RU
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ОҒОЗИ ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ШУЪБАҲОИ ТАЪРИХИ ДУНЁИ ҚАДИМ АСРҲОИ МИЁНА ВА НАВ, БОСТОНШИНОСӢ ВА ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКАИ НАВИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ А. ДОНИШИ АМИТ
Имрӯз, 10 апрели соли 2026, дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар шуъбаҳои таърихи дунёи қадим асрҳои миёна ва нав, бостоншиносӣ ва таърихи илм ва техникаи нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи «Масоили бостоншиносӣ, таърихнигрӣ ва таърихи илму техника дар пажуҳишҳои ахири муаррихони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» баргузор гардид.
Семинари мазкур бо иштироки кормандони илмии институт, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи таърих доир шуда, ба баррасии масъалаҳои мубрами таърихнигории миллӣ бахшида шуд.
Дар оғози ҳамоиш мудири шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав, доктори илмҳои таърих профессор Ҳамза Камол. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳаммияти баргузории ҳамоишҳои илмиро чорабиниҳоро дар шароити рушди илми миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷавонон таъкид намуд.
Дар семинари мазкур:
Ҳамза Камол доктори илмҳои таърих, профессор мавзуъҳои “Аносири динҳои ибтидоӣ дар амокини муққадаси Тоҷикистон, ва дуюм мавзуъ доири шабакаи обёрии корезии Сосониён”.
Пирумшоев Ҳ. д.и.т., узви вобастаи АМИТ. “Даврабандии таърихии халқи тоҷик”
Яқубов Ю.Я. академик, узви пайвастаи АМИТ “Даврабандии таърихӣ – бостоншиносии халқи тоҷик”
Шарифзода А. н.и.т. мудири шуъбаи таърихи илм ва техника “Масоили мубрамми континутети таърихию фарҳангии Хуросони Бузург”
Саидов А. д.и.т., профессор, “Омӯзиши маъхазҳои хаттӣ
Бобоев Х. д.и.т., “Илми ситорашиносӣ дар замони шуравӣ”
Инчунин дар семинари илмии мазкур бостоншиносон аз пажуҳишгоҳҳои кишвари Олмон низ ширкат доштанд:
Илҳоми Қасидиён аз осорхонаи неандертали Олмон ва Сомон Гӯрон аз донишгоҳи Кёлни Олмон оид ба таҳқиқотҳои худ дар ёдгориҳои асри санги Тоҷикистон гузориш доданд.
Дар семинари мазкур иштирокдорон доир ба марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди таърихнигории тоҷик, саҳми олимони ватанӣ дар омӯзиши таърихи миллӣ, инчунин масъалаҳои методологӣ ва сарчашмашиносии соҳа маърӯзаҳо ироа намуданд. Ҳамчунин, доир ба дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар рушди таърихнигории муосир баррасӣ гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин семинарҳои илмӣ барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва пешбурди таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи таърихшиносӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.