RU
РАФТИ КОРҲОИ ҲАФРИЁТИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ЁДГОРИИ ТАЪРИХИИ ҚАЛЪАИ ҚАЙНАР
Тибқи нақшаи кории шуъбаи бостоншиносӣ, инчунин бо фармони директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар асоси иҷозатномаи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли ҷорӣ, корҳои ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории таърихии Қалъаи Қайнар, воқеъ дар ноҳияи Восеъ, оғоз гардиданд.
Ҳафриёти мазкур таҳти роҳбарии ходими пешбари илмии шуъбаи бостоншиносӣ, номзади илмҳои таърих Т. Г. Филимонова, бо иштироки корманди илмӣ И. Ашурмадов идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки Қалъаи Қайнар дар масофаи 500–700 метр ҷанубу шарқтар аз ҳавзаи Нозкӯл ва дар маркази маҳаллаи Қайнар ҷойгир мебошад. Ба иттилои аҳолии маҳаллӣ, ин ёдгорӣ бо номи «Қалъаи Қайнар» маъруф буда, чашмаи воқеъ дар ҷануби он «Чашмаи Саид» ном дорад. Тибқи ривоятҳои маҳаллӣ, дар солҳои 70-уми асри XX қисми болоии теппа бо истифода аз техникаи замонавӣ ҳамвор карда шуда, дар он ҷо майдони хирман ташкил гардидааст. Айни замон андозаи теппа тақрибан 67×53 метр ва баландии он зиёда аз 8 метрро ташкил медиҳад.
Аввалин тадқиқоти бостоншиносӣ дар ин ёдгорӣ соли 2007 аз ҷониби бостоншиносони маъруф академик Ю. Яъқубов ва н.и.т. Ш. Қурбонов гузаронида шудааст. Дар натиҷаи ин ҳафриёт дар қисми ҷанубу шарқии теппа гумона бо андозаи 20×2 метр ва умқи беш аз 8 метр кофта шуда буд, ки имкон дод қабатҳои мадании ёдгорӣ муайян карда шаванд.
Дар рафти корҳои бостоншиноси соли равон корҳои ҳаффори асосан дар қисми ҷанубу шарқии ёдгорӣ идома доранд. Дар ин минтақа як қитъаи ҳафриётӣ гузошта шуда, дар натиҷа як қатор қабатҳои пайдарпайи таърихӣ ошкор гардиданд. Бозёфтҳои сафолӣ, ки ба давраҳои гуногуни таърихӣ мансубанд, аз рушди тӯлонии фарҳангӣ ва иқтисодии ин мавзеъ шаҳодат медиҳанд. Дар ҷараёни ҳафриёт инчунин нишонаҳои меъморӣ, аз ҷумла оташдон, фарши сангфарш ва девори сохташуда аз похса ошкор гардиданд, ки барои омӯзиши тарзи зиндагӣ ва анъанаҳои сохтмонии сокинони қадим аҳаммияти назаррас доранд.
Таҳлили стратиграфии ёдгорӣ нишон медиҳад, ки қабати болоӣ аз чоҳҳои партови давраи муосир ва осори мансуб ба асрҳои XVII–XIX иборат буда, то умқи тақрибан 4 метр идома меёбад. Қабатҳои поёнтар ба давраи Кушониён (умқи 4,5–5,5 м) мансуб мебошанд. Дар ин сатҳ, дар умқи 5,1 метр, боқимондаҳои девори похсагӣ бо баландии 0,5 метр ошкор гардиданд, ки эҳтимолан ба девори мудофиавии қалъа, бо ғафсии тахминан 4 метр, мансуб мебошанд. Қабатҳои боз ҳам поёнтар ба давраи Юнону Бохтарӣ (умқи 6,5–8 м) тааллуқ дошта, бо маводи хоси кулолӣ ва дастсохти он давра тавсиф мешаванд.
Дар байни бозёфтҳои муҳим зарфҳои кулолии давраи Кушониён, аз ҷумла кӯзаҳо, косаҳо, хумҳо, хурмаҳо бо нақшҳои ҳилолшакл ва қадаҳҳои устувонашакл мавҷуданд. Ҳамчунин, бозёфтҳои ҷудогона, аз қабили дуки сафолӣ, дастасанг ва муҷассамаи хурди аспча ба даст омадаанд, ки дорои арзиши баланди илмӣ мебошанд.
Натиҷаҳои бадастомада имкон медиҳанд, ки сохтори стратиграфӣ, даврабандии таърихӣ ва нақши Қалъаи Қайнар дар низоми мудофиавӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақа бо дақиқият бештар муайян карда шавад. Тадқиқоти минбаъда ба таҳлили амиқи маводи бадастомада ва муқаррар намудани ҷойгоҳи ин ёдгорӣ дар таърихи бостонии минтақа равона гардидааст.
