RU
ОМӮЗИШИ МАСОИЛИ ТАЪРИХӢ ВА НАЗАРИИ САНЪАТИ ТОҶИК ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ
Таҳти ин унвон 4-уми майи соли 2026 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори шуъбаи таърихи санъати Институт роҳандозӣ шуда, дар он олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ директори Институт, доктори илмҳои таърих, дотсент Аҳмадхон Муродзода изҳор дошт, ки ба пешвози ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳайати илмии Институт тасмим гирифтааст, ки чандин конфронсу ҳамоиш ва мизи мудавварро доир ба муаррифии дастоварҳои даврони истиқлол баргузор намояд ва ҳамоиши имрӯза яке аз он чорабиниҳо мебошад.
Мудири шуъбаи таърихи санъат, доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов дар мавзуи “Омӯзиши мероси мусиқии тоҷик дар замони Истиқлол” суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки Истиқлолият шароити мусоид фароҳам овард, то мероси бузурги фарҳангӣ, бахусус мероси мусиқӣ, шоҳкори мусиқии классикии мо – “Шашмақом” ва осори намояндагони бузурги мусиқӣ ҳамаҷиҳата таҳқиқ ва нашр шавад.
Дар идомаи чорабинӣ доктори илмҳои таърих Баҳринисо Қобилова дар мавзуи “Мусиқии касбии тоҷик дар солҳои истиқлол: пешрафт ва дурнамо”, доктори илмҳои таърих Лариса Додхудоева дар мавзуи “Санъати тасвирии тоҷик дар солҳои истиқлол”, доктори илмҳои таърих Манзура Ҳасанова дар мавзуи “Силсилаи таҳқиқоти шуъбаи таърихи санъат доир ба масоили таърихи санъати тоҷик”, ҳамчунин Каримова Р. У. Раҷабова, Т. Раҷабов, А. Кулешова ва З. Сафарова доир ба масъалаҳои муҳимми паҳӯҳиш ва таҳқиқи фарҳанг ва санъати тоҷик дар замони Истиқлол суханронӣ намуданд.