RU
МЕРОСИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИК
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, дар баробари дигар масъалаҳои муҳим, ба бедор намудани ҳисси миллии мардум таваҷҷуҳи хосса зиҳир намуда, изҳор доштанд, ки “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад. Мо ба ин масъалаи муҳим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардем”.
Дар идома Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллӣ бунёд шуда истодааст, ки он низ барои дар руҳияи миллӣ тарбия ёфтани мардуми кишвар, хусусан ҷавонону наврасон ҳадяи беназир аст. Бояд гуфт, ки ба таври ройгон ба аҳолии мамлакат туҳфа гардидани “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ва нашри теъдоди зиёди адабиёти бадеӣ иқдомҳои шоистае дар самти худшиноии милланд.
Ҳамчунин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) дар соли равон, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) бо ташаббус ва пешниҳоди кишвари мо идомаи раванди муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар Паём омадааст, ки “Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён – зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст”. Пешвои миллат ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг дастур доданд, ки ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбад тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Боиси ифтихор аст, ки бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда мешавад.
Барои ҳар фарди равшандилу донандаи таърихи гузашта аён аст, ки ҳам бузургдошти Борбади Марвазӣ ва ҳам бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз мисли ҳалқаҳои як занҷиранд. Зеро Борбади Марвазӣ таронасаро, навозанда, мусиқидон, асосгузори маҷмуи силсилавии мусиқии устодонаи ориёӣ мебошад. Асари силсилавии мусиқии Борбад «Хусравонӣ» («Сруди Хусравоник» - Xusrawanik, «Хусравонӣ bor» - «Суруди Хусравонӣ»), ки дар манобеи адабию таърихӣ ва мусиқӣ бо номҳои «Дастони Хусравонӣ», «Роҳи Хусравонӣ» ва дар арабӣ бо унвони «Тариқату-л-мулукия» машҳур аст, бинобар тавзеҳу тавсифи мусиқидонон аз аввалин маҷмуи муҳташами устодонаи созию овозӣ дар таърихи тамаддуни мусиқии мардуми мо ва умуман Шарқ мебошад. Муҳаққиқон Борбадро муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 дастони «Хусравонӣ», бунёдгузори сабки «Марвисраишних» (марвихонӣ), муассису танзимгари «тақвими мусиқӣ» дар тамаддуни мусиқии мардуми Шарқи Миёнаву Наздик, тадвингари аввалин мактаб, равияи устодонаи иҷроӣ ва ғайра донистаанд. Ихтирооти мусиқии Борбад воқеан дар шаклгирии бисёр жанру анвои на фақат мусиқии мардуми эронӣ, балки дигар халқҳои Шарқ заминаи асосӣ гузоштааст. Хусусан, 30 лаҳни Борбад аз ихтирооти нодири созию овозӣ маҳсуб ёфта, минбаъд асоси шуъба, гӯша, шохаҳои созию овозии мақомҳо (12 мақом, 12 парда, «Ҳафтдастгоҳ», «Шашмақом») гардидаанд.
Ҷолиби диққат аст, ки унвони суруду лаҳнҳои Борбад аксаран бо баҳору Наврӯз иртибот доранд. Масалан, «Ороиши Хуршед», «Ойини Ҷамшед», «Боғи Ширин», «Фаррухрӯз», «Ромиши ҷон», «Сабз дар сабз», «Сарвистон», «Сарви саҳӣ», «Кини Сиёвуш», «Навбаҳорӣ» ва ғайра. Яъне, ин нишондиҳандаи он аст, ки фарҳангу тамаддуни ориёӣ, чунонки Пешвои миллат ишора карданд, сиришта аз “фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он” буда, ҳатто ба мусиқии миллии мо ҳам асар гузоштааст. Яъне, мо дар баробари омӯзиш, шинохт ва муаррифии шоистаи рӯзгору осори Борбад дар сатҳи ҷаҳон як давраи тамаддуни ориёиро муаррифӣ мекунем. Ва ҳамчунин фалсафаи Наврӯзро, ки ҷашни инсонмеҳвар ва миллии мост, амиқтар меомӯзем ва барои тарбияи насли наврас дар руҳияи инсондӯстӣ аз он баҳра мебардорем. Зеро чунонки дар Паём таъкид шуд: “Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем”.
Р. Умарзода,
ходими илмии Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ
