МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.  Дониш олимон, омӯзгорон ва дигар шахсиятҳои эҷодиро барои иштирок дар конференсияи илмӣ-назариявии ҷумуриявӣ бахшида ба 100 солагии таъсиси Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва мардумони эронитабори бурунмарзӣ таҳти унвони "Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва мардумони эронитабори бурунмарзӣ: таърих ва сабақҳо»" ки 17 октябри соли 2025 баргузор мешавад, даъват менамояд. Конференсия дар маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.  Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А. Раҷабовҳо 9) баргузор мегардад.

Дар конференсия масъалаҳо дар самтҳои зерин муҳокима карда мешаванд:

  • Таърих ва заминаҳои таъсиси Ҷамъият
  • Нақши донишмандони тоҷик ва шарики хориҷӣ дар таъсиси аввалин маркази           тоҷикшиносӣ.
  • Фаъолияти илмӣ ва маърифатии Ҷамъият
  • Омӯзиши таърих, фарҳанг ва забони тоҷикон.
  • Ҷамъоварӣ ва нашри манбаъҳои хаттӣ ва фолклорӣ.
  • Таҳқиқоти бостоншиносӣ, этнографӣ ва забоншиносӣ.
  • Ҷамъият ва омӯзиши мардумони эронитабори бурунмарзӣ
  • Таърихи робитаҳо бо ҷомеаҳои эронитабори Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон.
  • Нақши Ҷамъият дар густариши худшиносии миллӣ ва эроншиносӣ.
  • Шахсиятҳои барҷаста ва саҳми онҳо дар пешбурди Ҷамъият
  • Дастовардҳо дар фаъолияти Ҷамъият дар давраҳои гуногун
  • Бозсозии фаъолияти илмӣ дар солҳои баъдӣ.
  • ҳишмандон метавонанд то 10 октябри  соли 2025 мақолаҳои худро ба шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи а. А. Дониши АМИТ ба суроғаҳои электронии зерин: fozil8204@gmail.com; kozizoda_1997@mail.ru; телефон: 221 20 93, +992 93 570 02 05 ирсол намоянд. Маҷмуаи мақолаҳои конференсия то рузи баргузорӣ чоп карда мешавад.

 

Забони мақолаҳо: тоҷикӣ, русӣ.

Шакли ширкат: рӯзона ва ғоибона.

 

Талабот ба тартиб додани мақолаҳо: Формати RTF, ҳангоми навиштан бо истифода аз компютер, ҳуруфи Times New Roman, андозаи ҳуруф 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 см, майдонҳо: болоӣ ва поёнӣ 2,5 см, рост 1,5 см, чап 3 см. Иқтибосҳо саҳифа, ҳуруфи Times New Roman, андозаи ҳуруф 10, фосилаи байни сатрҳо 1 см. Ҳаҷми мақола набояд аз 12 саҳифа зиёд бошад. 

Шакли иштирок: рӯзона ё ғоибона. Хароҷоти сафар аз ҳисоби иштирокчиёни конференсия.

Кумитаи тадорукот