RU

Интихоби нигораҳо барои намоиши сайёр дар “Қалъаи Хуҷанд”

Имрӯз бо ташаббуси Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, интихоби нигораҳо ва ашёи мардумӣ барои намоиши сайёр анҷом дода шуд.
Намоиши мазкур рӯзи 4 ноябри соли 2025 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории он  муаррифии мероси фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ ва зиндагии мардумии тоҷикон мебошад.
Ташкили чунин намоишҳо имкон фароҳам меорад, ки тамошобинон бо таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд ва дар таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳёи арзишҳои маънавӣ ва ифтихори миллӣ саҳм гузоранд.