RU
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ОҒОЗИ ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ А. ДОНИШ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз (07.04.2026) дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар шуъбаи этнология ва антропологияи таърихи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами илми этнология дар солҳои Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.
Дар кори семинар Муовини директори Институт, Мирзоев Ш. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро дар шароити рушди илми миллӣ таъкид кард. Сипас, кормандони илмии шуъба, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи этнология ва антропология иштирок намуда, доир ба дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар рушди илми этнология дар даврони Истиқлоли давлатӣ маърӯзаҳо ироа намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ омӯзиши равандҳои этникӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ, таҳқиқи суннатҳо ва арзишҳои миллӣ аҳамияти хоса пайдо намудааст. Ҳамзамон, масъалаҳои мутобиқшавии фарҳангӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таъсири онҳо ба ҳувияти миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни семинар инчунин пешниҳодҳои судманд ҷиҳати густариши корҳои таҳқиқотӣ, тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири пажӯҳиширо иброз доштанд.
