор мегардад.
Дар конференсия масъалаҳо дар самтҳои зерин муҳокима карда мешаванд:
Мероси илмии профессор Маҳамади Ҳамроев
-
саҳми ӯ дар таҳқиқоти таърихи Тоҷикистон;
-
масъалаҳои методология ва назария дар осори ӯ;
-
ҷойгоҳи корҳои илмии ӯ дар илми таърихшиносии тоҷик.
Маҳамади Ҳамроев ҳамчун устод ва тарбиятгари кадрҳо
-
нақши ӯ дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи таърих;
-
таъсири мактаби илмии ӯ ба донишҷӯён ва ҳамкасбон.
Профессор Ҳамроев ва масъалаҳои ватандӯстӣ
-
таҷрибаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар зиндагӣ ва фаъолияти ӯ;
-
ифодаи арзишҳои ватандорӣ ва инсондӯстӣ дар корҳои илмӣ ва иҷтимоӣ.
Илм ва ҷомеа: таҷрибаи таърихӣ ва аҳамияти он барои имрӯз
-
аҳамияти осори Ҳамроев дар таҳкими худшиносии миллӣ;
-
ҷойгоҳи таърих дар тарбияи насли нав;
-
нақши олимон дар рушди давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ.
Мероси шахсӣ ва инсонии профессор Ҳамроев
-
хотироти шогирдон ва ҳамкорон;
-
шахсияти инсонӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии ӯ.
-
ҳишмандон метавонанд то 10 октябри соли 2025 мақолаҳои худро ба шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи а. А. Дониши АМИТ ба суроғаҳои электронии зерин: fozil8204@gmail.com; kozizoda_1997@mail.ru; телефон: 221 20 93, +992 93 570 02 05 ирсол намоянд. Маҷмуаи мақолаҳои конференсия то рузи баргузорӣ чоп карда мешавад.
Забони мақолаҳо: тоҷикӣ, русӣ.
Шакли ширкат: рӯзона ва ғоибона.
Талабот ба тартиб додани мақолаҳо: Формати RTF, ҳангоми навиштан бо истифода аз компютер, ҳуруфи Times New Roman, андозаи ҳуруф 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 см, майдонҳо: болоӣ ва поёнӣ 2,5 см, рост 1,5 см, чап 3 см. Иқтибосҳо саҳифа, ҳуруфи Times New Roman, андозаи ҳуруф 10, фосилаи байни сатрҳо 1 см. Ҳаҷми мақола набояд аз 12 саҳифа зиёд бошад.
Маълумот дар бораи муаллиф: ба маводи пешниҳодшуда бояд маълумот дар бораи муаллиф (ҳаммуаллифон) илова карда шавад: Ф.И.О; дараҷаи илмӣ ва унвон; муассиса (донишгоҳ, институти илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилот), вазифа, номи маъруза, суроғаи хидматӣ (аз ҷумла индекс), телефони корӣ, суроғаи хонагӣ, телефони шахсӣ, почтаи электронӣ.
Шакли иштирок: рӯзона ё ғоибона. Хароҷоти сафар аз ҳисоби иштирокчиёни конференсия.
Кумитаи тадорукот