RU
ГУРХОНАҲОИ ШОҲИИ ДАНҒАРА: АСРОРИ «ЧОРТЕППА» ДАР ҲОЛИ КАШФ
Бо ташаббуси мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар асоси иҷозатномаи расмии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10-уми апрели соли ҷорӣ дар яке аз минтақаҳои муҳими таърихии кишвар ҳавзаи Оби Тоҳир, аз ҷумла ҳудуди ноҳияи Данғара, корҳои таҳқиқотию ҷустуҷӯии бостоншиносӣ идома доранд.
Дар раванди ҳафриёт мутахассисони шуъбаи бостоншиносӣ Асомиддинзода С., Бобомулоев М., Шарипов М. ва Бурҳонов Ғ. таҳти роҳбарии Сафоев М. иштирок намуда, ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил гардиданд.
Дар қисми ғарбии деҳаи Лоларух (ҷамоати Исмат Шариф)-и ноҳияи Данғара маҷмӯаи иборат аз чор теппаи сунъӣ ҷойгир мебошад, ки дар адабиёти илмӣ бо номи «Чортеппа» маъруф аст. Ин ёдгорӣ бори аввал соли 1974 аз ҷониби бостоншинос Е. П. Денисов ба қайд гирифта шуда, тавсифи ибтидоии илмӣ гирифта буд. Бо вуҷуди ин, дар даҳсолаҳои минбаъда он аз доираи таҳқиқоти мунтазами илмӣ берун мондааст.
Дар марҳилаи нави таҳқиқот, бо дастгирии роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла президенти АМИТ, академик Хушвахтзода Қ.Х., ва директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, д.и.т., Муродзода А.А., омӯзиши ин ёдгорӣ дубора ба доираи пажӯҳишҳои муосир ворид гардид.
Таҳқиқоти ибтидоӣ дар гуртеппаи (қурғони) №1 нишон дод, ки он дар воқеъ яке аз чор иншооти арзишманди таърихӣ буда, дар қиёс бо гуртеппаҳои Иссиқ, Бешшатир (Қазоқистон) ва Саразм II аз зумраи гурхонаҳои шоҳӣ мебошад. Ин иншоот хусусияти одии сукунати маишӣ надошта, балки дорои нишонаҳои равшани маросимӣ ва дафнӣ мебошад.
Аввалан, параметрҳои меъмории теппа баландии тақрибан 9 метр ва қутри 44 метр аз бузургӣ ва хусусияти ғайримуқаррарии он шаҳодат медиҳанд. Сохтмони чунин иншоот истифодаи захираҳои зиёди меҳнатӣ ва сатҳи баланди ташкили иҷтимоиро талаб менамуд.
Дуюм, дар ҷараёни ҳафриёт дар масоҳати 4,5 × 8 метр сохтори ҳалқашакли сангӣ кромлех (сангҳои ботартиб чидашуда) ошкор гардид. Ин навъи иншооти маросимӣ дар фарҳангҳои бостонӣ маъмулан бо маросимҳои дафн ва эътиқодоти динӣ иртибот дорад. Андоза ва тарзи ҷойгиршавии кромлех ба мавҷудияти низоми мураттаби маросимӣ ишора мекунад.
Сеюм, таҳлили тарзи ҷойгиршавии сангҳо нишон медиҳад, ки бинокорони ин иншоот дорои дониш ва малакаҳои баланди меъморӣ будаанд. Ин ҳолат эҳтимолан ба давраи гузариш аз асри биринҷӣ ба асри оҳан мансуб буда, бо ташаккули сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иртибот дорад.
Аз нигоҳи навъ ва сохтор, ёдгории «Чортеппа» бо маҷмӯаҳои маъруфи бостоншиносии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Иссиқ, Бешшатир ва Саразм, қобили муқоиса мебошад. Ин монандӣ имкон медиҳад, ки «Чортеппа» ҳамчун ҷузъи анъанаи густурдаи фарҳангӣ, марбут ба элитаи ҳукмрон ё сулолаҳои шоҳӣ, баррасӣ гардад.
Ба ибораи дигар, далелҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки воҳаи Данғара дар давраҳои қадим на танҳо макони зист, балки яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ ва маросимии минтақа будааст.
Ҳамин тариқ, натиҷаҳои ибтидоии таҳқиқот собит месозанд, ки ёдгории «Чортеппа» дорои аҳаммияти баланди таърихӣ ва фарҳангӣ буда, метавонад ба гурӯҳи гурхонаҳои ашрофӣ ё шоҳӣ мансуб дониста шавад.
Интизор меравад, ки идомаи корҳои ҳафриётӣ ва таҳқиқотӣ маълумоти муфассалтарро оид ба сохтори иҷтимоӣ, эътиқодоти динӣ ва сатҳи рушди фарҳангии аҳолии қадими ин минтақа ошкор намояд.
Дар маҷмӯъ, ин дастовардҳои илмӣ метавонанд ба илми таърихи бостонии халқи тоҷик саҳми назаррас гузошта, ҳамзамон ҳамчун натиҷаи арзандаи фаъолияти муҳаққиқони ватанӣ арзёбӣ гарданд.
