RU
ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
18 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ семинарӣ илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Парчам-рамзи давлатдории миллӣ» доир гардид. Дар он директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А., и.в. муовини директори Институт Мирзоев Ш.Ҷ., мудирони шуъбаҳо, олимон ва дигар кормандони Институт иштирок намуданд.
Семенари илмиро директори Институт Муродзода А.А. бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, сипас аз рӯйи барномаи ҷаласа суханро ба академик Ю. Яқубов дод.
Академик Ю. Яқубов дар мавзуи «Аз таърихи парчамдории тоҷикон», мудири шуъбаи мардумшиносӣ доктори илмҳои таърих Додхудоева Л.Н. дар мавзуи «Разработка первого флага и герба независимого Таджикистана» ва ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи навтарин дар бораи парчамдории тоҷикон дар замони шуравӣ маърӯзаи илмӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ин семинар мудири шуъбаи таърихи санъат Раҷабов А. ва мудири шуъбаи таърихи навтарин Абдурашитов Ф. баромад намуда, фикру андешаҳои худро дар хусуси Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.
