RU
ИНЪИКОСИ ДАСТОВАРДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, 16 декабри соли 2025)
Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин санади сиёсӣ ва барномавии давлат дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ, сиёсӣ ва байналмилалии кишвар нақши калидӣ мебозад. Паём на танҳо ҷамъбасти марҳалаи муайяни рушди давлатдорӣ мебошад, балки дурнамои стратегии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро низ муайян менамояд.
Таҷрибаи солҳои охир гувоҳӣ медиҳад, ки аз Паём то Паём дараҷаи некуаҳволии аҳолии кишвар пайваста боло рафта, имкониятҳои шуғл ва таҳсили шаҳрвандон васеъ мегарданд, фазои соҳибкорӣ таҳким меёбад ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон тақвият меёбад. Ҳар Паёми сарвари давлат ҳамчун оинаи воқеиятнамои дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳоро бо равиши шаффоф ва таҳлилӣ инъикос менамояд, ки ин раванд ба устувории сиёсати давлатӣ мусоидат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025, соли 2025-ро барои мардуми Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ арзёбӣ намуданд.
Аз ҷумла, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки бо имзои шартнома оид ба муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ ба анҷом расид. Ин масъалаи баҳснок, ки муддати беш аз як аср ҳалношуда боқӣ монда буд, бо роҳи музокироти сулҳомез ва иродаи сиёсии тарафайн ҳалли худро ёфт.
Ҳамчунин, имзои шартномаи сеҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо, барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими суботу амнияти Осиёи Марказӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ва захираҳои обӣ дар минтақа ҳамчун намунаи нави сулҳофаринӣ аз ҷониби роҳбарони давлатҳои минтақа, мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Дар Паём, инчунин, ба як қатор дастовардҳои муҳими байналмилалӣ ишора гардид, ки онҳоро метавон ҷузъи рӯйдодҳои таърихии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Аз ҷумла, дар соли 2025 мизбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои глобалии кишвар ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» амалӣ гардид.
Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул шуд. Ин иқдом аҳамияти глобалии масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба минтақаҳои кӯҳиро бозгӯ менамояд.
Ҳамзамон, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид, ки мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои муосири рушди устувор нишон медиҳад.
Дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ низ муваффақиятҳои назаррас ба даст омаданд.
Аз ҷумла, зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим, воқеъ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Илова бар ин, шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанадӯзӣ» эътироф гардида, баргузории бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026–2027 ба тасвиб расид.
Яке аз дастовардҳои муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» мебошад. Ин ташаббус бо такя ба таҷрибаи муваффақи Тоҷикистон дар эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» пешниҳод гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ аҳаммияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи адолат, идоракунии самаранок ва сулҳи пойдор таъкид намуданд.
Тавре ки муҳаққиқи соҳаи ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сангинзода Д. дар таҳлилҳои илмии худ зикр менамояд, қабули ин қатънома таҷрибаи миллии Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҷомеа дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мекунад ва аҳаммияти ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ дар рушди маърифати ҳуқуқиро тасдиқ менамояд.
Дар маҷмуъ, дастовардҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Пешвои миллат инъикос ёфтаанд, на танҳо саҳми арзишманли кишвар дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ мебошанд, балки далели равшани афзоиши нуфузи сиёсӣ ва маънавии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мегарданд.
Ин ташаббусҳо гувоҳи онанд, ки овози миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шунида мешавад ва сиёсати сулҳомезу созандаи Пешвои миллат ба таҳкими адолат, сулҳ ва рушди устувор мусоидат менамояд.
Неъматов И., номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии
Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
