Гузориш аз ҳамоиши илмию назариявӣ «Беҳудудии иттилооти сарчашмаҳои таърихӣ дар масоили муосири сарчашмашиносӣ» бахшида ба 660 солагии ҷунбиши мардумии Сарбадорони Самарқанд
Бо таваҷҷуҳ ба интишори рӯзафзуни сарчашмаҳои таърихӣ, анҷоми пажуҳиш бидуни шинохти маъхаз амалан имконпазир нест. Сарчашмашиносӣ маҷмуаи равиши таҳқиқ аст, ки бо фароҳам намудани шароити таҳқиқ ва пажуҳиш ба рушди улуми таърих кумаки шоёне мекунад ва набуди сарчашма дар пажуҳиш муҷиби сардаргумӣ дар мавзуи мавриди баррасӣ мегардад ва роҳи таҳқиқ ва пажуҳишро бо душвориҳои фаровоне ҳамроҳ месозад.
Муҳаққиқе, ки дар ин ва ё он мавзуи таърихӣ пажуҳиш мебарад, дар аввалин марҳала бояд сарчашмаҳои мавзуи таҳқиқро бишносад ва ба ин васила битавонад матолиберо, ки дар таҳқиқи худ меоварад, мустанадсозӣ кунад, то асараш дар ниҳодҳои илмӣ чун марҷаи боэътимод қарор гирад ва аз ҷониби муҳаққиқини соҳа пазируфта шавад.
Ба манзури муайян намудани ҷойгоҳи сарчашмашиносӣ дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ба ибтикори Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ 7 октябри соли равон ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Беҳудудии иттилооти сарчашмаҳои таърихӣ дар масоили муосири сарчашмашиносӣ» ба ифтихори 660 солагии ҷунбиши мардумии Сарбадорон дар Самарқанд доир гардид. Дар кори ин ҳамоиши илмию назариявӣ донишмандони собиқадор ва пажуҳишгарони ҷавон бо суханрониҳои зерин баромад намуданд:
Ҳайдаршо Пирумшо: Осори муҳаққиқони тоинқилобии Руссия – сарчашмаи боэътимоди таърихи халқи тоҷики нимаи дуюми асри XIX- ибтидои асри XX»
Ҳамза Камол: Баррасии татбиқӣ-муқоисавии сарчашмаҳои хаттии таърихӣ – омили инъикоси воқеии ҳаводис
Абдуқаҳҳор Саидов: «Мулҳакоту-с-Суроҳ»-и Ҷамоли Қаршӣ ва арзиши таърихии он
Аскаралӣ Раҷабов Нигоҳе ба нусхаҳои хаттии осори Аҳмади Дониш дар захираҳои хаттии Узбекистон
Фозил Абдурашидов: Военное искусство: Тактика и стратегия Сарбадоров Самарканда
Абдувалӣ Шарифзода: «Баёну-с-синоот»-и Тифлисӣ - сарчашмаи муҳими таърихӣ роҷеъ ба илму ҳунар
Некрӯз Сафаров: Инъикоси ҷунбиши Сарбадорони Самарқанд дар «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд
Саидҷалол Ҳусайнӣ: Нигоҳе ба маъхазҳои таърихии ҷунбиши Сарбадорон
Сиёвуш Амиршоев: Аҳамияти омӯзиши сарчашмаи чинии “Юан ши” дар таърихи тоҷикон.
Дар ин ҳамоиши илмию назариявӣ, ки бахшида ба 660 солагии ҷунбиши мардумии Сарбадорони Самарқанд доир гардид, ба манзури гиромидошти хотири ин размандагони роҳи озодӣ аз ҷониби ширкаткунандагон пешниҳоди зерин қабул гардид:
Суқути ҳукумати муғул дар Эрон боиси эҷоди як ҷунбиши озодибахш дар соли 1336 дар Сабзавори Хуросон гардид, ки дар таърих ба унвони ҷунбиши Сарбадоро шинохта шуд. Қиёми Сарбадорони Хуросон ва муваффақияти онҳо сармашқ ва намунаи ибрат барои ҷунбиши мардумии Самарқанд дар соли 1365 буд, ки ширкаткунандагони он бо шиори «Ё сарро ба дор медиҳем ва ё аз зулми муғул озод мешавем» номи Сарбадоронро гирифтанд. Баъд аз 145 соли аз ҷониби муғулон ишғол шудани бузургтарин ва машҳуртарин шаҳри тоҷикон – Самарқанд сокинони силаҳшӯри ин шаҳр даст ба қиёми озодӣ заданд.
Аз таърихчаи шӯриши Сарбадорони Самарқанд: Соли 1364 бо истифода аз вазъи нобасомони сиёсии Варорӯд ба амир Ҳусейн ва Темур муаяссар шуд, ки шаҳри Самарқандро ба даст оваранд. Баҳори соли 1365 Илёсхоҷа - писар ва вориси хони Муғулистон Туғлуқ Темур ба Варорӯд ҳамла овард ва байни лашкари ӯ сипоҳи амир Ҳусейну Темур дар соҳили дарёи Чирчиқ набарди хунине ба амал омад, ки дар таърих бо номи «Ҷанги лойӣ» машҳур аст. Муҳориба дар вақте сурат гирифт, ки борони сел меборид ва аспҳову размандагон дар асари лой шудани замин мелағжиданд, аз ин рӯ ин ҷангро «Ҷанги лойӣ» номиданд. Дар ин задухӯрд Темуру Ҳусейн мағлуб шуда, Самарқанду Шаҳрисабзро тарк гуфта, ба сӯйи Балх фирор намуданд. Ҳокими муғулии Самарқанд Илёсхоҷа баъд аз он ки амир Ҳусейн ва Темурро шикаст дод, ба ҷониби Самарқанд лашкар кашид. Илёсхоҷа, ки ахиран ҳокими ин шаҳр буд, интизор дошт, ки мардуми шаҳр бо оғӯши боз аз ӯ истиқбол мекунанд. Вале чун сокинони Самарқанд аз низоъҳои доимии дохилӣ ва даргириҳои сулолавӣ, ки ба муғулон хос буд, хаста шуда буданд, бинобар ин тасмим гирифтанд, ки дарвозаҳои шаҳрро ба рӯи Илёсхоҷа бибанданд, мусаллаҳ шаванд ва омодаи задухӯрд бо муғулон гарданд. Дар ин лаҳзаҳои душвор дифоъ аз Самарқанд ба уҳдаи тоҷикон ба раҳбарии донишомӯзи яке мадрасаҳои Самарқанд - Мавлонозодаи Самарқандӣ, ки бо шуҷоат ва диловарӣ машҳур буд, Мавлоно Хурдаки Бухорӣ – камонандози моҳир ва Абубакри Калавии Наддоф – раиси маҳаллаи пунбадӯзон афтод. Мирхон менависад, ки се марди шуҷои самарқандӣ маъруф ба Сарбадорон – Мавлонозодаи Самарқандӣ, Мавлоно Хурдаки Бухорӣ ва Абубакри Калавии Наддоф мардумро ба муқовимат ва истодагӣ дар баробари муғулон фаро хонданд ва аз ҳама сокинони шаҳри Самарқанд хостанд, ки фавран дар назди масҷиди ҷомеи шаҳр ҷамъ шаванд. Ҳудуди 10 ҳазор нафар сокинони Самарқанд ва атрофии он иборат аз ашрофу авом даъвати онҳоро посух гуфтанд. Сарбадорон таҳти роҳбарии Мавлонозода корҳои муқаддамотиро барои дифои шаҳр оғоз карданд ва дар ин кор ба Мавлонозода Абубакри Калавии Наддоф, ки обрӯи зиёде дар миёни косибони шаҳр дошт, кумаки қобили таваҷҷуҳе кард. Мавлонозода феҳристе аз сокинони шаҳр, ки қодир ба ҷангидан буданд, таҳия ва онҳоро мусаллаҳ намуд. Мудофеони шаҳр дар кӯчаҳои он сангарҳо сохтанд. Ҳамалоти ба такрори сипоҳиёни муғул дар тули се рӯз натиҷа надошт. Илёсхоҷа умеди худро барои тасарруфи шаҳр аз даст дод ва аз роҳбарони Сарбадор дархости туҳфаҳо кард, аммо ин пешниҳод рад гардид. Ин замон як бемории ҳамагири ваҳшатнок тақрибан тамоми аспҳои сипоҳи муғулро нобуд кард. Илёсхоҷа саросемавор аз муҳосираи шаҳри Самарқанд даст кашида, ақибнишинӣ кард ва аз марзи Варорӯд берун рафт. Пас аз мағлубияти муғулон ҳукумати Самарқанд ба дасти Сарбадорон гузашт. Сарбадорон ба созмондеҳии умури идории ҳукумат дар Самарқанд оғоз карданд. Хабари пирӯзии Сарбадорони Самарқанд ба амир Ҳусейн ва Темур, ки ин замон яке дар Солисарой ва дигаре дар Қаршӣ буданд, расид. Темур ва Ҳусейн, ки ҷуръати набарди рӯёрӯй бо Сарбадорони Самарқандро надоштанд, тасмим гирифтанд, ки бо ҳила ва найранг шаҳрро ба даст оваранд. Онҳо ба мавзеи Кони Гил, дар наздикии Самарқанд омада, Сарбадоронро ба ҳузури худ барои меҳмонӣ даъват намуданд. Ба гуфтаи Абдураззоқи Самарқандӣ «он мискинон (Сарбадорон) тамаллуқи он таррори муғул бовар карданд». Дар натиҷа бо фармони амир Ҳусейн ва Темур роҳбарони Сарбадорони Самарқанд (ба ҷуз аз Мавлонозода) ва иддаи зиёде аз ҷонибдорони онҳо ба қатл расиданд. Бад-ин тартиб ҷунбиши озодихоҳии мардумии Самарқанд бо бетаҷрибагӣ, содалавҳӣ ва зудбоварии роҳбарони он ба шикаст гирифтор шуд ва амир Ҳусейн ва Темурланг бо ҳилаву шарорат тавонистанд самараи пирӯзии мардумро аз они худ созанд.
Ҷунбиши озодибахши Сарбадорони Самарқанд баъд аз Сарбадорони Хуросон дувумин қиёмест, ки ба пайкари давлати муғулон дар сарзаминҳои ишғолкардаи онҳо зарбаи марговар ворид карда, пирӯз шуд. Ба манзури гиромидошти хотири ин размандагони роҳи озодӣ аз руи адолам мебуд, то дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ки чун пойтахти маънавии тоҷикони дунё пазируфта шудааст, кӯчае ба номи Сарбадорони Самарқанд гузошта шавад. Бо ин амал мо руҳи муборизони роҳи озодии миллатамонро, ки дар тулии таърих ҷонфидоиҳо кардаанд, шод хоҳем кард.